Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024, № 339 "Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028"

Санаи амалкуни: 01.06.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028


Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, аз натиҷааш ҳар сол то 10 декабр ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 15 январ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 июни соли 2024, № 339

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Программе реабилитации и реинтеграции лиц с экстремистским или террористическим прошлым в Республике Таджикистан на 2024-2028 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Программу реабилитации и реинтеграции лиц с экстремистским или террористическим прошлым в Республике Таджикистан на 2024-2028 годы и План действий 2024-2026 годов Программы реабилитации и реинтеграции лиц с экстремистским или террористическим прошлым в Республике Таджикистан на 2024-2028 годы (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить исполнение настоящей Программы и её Плана действий и о результатах ежегодно до 10 декабря представлять информацию Министерству внутренних дел Республики Таджикистан.

3. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан ежегодно до 15 января представлять информацию о выполнении настоящей Программы и её Плана действий в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбеот 1 июня 2024 года №339