Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2011 № 196 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 107"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 107

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2011, № 1026 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба Низомномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 107 тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

-дар банди 2 фасли 1 ва бандҳои 7 ва 9 фасли 3 калимаҳои "Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

-дар сархати дуюми банди 7 фасли 3 калимаи "як" ба калимаи "ду" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "муовин" калимаҳои "аз ҷумла як муовини якум" илова карда шаванд;

-дар банди 12 калимаҳои "Титов, 40" ба калимаҳои "Ҷ.Расулов 9/3" иваз карда шаванд.

2) Нақшаи идоракунии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 107 тасдиқ карда шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 12 апрели соли 2011 № 196

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 апрели соли 2011, № 196

 тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт

Дасттоҳи марказӣ

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вилояти Суғд

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Ҳисор

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Ваҳдат-Рашт

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Қӯрғонтеппа

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаи Кӯлоб

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года, № 107

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 28 февраля 2011 года, №1026 "О дальнейшем совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) В Положение Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта, утвержденном постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года, № 107, внести следующие изменения, и дополнения:

- в пункте 2 главы 1 и в пунктах 7 и 9 главы 3 слова "Министерства транспорта и коммуникаций Республики Таджикистан" заменить словами "Министерства транспорта Республики Таджикистан";

- во втором абзаце пункта 7 главы 3 слово "один" заменить словом "два" и после слова "заместитель" дополнить словами "в том числе первый заместитель";

- в пункте 12 слова "Титова, 40" заменить словами "Дж.Расулова 9/3".

2) Схему управления Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года, № 107, утвердить в новой редакции (прилагается).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 12 апреля 2011 года № 196

г. Душанбе

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 12 апреля 2011 года №196

Схема управления Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта

Центральный аппарат

Управление Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта Горно - Бадахшанской автономной области

Управление Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта Согдийской области

Управление Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта города Душанбе

Управление Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта Гиссарского региона

Управление Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта Вахдат-Раштского региона

Управление Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта Курган-тюбинского региона

Управление Государственной службы по надзору и регулированию в области транспорта Кулябского региона