Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2011 № 31 "Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии "Сайёҳ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии "Сайёҳ"

Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Корхонаи воҳиди давлатии "Сайёҳ" барҳам дода шавад.

2) Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии "Сайёҳ" тадбирҳо андешанд.

3) Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 609 тасдиқ шудааст, "Корхонаи воҳиди давлатии "Сайёҳ" хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 феврали соли 2011 № 31

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О ликвидации Государственного унитарного предприятия "Сайёх"

В соответствии со статьей 62 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Ликвидировать Государственное унитарное предприятие "Сайёх".

2) Комитету по делам молодёжи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в установленном порядке принять меры по ликвидации Государственного унитарного предприятия "Сайёх".

3) Исключить из Перечня организаций системы Комитета по делам молодёжи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №609 "Государственное унитарное предприятие "Сайёх".

Председатель

Правительства Рecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 3 февраля 2011 года № 31

г. Душанбе