Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2010 № 711 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон қарор мекунад:

1) Замимаи 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, №546 "Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозатт оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда" дар таҳрири зайл ифода карда шавад.

Меъёрҳои хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Меъёрҳои хироҷ барои даромадан (баромадан) ба (аз) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, транзити воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кашонидани мусофирон ва борҳоро бо роҳҳои байналмилалӣ анҷом медиҳанд

+-----------------------------------------------------+--------------+
|        Номгӯи амалҳо                                |Меъёрҳои хироҷ
|                                                     | (бо доллари  |
|                                                     |      ШМА)    |
+-----------------------------------------------------+--------------+
|1.1.Барои даромадани (баромадани) воситаҳои нақлиёти |              |
|автомобилии хориҷӣ ба (аз) ҳудуди Ҷумҳурии           |              |
|Тоҷикистон, транзити воситаҳои нақлиёти автомобилии  |              |
|хориҷӣ (ба давлатҳои сеюм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  |              |
|ки кашондани мусофирон ва борҳоро бо роҳҳои          |              |
|байналмилалӣ анҷом медиҳанд:                         |              |
|а) воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаш, ки         |              |
|иқтидори борбардориашон:                             |              |
|- то 10 тонна                                        |     100      |
|- аз 10 то 20 тонна                                  |     150      |
|- зиёда аз 20 тонна                                  |     200      |
|                                                     |              |
|б) автобусҳо бо миқдори ҷои нишаст:                  |     45       |
|- то 12                                              |     70       |
|- аз 13 то 30                                        |     100      |
|- зиёда аз 30                                        |     25       |
|                                                     |              |
|в) автомобилҳои сабукрав                             |     10       |
|г) мотосиклҳо                                        |              |
+-----------------------------------------------------+--------------+
|1.2 Барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани      |              |
|воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ, ки боркашонии |              |
|байналмилалиро анҷом медиҳанд, барои ҳар як          |              |
|шабонарӯзи зиёда аз меъёрҳои муқарраргардида будан   |     70       |
+-----------------------------------------------------+--------------+

2. Меъёрҳои хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии калонҳаҷм ва (ё) вазнини дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазн ва андозаҳои аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд

Андозаи маблағҳо барои бори зиёдатии меҳвар, андоза ва вазни воситаҳои нақлиёт, ки аз меъёр зиёданд ва иҷозати махсус

+---+-----------------------------------------------+----------------+
| № |  Нишондиҳандаҳои техникӣ                      |Андозаи пардохт |
|п\п|                                               |барои 1 тоннаи  |
|   |                                               |иловагӣ дар 1 км|
|   |                                               |бо доллари ШМА  |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|1  |Барои андозаҳои аз меъёр зиёди воситаҳои       |                |
|   |нақлиёт                                        |      0.30      |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|2  |Барои вазни зиёдатии воситаи нақлиёт           |      0,30      |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|3  |Барои бори зиёдатии меҳвар (ос)                |                |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|3.1|меҳвари камбар (одинарная ос)                  |      0.20      |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|3.2|меҳвари ҷуфткардашуда (сдвоенная ос), аз ҷумла:|                |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|   |- масофаи байни меҳварҳо аз 0,5 то 1,0 метр    |      0,22      |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|   |- масофаи байни меҳварҳо аз 1,0 то 1,3 метр    |      0,24      |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|   |- масофаи байни меҳварҳо аз 1,3 то 1,8 метр    |      0,26      |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|   |- масофаи байни меҳварҳо зиёда аз 1,8 метр     |      0,28      |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|3.3|Меҳвари сетога (строенная ос), аз ҷумла:       |                |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|   |- масофаи байни меҳварҳо аз 0,5 то 1,0 метр    |      0.30      |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|   |- масофаи байни меҳварҳо аз 1,0 то 1,3 метр    |      0,32      |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|   |- масофаи байни меҳварҳо аз 1,3 то 1,8 метр    |      0,36      |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|   |- масофаи байни меҳварҳо зиёда аз 1,8 метр     |      0,40      |
+---+-----------------------------------------------+----------------+
|4  |Иҷозати махсус                                 |100,0 (барои як |
|   |                                               |хатти ҳаракат)  |
+---+-----------------------------------------------+----------------+

Эзоҳ:

1. Пардохт бо асъори миллӣ (сомонӣ) аз рӯи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт амалӣ мегардад.

2. Дар ҳолати вуҷуд доштани созишномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо, меъёрҳои хироҷ барои воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар асоси принсипи мутақобилан баробар ба меъёрҳое, ки дар ин кишварҳо нисбат ба воситаҳои нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд, муқаррар карда мешаванд.

3. Аз воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаши Ҷумҳурии Қирғизистон хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то (ҷорӣ намудани низоми иҷозатдиҳӣ) қабул гардидани қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида намешавад.

4. Меъёрҳои хироҷ барои воситаҳои нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии ӯзбекистон ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

- барои ҳаракати ҳар як воситаи нақлиёти автомобилии боркаш (ба истиснои бебор ҳаракаткунанда) ва автобус дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 260 доллари ШМА;

- барои транзити ҳар як воситаи нақлиёти автомобилии боркаш (ба истиснои бебор ҳаракаткунанда) ва автобус (ба давлатҳои сеюм) 180 доллари ШМА.

Хироҷ барои ҳаракат ва транзити воситаҳои нақлиёти сабукрави автомобилии Ҷумҳурии ӯзбекистои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи мутақобилан баробар ба меъёрҳое, ки дар ин давлат нисбат ба воситаҳои нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд, ситонида мешавад.

2) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №779 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 11 калимаҳои "мутобиқи замимаи 2" хориҷ карда шавад;

- замимаи 2 ба Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд" аз эътибор соқит дониста шавад.

3) Қарори мазкур аз 1 феврали соли 2011 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2010 № 711

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 42 и 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Приложение 5 постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2007 года, №546 "Об утверждении ставок сбора за осуществление юридически значимых действий и платы за выдачу разрешения на пользование природными и иными имеющимся ресурсами" изложить в следующие редакции.

Ставки сбора за проезд иностранных автотранспортных средств по территории Республики Таджикистан

1. Сбор за въезд (выезд) на территорию (с территории) Республики Таджикистан, транзит иностранных автотранспортных средств по территории Республики Таджикистан, осуществляющих перевозку пассажиров и грузов в международном сообщении:

+-----------------------------------------------------+--------------ҷ
|    Наименование действий                            | Ставки сбора |
|                                                     |(в дол.США)   |
+-----------------------------------------------------+--------------+
|1.1 За въезд (выезд) на территорию (с территории)    |              |
|Республики      Таджикистан     иностранных          |              |
|автотранспортных средств, транзит (в третьи страны)  |              |
|иностранных автотранспортных средств по              |              |
|территории      Республики      Таджикистан,         |              |
|осуществляющих перевозку пассажиров и грузов в       |              |
|международном сообщении:                             |              |
|а) грузовые автотранспортные средства                |              |
|грузоподъемностью:                                   |              |
|- до 10 тонн                                         |       100    |
|- от 10 до 20 тонн                                   |       150    |
|- свыше 20 тонн                                      |       200    |
|                                                     |              |
|б) автобусы с числом посадочных мест:                |              |
|- до 12                                              |       45     |
|- от 13 до 30                                        |       70     |
|- свыше аз 30                                        |       100    |
|                                                     |              |
|в) легковые автомобили                               |       25     |
|г) мотоциклы                                         |       10     |
+-----------------------------------------------------+--------------+
|1.2 За пребывание на территории Республики           |              |
|Таджикистан  иностранных автотранспортных            |              |
|средств, осуществляющих международные перевозки      |       70     |
|(при их транзите), за  каждые  сутки  сверх          |              |
|установленных норм пребывания                        |              |
+-----------------------------------------------------+--------------+

2. Сбор за проезд крупногабаритных и (или) тяжеловесных автотранспортных средств с нагрузками и габаритами, превышающие установленные нормы, по территории Республики Таджикистан

Размеры взимаемой платы за превышение нагрузки на ось, превышение габаритов и веса транспортных средств и специального разрешения

+----+-------------------------------------------------+-------------ҷ
|№   |                                                 |Размер платы |
|п/п |                                                 |на 1 тонна.км|
|    |      Технические показатели                     |превышающей  |
|    |                                                 |нормы в      |
|    |                                                 |долларах     |
|    |                                                 |США          |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|1   |За превышение габаритов транспортных средств     |    0,30     |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|2   |За превышение допустимого брутто веса            |    0,30     |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|3   |За превышение нагрузки на ось                    |             |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|3.1 |одинарная ось                                    |    0,20     |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|3.2 |сдвоенная ось, в том числе:                      |             |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|    |- расстояние между осями от 0,5 до 1,0 метра     |    0,22     |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|    |- расстояние между осями от 1,0 до 1,3 метра     |    0,24     |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|    |- расстояние между осями от 1,3 то 1,8 метра     |    0,26     |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|    |- расстояние между осями свыше 1,8 метра         |    0,28     |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|3.3 |строенная ось, в том числе:                      |             |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|    |- расстояние между осями от 0,5 до 1,0 метра     |    0,30     |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|    |- расстояние между осями от 1,0 до 1,3 метра     |    0,32     |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|    |- расстояние между осями от 1,3 то 1,8 метра     |    0,36     |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|    |- расстояние между осями свыше 1,8 метра         |    0,40     |
+----+-------------------------------------------------+-------------+
|4   |Специальное разрешение                           |    100,0    |
|    |                                                 | (за одной   |
|    |                                                 |    линию    |
|    |                                                 |  движение)  |
+----+-------------------------------------------------+-------------+

Примечание:

1. Оплата производится в национальной валюте (сомони) по курсу, установленному Национальным банком Таджикистана на день оплаты.

2. При наличии межгосударственных соглашений Республики Таджикистан с другими странами, ставки сборов к иностранным автотранспортным средствам, исходя из принципа взаимности, устанавливаются равные ставкам, применяемым в этих странах к автотранспортным средствам Республики Таджикистан.

3. С автотранспортных средств Республики Кыргызстан сбор за проезд иностранных автотранспортных средств по территории Республики Таджикистан до (введения разрешительной системы) принятия соответствующего решения Правительства Республики Таджикистан не взимается.

4. Ставки сбора по автотранспортным средствам Республики Узбекистан устанавливаются в следующих размерах:

- за проезд по территории Республики Таджикистан с каждого грузового автотранспортного средства (кроме порожнего) и автобуса260 долларов США;

- за транзит (в третьи страны) по территории Республики Таджикистан с каждого грузового автотранспортного средства (кроме порожнего) и автобуса - 180 долларов США.

Сбор за проезд и транзит по территории Республики Таджикистан легковых автотранспортных средств Республики Узбекистан устанавливается исходя из принципа взаимности, по ставкам равным, применяемым в этой стране к автотранспортным средствам Республики Таджикистан.

2) В постановление Правительства Республики №779 от 29 декабря 2006 года "Об утверждение Правила пропуска по автомобильным дорогам транспортных средств с нагрузками и габаритами, превышающими установленные нормы" внести следующие изменения:

- в статье 11 слова "согласно приложения 2" исключить;

- Приложение 2 к Правилам пропуска по автомобильным дорогам транспортных средств с нагрузками и габаритами, превышающими установленные нормы" признать утратившим силу.

3) Настоящее постановление вступает в силу с 1 февраля 2011 года.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                 Эмомали Рахмон

от 30 декабря 2010 года N 711

 г. Душанбе