×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 649 "Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку"

Санаи амалкуни: 01.01.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1484 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МАҲДУД НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ

(Қонуни ҶТ аз 19.03.2012 № 949)

(Қонуни ҶТ аз 19.03.2012 № 949)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро бо мақсади пешгирии бемориҳо ва ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- маҳсулоти тамоку - маҳсулотест барои кашидан, хоидан ё бӯй кардан, ки дар зарфи истеъмолӣ ва ё дар бастаҳои махсус ҷойгир карда шудааст, аз ҷумла сигаретаи бо дудполо (бо филтр), сигаретаи бе дудполо (бе филтр), папиросҳо, сигараҳо, чилимтамоку, нос;

- кашидани тамоку - нафаскашии дуди маҳсулоти сӯзандаи тамоку, хоидан ё бӯй кардани он, кашидани нос;

- никотин - моддаи заҳрноке, ки дар таркиби тамоку мебошад;

- қатрон - маҳсулоти заҳрноки сӯзандаи тамоку, ки ҳангоми сӯхтани он ҳосил шуда, боиси пайдошавии беморӣ мегардад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҳдуд намудани исгифодаи маҳсулоти тамоку

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку
...

Утратил силу в редакции Закона РТ от 2 января 2018 года, №1484

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об ограничении использования табачных изделий

(в редакции Закона РТ от 19.03.2013г.№949)

(в редакции Закона РТ от 19.03.2013г.№949)

Настоящий Закон определяет правовые основы ограничения использования табачных изделий в целях предупреждения заболеваемости и охраны здоровья населения.

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- табачные изделия - изделия для курения, жевания или нюхания, упакованные в потребительскую тару, в том числе сигареты с фильтром, сигареты без фильтра, папиросы, сигары, табак курительный, нас;

- курение табака - вдыхание дыма тлеющих табачных изделий, жевания или нюхания, курение наса;

- никотин- ядовитое вещество, содержащееся в табаке;

- смола - один из ядовитых продуктов сгорания табака, возникающий в процессе курения и способствующий возникновению заболеваний.

Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан об ограничении использования табачных изделий

Законодательство Республики Таджикистан об ограничении использования табачных изделий основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.

Статья 3. Лицензирование деятельности по производству, ввозу и вывозу, оптовой и розничной продаже табачных изделий
...