Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010 № 649 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2003 № 230"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2003 № 230

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Банди 2 Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 № 230 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Ба аттестатсияи довталабон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ бо собиқаи сесолаи кори амалии аз рӯи ихтисоси муҳосиб, тафтишотчӣ, иқтисодчӣ, мутахассиси молия, андоз ва ҳуқуқшинос, инчунин шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи махсус бо собиқаи панҷсолаи амалии корӣ аз рӯи ҳамин ихтисосҳо доранд, роҳ дода мешаванд.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 декабри соли 2010 № 649

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2006 года № 230

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Пункт 2 Правила проведения аттестации на право осуществления аудиторской деятельности, утвержденные постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2006 года № 230 "Об утверждении Правил проведения аттестации на право осуществления аудиторской деятельности" изложить в следующей редакции:

"2. К аттестации допускаются претенденты - граждане Республики Таджикистан и граждане зарубежных стран, имеющие высшее экономическое образование или юридическое образование с трехлетним стажем практической работы бухгалтера, ревизора, экономиста, финансиста, налогового работника и правоведа, а также граждане имеющие среднее специальное образование с пятилетним стажем работы по этим специальностям.".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                 Эмомали Рахмон

от 3 декабря 2010 года № 649

 г. Душанбе