ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Ба Низомномаи адои ҳизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2008 №457 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) Аз сарсатри дуюми банди 15 калимаи ", нақлиёт" хориҷ карда шавад.
2) Ба сарсатри сеюми банди 24 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: "Пас аз гузаштани ин мӯҳлат кормандони дар ихтиёри кадрҳои Агентӣ қарордошта, бо тариқи гузаштан аз аттестатсия ба вазифа таъин ё аз мақомоти Агентӣ озод карда мешаванд.".
3) Аз сарсатри сеюми банди 32 калимаҳои "ва нақлиёт" хориҷ карда шуда, калимаи "вилоятҳо," ба калимаҳои "вилоятҳо ва" иваз карда шавад.
4) Дар ҷадвали банди 53:
- дар сутуни "Вазифа"-и банди 2 пас аз калимаи "тафтишот," калимаҳои "пешгирии коррупсия," илова карда шуда, калимаҳои "ва нақлиёт" хориҷ карда шаванд;
- аз сутуни "Вазифа"-и бандҳои 3, 4, 5 ва 6 калимаҳои "дар нақлиёт" ва "нақлиёт," хориҷ карда шаванд;
- ба сутуни "Вазифа"-и банди 7 пас аз калимаи "тиббӣ" калимаҳои ", нозири Взводи посбоникунанда" илова карда шаванд;
- сутуни "Вазифа"-и банди 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Мутахассис - ронандаи Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
27 сентябри соли 2010 № 933
ш. Душанбе
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в Положение о прохождении служб в правоохранительных структурах Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:
В Положение о прохождении службы в правоохранительных структурах Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, утвержденным Указом Президента Республики Таджикистан от 13 мая 2008 года №457 внести следующие изменения и дополнения:
1) Из абзацного отступа второго пункта 15 слово ", транспорта" исключить.
2) Абзацный отступ второй пункта 24 дополнить вторым предложением следующего содержания: "По окончанию Этого срока сотрудники, находящиеся в распоряжении кадров Агентства после прохождения аттестации назначаются на должность или увольняются из органов Агентства.".
3) Из абзацного отступа третьего пункта 32 слова "и на транспорте" исключить, слово "областей," заменить словами "областей и".
4) В таблице пункта. 53:
- в столбце "Должность" пункта 2 после слова "следствия," дополнить словами "профилактики коррупции,", слова "и транспорта" исключить;
- из столбца "Должность" пунктов 3, 4, 5 и 6 слово "транспорта," исключить;
- в столбце "Должность" пункта 7 после слова "отдела" дополнить словами ", инспекторам комендантского взвода";
- столбец "Должность" пункта 8 изложить в следующей редакции:
"Специалист - водитель Центрального аппарата и управлений Агентства по Горно-Бадахшанской автономной области, областей и города Душанбе".
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
27 сентября 2010 года № 933