Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 № 301 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 226"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 226

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади тақвият бахшидани муносибатҳои соҳаи идораи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 №226 "Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2 калимаҳои "Нақшаи идоракунии" ва "замимаҳои 1,2 ва 3" мутобиқан ба калимаҳои "Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои тобеи" ва "замимаҳои 1,2, 3 ва 4" иваз карда шаванд;

- дар банди 3 рақами "24" бо рақами "39" иваз карда шавад;

- ба банди 4 ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ихтисори воҳидҳои кории Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 10 воҳиди корӣ зиёд карда, панҷ воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шавад";

- дар банди 5 калимаҳои "1 муовини Раис" бо калимаҳои "ду муовини Раис, аз ҷумла муовини якум" ва рақами "5" бо рақами "7" иваз карда шаванд;

- дар банди 6 рақами "2" бо рақами "4" иваз карда шавад;

- банди 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"7) Дар заминаи воҳидҳои кории танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва оид ба дини сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе "Шӯъба оид ба корҳои дин", дар шаҳру ноҳияҳо "Бахш оид ба корҳои дин" дар назди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шаванд";

- дар банди 11 баъди калимаҳои "Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ",Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

2) Ба Низомномаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 №226 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар матн калимаҳои "танзими анъана ва маросимҳои динӣ" ба калимаҳои "танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" иваз карда шаванд;

- дар банди 1 калимаҳои "мақомоти иттилоотӣ" бо калимаҳои "мақомоти назоратӣ, иттилоотӣ" иваз карда шаванд;

- дар банди 3 калимаҳои "тавассути сармутахассисон" бо калимаҳои "тавассути шӯъбаҳо, бахшҳо ва сармутахассисон" иваз карда шаванд;

- дар банди 5 баъд аз сархати ҳаждаҳум сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- назорат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мувофиқаи сафарҳои хизматии омӯзгорону кормандони Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит";

- дар доираи салоҳияти худ маводро доир ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, баррасӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд";

- дар банди 9 калимаҳои "як муовин" ва "мешавад" мувофиқан бо калимаҳои "ду муовин, аз ҷумла муовини якум" ва "мешаванд" иваз карда шаванд;

- дар банди 10 калимаи "муовини" бо калимаи "муовинони" иваз карда шавад;

- дар банди 11 калимаҳои "раёсат" ва "самти" мувофиқан бо калимаи "раёсатҳо" ва "самтҳои" иваз карда шаванд;

- дар банди 12:

- дар сархати чорум калимаҳои "вазифаҳои муовинро" ба калимаҳои "вазифаҳои муовини якум ва муовинро" иваз карда шаванд;

- дар сархати шашум баъд аз калимаҳои "озод мекунад;" калимаҳои зерин илова шаванд: "дар ҳолати вайрон намудани талаботи қонунҳо ва ба тариқи зарурӣ иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ дар бораи аз вазифа озод намудани мудирони шӯъба, бахш ва сармутахассисон оид ба корҳои дин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод ирсол менамояд."

- баъд аз сархати шашум сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани мудирони шӯъбаю бахшҳо оид ба корҳои дин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ розигии хаттӣ медиҳад. Сармутахассисон оид ба корҳои дини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби раисони ҷамоатҳо тибқи розигии хаттии мудирони шӯъба ва бахшҳо оид ба корҳои дин ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.";

- дар банди 13 рақами "5" бо рақами "7" ва калимаи "муовин" бо калимаи "муовинон" иваз карда шаванд.

 3) Сохтори Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки  бо   қарори   Ҳукумати   Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 майи соли 2010 № 226 "Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст,  дар  таҳрири нав ифода карда шавад (замимаи 1).

5) Нақшаи идоракунии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 226 "Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст дар таҳрири нав ифода карда шавад (замимаи 2).

5) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 226 "Дар бораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" замимаи 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад (замима мегардад).

6) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 маблағгузории хароҷотро барои нигохдории воҳидҳои кории иловагӣ таъмин карда, дар солҳои минбаъда ҳангоми таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 майи соли 2010 № 301

ш. Душанбе

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" майи соли 2010 № 301

Сохтори Дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Раёсати иттиҳодияҳои динӣ

Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Раёсати таҳлил ва ташхиси динштносӣ

Шӯъбаи таҳсилоти динӣ ва назорати таблиғоти динӣ

Шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ

Бахши молия ва хоҷагӣ

Бахши таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо

Бахши умумӣ ва корҳои махсус

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" майи соли 2010 № 301

Нақшаи идоракунии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Шӯъба оид ба корҳои дин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Шӯъба оид ба корҳои дин дар вилояти Хатлон

Шӯъба оид ба корҳои дин дар вилояти Суғд

Шӯъба оид ба корҳои дин дар шаҳри Душанбе

Бахш оид ба корҳри дин дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Замимаи 4

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" майи соли 2010 № 301

Номгӯи ташкилотҳои тобеи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит".

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года № 226

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и с целью укрепления отношений в сфере управления религии и упорядочения традиций, торжеств и обрядов Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Внести следующие изменения и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года№ 226 "О Комитете по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан":

- в пункте 2 слова "Схема управления" и "приложения 1, 2 и 3" заменить соответственно словами "Схема управления и Перечень подведомственных организаций" и "приложения 1,2, 3 и 4";

- в пункте 3 цифру "24" заменить цифрой "39";

- пункт 4 дополнить новым предложением следующего содержания:

"Окончательную численность работников Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан увеличить за счёт сокращения штатных единиц Управления по упорядочению традиций, торжеств и обрядов Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан в количестве 10 штатных единиц и выделить пять рабочих единиц за счет республиканского бюджета";

- в пункте 5 слова "1 заместителя Председателя" заменить словами "двух заместителей Председателя, в том числе первого заместителя" и цифру "5" заменить цифрой "7";

- в пункте 6 цифру "2" заменить цифрой "4";

- пункт 7 изложить в следующей редакции:

"7) Образовать при исполнительном органе государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей и города Душанбе "Отдел по делам религии", в городах и районах "Сектор по делам религии" на основе штатного расписания упорядочения традиций, торжеств и обрядов и по делам религий структуры местных органов исполнительной власти.

- в пункте 11 после слов "Министерству культуры Республики Таджикистан" дополнить слова "Министерству образования Республики Таджикистан";

2) Внести следующие изменения и дополнения в Положение Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года№ 226 "

- в тексте слова "упорядочение религиозных традиций и обрядов" заменить словами "упорядочение традиций, торжеств и обрядов";

- в пункте 1 слово "информационного" заменить словами "контрольного, информационного";

- в пункте 3 слова "через главные специалисты" заменить словами "через отделы, секторы и главных специалистов";

- в пункте 5 после восемнадцатого абзаца дополнительно включить новые абзацы следующего содержания:

" - контроль по упорядочению традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан;

- согласование служебных командировок преподавателей и работников Государственного образовательного учреждения "Исламский институт Таджикистана имени Имоми Аъзам-Абуханифа Нуъмон ибни Собит";

- в пределах своей компетенции подготавливает, рассматривает и в необходимых случаях представляет в соответствующие органы материалы по административным правонарушениям в соответствии с порядком, установленным Кодексом по административным правонарушениям Республики Таджикистан;";

- в пункте 9 слова "одного заместителя", "назначаемый" и "освобождаемый" заменить соответственно словами "двух заместителей, в том числе первого", "назначаемые" и "освобождаемые";

- в пункте 10 слово "Заместитель" заменить словами "Первый заместитель";

- в пункте 11 слова "управления" и "основному направлению" заменить соответственно словами "управлений" и "основным направлениям";

- в пункте 12:

- в четвертом абзаце слова "обязанности заместителя" заменить словами "обязанности первого заместителя и заместителя";

- в шестом абзаце после слова "освобождает" дополнительно включить следующие слова: "в случае нарушения заведующими отделами, секторами и главными специалистами по делам религии требований законов и невыполнения ими в установленном порядке своих служебных обязанностей представляет предложения местным исполнительным органам государственной власти об их освобождении от должности";

- после шестого абзаца дополнить новый абзац следующего содержания:

"выдает письменное согласие местным исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов для назначения на должность и освобождения от должности заведующими отделами и секторами по делам религии. Главные специалисты по делам религии поселковых и сельских органов самоуправления назначаются на должность и освобождаются от должности местными исполнительными органами государственной власти в соответствии с письменным согласием заведующих отделов и секторов по делам религии";

- в пункте 13 цифру "5" и слово "заместитель" заменить соответственно цифрой "7" и словом "заместители".

3) Структуру Центрального аппарата Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан, утверждённую постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года № 226 "

"О Комитете по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан" изложить в новой редакции (приложение 1).

4) Схему управления Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан, утверждённую постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года №226 "О Комитете по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан" изложить в новой редакции (приложение 2).

5) В постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 мая 2010 года № 226 "

 "О Комитете по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан" дополнить Приложение 4 следующего содержания (прилагается).

6) Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить финансирование содержания дополнительных штатных единиц в 2010 году и предусмотреть необходимые средства на последующие годы при разработке проекта Государственного бюджета.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Эмомали Рахмон

от 29 мая 2010 года № 301

г. Душанбе

Приложение 1

к постановлению Правительства

 Республики Таджикистан

 от "29" мая 2010г. №301

Структура Центрального аппарата Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан

Руководство

Управление религиозных объединений Управление по упорядочению традиций, торжеств и обрядов Управление анализа и религиоведческой экспертизы Отдел религиозного образования и контроля религиозной пропаганды

Отдел международных связей и организации хаджа Финансовый и хозяйственный сектор

Сектор юридического обеспечения и кадров

Сектор по общей и специальной работе

Приложение 2

 к постановлению Правительства

 Республики Таджикистан

от "29" мая 2010г. №301

Схема управления Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан

Центральный аппарат

Отдел по делам религии в Горно-Бадахшанской автономной области

Отдел по делам религии в Хатлонской области

Отдел по делам религии в Согдийской области

Отдел по делам религии в городе Душанбе

Сектор по делам религии в городах и районах республики

Приложение 4

 к постановлению Правительства

 Республики Таджикистан

от "29" мая 2010г. № 301

Перечень подведомственных организаций Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан

Государственное образовательное учреждение "Исламский институт Таджикистана имени Имоми Аъзам-Абуханифа Нуъмон ибни Собит".