Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2024, № 295 "Дар бораи Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029

 

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва Нақшаи амали солҳои 2025-2027 Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола маълумот пешниҳод намоянд.

3. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, аз натиҷаи иҷрои онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то 10 феврал маълумот пешниҳод намояд;

- якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати тағйирёбии вазъи бозорҳои ҷаҳон, инчунин таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти миллӣ, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нишондиҳандаҳои асосии Барномаи мазкур пешниҳод манзур намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 16 майи соли 2024, № 295

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Программе электронной торговли в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы

В соответствии со статьей 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Программу электронной торговли в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы и План действий 2025-2027 годов Программы электронной торговли в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять конкретные меры по реализации настоящей Программы и её Плана действий и по результатам каждое полугодие предоставлять информацию Агентству инноваций и цифровых технологий при Президенте Республике Таджикистан.

3. Агентству инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан:

- в качестве координирующего органа обеспечить выполнение настоящей Программы и её Плана действий и по результатам их выполнения ежегодно до 10 февраля предоставлять информацию в Правительство Республики Таджикистан;

- в случае изменения конъюнктуры мировых рынков, а также влияния отрицательных внешних факторов на национальную экономику, совместно с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан представить предложения по внесению изменений и дополнений в основные показатели настоящей Программы.

Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 16 мая 2024 года, №295