Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2024, № 829 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2008, № 542"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2008, № 542

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2008, № 542 "Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ" иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) ба банди 1 сархатҳои чорум, ҳафтум, ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;".

2) ба банди 5 замимаи фармон сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- таҳияи Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи амали он барои ҳар сесола, пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати гузаронидани мониторинг оид ба амалисозии чорабиниҳои Барномаи мазкур;".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 майи соли 2024, № 829