Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ аз 16 сентябри соли 2008, № 542

Санаи амалкуни: 13.05.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 сентябри соли 2008 № 542

тасдиқ шудааст

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 сентябри соли 2008 № 542

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ

(Фармони Президенти ҶТ аз 15.05.2020 № 1535, аз 13.05.2024 № 829)

(Фармони Президенти ҶТ аз 15.05.2020 № 1535, аз 13.05.2024 № 829)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ (минбаъд - Шӯро) мақомоти маслиҳатӣ-машваратӣ буда, ба таҳияи Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ ва барномаи амали миёнамуҳлат, татбиқи ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ дар доираи Стратегияи тасдиқшудаи идоракунии молияи давлатӣ масъул мебошад (Фармони Президенти ҶТ аз 15.05.2020 № 1535).

2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатӣ" ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

II. Мақсад ва вазифаи Шӯро

3. Мақсади Шӯро аз мусоидат намудан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ислоҳоти системаи идоракунии молияи давлатӣ барои баланд бардоштани самаранокии молияи давлатӣ ва суръат бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат иборат мебошад.

4. Барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар назди Шӯро вазифаҳои зерин гузошта мешаванд:

- таъмини саривақтии таҳия ва мусоидат ба қабули Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ ва барномаи амали миёнамуҳлат барои татбиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 15.05.2020 № 1535);

...

Утверждено

 Указом Президента

 Республики Таджикистан

от 16 сентября 2008 года № 542

Утверждено

 Указом Президента

 Республики Таджикистан

от 16 сентября 2008 года № 542

Положение Координационного совета по вопросам управления государственными финансами

(в редакции Указа Президента РТ от 15.05.2020 №1535, от 13.05.2024 №829)

(в редакции Указа Президента РТ от 15.05.2020 №1535, от 13.05.2024 №829)

I. Общие положения

1. Координационный совет по вопросам управления государственными финансами (далее - Совет) является консультативно-совещательным органом, ответственным за разработку Стратегии управления государственными финансами (далее УГФ), среднесрочной программы действий и за проведение реформы управления государственными финансами в рамках одобренной Стратегии управления государственными финансами (в редакции Указа Президента РТ от 15.05.2020 №1535).

2. Совет в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О государственных финансах Республики Таджикистан" и другими законами Республики Таджикистан, постановлениями Маджлиси намояндагон и Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международными нормативными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, и настоящим Положением.

II. Цели и задачи Совета

3. Цель Совета заключается в оказании содействия Правительству Республики Таджикистан в реформировании системы управления государственными финансами для повышения эффективности государственных финансов и ускорения социально-экономического развития страны.

4. Для достижения поставленной цели перед Советом стоят следующие задачи:

- обеспечить своевременную разработку и содействовать принятию Стратегии управления государственными финансами и среднесрочной программы действий для реализации Стратегии управления государственными финансами (в редакции Указа Президента РТ от 15.05.2020 №1535);

...