Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2020, № 1535 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2008, № 542"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2008, № 542

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Банди 1 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2008, № 542 "Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлать" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ дар ҳайати зерин таъсис дода шавад:

вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Шӯро;

вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Шӯро.

Аъзои Шӯро:

вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ;

директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Бонки миллии Тоҷикистон (дар мувофиқа);

муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

котиби масъули Шӯро (роҳбари котиботи Шӯро), ки аз ҷониби раиси Шӯро таъин карда мешавад.".

2. Ба Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2008, № 542 "Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлать" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

1) дар банди 1 калимаҳои "Нақшаи чорабиниҳо" ба калимаҳои "барномаи амали миёнамуҳлат" иваз карда шаванд;

2) дар банди 4:

- дар сархати якум калимаҳои "Нақшаи муфассали чорабиниҳо" ба калимаҳои "барномаи амали миёнамуҳлат" иваз карда шаванд;

- дар сархати дуюм калимаҳои "Нақшаи чорабиниҳои" ба калимаҳои "барномаи амали миёнамуҳлати" иваз карда шаванд;

3) дар банди 5:

- дар сархати дуюм калимаҳои "Нақшаи муфассали чорабиниҳо" ба калимаҳои "барномаи амали миёнамуҳлат" иваз карда шаванд;

- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- таҳияи барномаҳои амали миёнамуҳлат барои амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои ҳар сесола, пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати иҷрои барномаҳои мазкур;";

4) дар сархати чоруми банди 7 калимаҳои "Нақшаи чорабиниҳо" ба калимаҳои "барномаи амали миёнамуҳлат" иваз карда шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 15 майи соли 2020, № 1535