Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, № 176 "Дар бораи Тартиби ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), инчунин ворид намудани чунин нишондод ё унсурҳои рамзҳои давлатӣ дар унсурҳои ҳуҷҷатҳо ё маводди рекламавии шахси ҳуқуқӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), инчунин ворид намудани чунин нишондод ё унсурҳои рамзҳои давлатӣ дар унсурҳои ҳуҷҷатҳо ё маводди рекламавии шахси ҳуқуқӣ

 

Мутобиқи моддаи 55 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), инчунин ворид намудани чунин нишондод ё унсурҳои рамзҳои давлатӣ дар унсурҳои ҳуҷҷатҳо ё маводди рекламавии шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳои дахлдор иҷрои Тартиби мазкурро таъмин намоянд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 1996, № 323 "Дар бораи ҷамъоварии боҷ барои истифодаи номҳои "Тоҷикистон", "Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ибораҳои аз онҳо таркибёфта дар номи корхонаю ташкилотҳо ва маҳсулоте, ки онҳо истеҳсол мекунанд" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 марти соли 2024, № 176

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Порядке включения в наименование юридического лица указаний на официальное полное или сокращенное название (название государства), а также включения такого назначения либо элементов государственной символики в реквизиты документов или рекламные материалы юридического лица

В соответствии со статьей 55 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Порядок включения в наименование юридического лица указаний на официальное полное или сокращенное название (название государства), а также включения такого назначения либо элементов государственной символики в реквизиты документов или рекламные материалы юридического лица (прилагается).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам обеспечить исполнение настоящего Порядка.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 18 июля 1996 года, №323 "О сборах за использование в наименованиях предприятий, организаций и выпускаемой ими продукции слов "Таджикистан", "Республика Таджикистан" и образованных на их основе словосочетаний".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон

г.Душанбе

от 28 марта 2024 года №176