ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи маориф пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, инчунин маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намоянд.
3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, аз натиҷаи иҷрои онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то 10 феврал маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 20 марти соли 2024, № 154