Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 марти соли 2024, № 154
Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 (минбаъд-Барнома) бо мақсади ноил шудан ба сифати нави таълим тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ, тағйир додани шакл ва усулҳои таълим, таъмини сифат ва сайёр будани хизматрасониҳои таълимӣ ва баланд бардоштани эътирофи низоми миллии маориф таҳия шудааст.
2. Барнома афзалият ва самтҳои асосии ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
3. Барнома барои таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, беҳтар ба роҳ мондани омӯзиш ва аз худ намудани фанҳои таълимӣ, бахусус, фанҳои дақиқ, тавсеаи тафаккури техникию табиии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОМПЮТЕР ВА ТАҶҲИЗОТИ ДИГАРИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИОНӢ
4. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва рушди бесобиқаи илму техника ва технологияи муосир, бо дарназардошти ҷоринамоии "Ҳукумати электронӣ" дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа раванди таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо технология ва техникаи муосири таълимӣ масъалаи калидӣ ба ҳисоб меравад.
5. Амалисозии ҳамаҷонибаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои рушди устувори ҷомеа яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми иқтидори зеҳнӣ ва илмии кишвар дар шароити ташаккули иқтисодиёти ба донишҳо асосёфта мебошад. Асри XXI асри пешрафти босуръати илму техника ва технология, зуҳури самтҳои нави илм ва дар маҷмуъ, таҳаввулоти ҷиддии илмиву техникӣ буда, ҳадафи асосии он - гузариши илму маориф, фарҳанг ва иқтисодиёт ба роҳи навоварона (инноватсионӣ)-и тараққиёт аст. Имрӯз инкишофу истифодаи технологияҳои навини иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар зинаҳои гуногуни муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва равандҳои мунтазами инноватсионӣ дар истеҳсолот раванди умумиҷаҳонӣ гардидааст. Ин ба даврае рост меояд, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва пешрафти бесобиқа ва татбиқи илму технологияҳои нав дунёро фаро гирифта, мафҳуми илму дониш ҳамчун асоси тасмимгириҳои воқеъбинона барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа аҳаммияти беш аз пеш пайдо мекунад.
6. Дар замони муосир татбиқи самарабахшонаи дастовардҳои илмиву техникӣ ва технологияи муосир ба яке аз омилҳои муҳимми тавсеаи рақобатпазирӣ ва баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳон табдил ёфтааст.
7. Ташаккули шахсияти дорои зеҳнияти баланду эҷодӣ, навовару ихтироъкор ва баланд бардоштани тафаккури рақобатпазир аз овони кӯдакӣ ва наврасӣ, яъне аз муассисаи томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна оғоз ёфта, минбаъд рушд меёбад.
8. Истифода ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф масъалаи муҳиммест, ки ба ташаккули насли нави шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои донишу малакаҳои муосир мебошанд, таъсири бевосита мерасонад.
9. Солҳои охир дар Тоҷикистон рушди инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф ва ба сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ расонидани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ яке аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад. Дар ин давра барномаҳои давлатӣ ва чорабиниҳои гуногун дар самти татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф таҳия ва амалӣ карда шудаанд, ки яке аз марҳилаҳои муҳимми ислоҳот ба ҳисоб рафта, ба ташаккули инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нигаронида шудааст.
10. Дар самти таҳкими заминаи моддию техникӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 3760 синфхонаи технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 245 адад, вилояти Хатлон 1215 адад, вилояти Суғд 1139 адад, шаҳри Душанбе 319 адад ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 842 адад ташкил ва мавҷуд мебошад. Ҳамзамон, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 82355 адад компютер, 12677 адад принтер, 4442 адад тахтаи электронӣ, 5504 адад проектор мавҷуд буда, 2 фоиз дар ҳолати корношоям қарор доранд ва 6 фоиз таъмирталаб мебошанд.
11. Барои таҳияи маводи таълимии электронӣ то имрӯз 167 адад китоби дарсӣ ва бадеӣ ба шакли электронӣ гардонида шуда, зиёда аз 3000 дарси видеоӣ аз таҷрибаи пешқадами омӯзгорон омода ва ба навор гирифта шудааст. Ҳамчунин 760 кори лабораторӣ аз фанҳои гуногуни таълимӣ ба забони давлатӣ мутобиқ баргардонида, дар шакли рақамӣ дастраси муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гардонида шудааст.
12. Дар давраи таътили зимистона, баҳорӣ, тобистона ва тирамоҳӣ дар самти баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон оид ба истифодабарии таҷҳизоти техникӣ дар ҷараёни таълим тавассути ташкили курсҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон, кормандони раёсату шуъбаҳои маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои омӯзиши истифодабарии технологияи муосир (тахтаҳои электронӣ ва видеопроектор) дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуд, ки дар ин давра 48896 омӯзгор ба курсҳои мазкур фаро гирифта шудааст.
13. Дар самти ташкили муҳити ягонаи иттилоотии соҳаи маориф бо мақсади бунёди низоми ягонаи иттилоотии соҳаи маориф сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишонаи www.maorif.tj созмон дода шудааст, ки ин баёнкунандаи рушди маориф буда, муносибатҳои бисёрҷонибаи мақомоти давлатиро бо субъектҳои дигари ҷомеа дар бар мегирад. Ғайр аз ин, бо ҳадафи амалӣ намудани тадбирҳо вобаста ба ҷорӣ намудани барномаи "Ҳукумати электронӣ" дар фаъолияти муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ порталҳои www.marifat.tj, www.tomaktabi.tj, www.maktabmobile.tj ва www.omuzgormobile.tj созмон дода шудаанд.
14. То имрӯз дар кишвар ҷиҳати ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба низоми маориф ва навсозии раванди таълим як қатор корҳо амалӣ карда шудаанд. Барномаҳои таълимӣ вобаста ба омӯзиши технологияи иттилоотӣ барои тамоми зинаҳои таҳсил таҳия ва тасдиқ гардида, таҷрибаҳои аввалин оид ба омӯзиши фосилавӣ оғоз гардиданд.
15. Дар айни замон бо мақсади ташкили портали таълимӣ захираҳои иттилоотии таълимӣ ташаккул ёфта, сомонаҳои баъзе муассисаҳои таълимӣ таъсис ва фаъол карда шудаанд. Корҳо оид ба ташкили системаҳои идоракунии иттилоотии таълим, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тайёр кардани кадрҳои педагогӣ ва техникӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда шудааст.
16. Сатҳи имрӯзаи татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар омӯзиши тамоми фанҳои таълимӣ ва умуман низоми маорифи кишвар аз нигоҳи имкониятҳои мавҷудаи иқтисодиёти босуръат рушдёбанда, инчунин аз нуқтаи назари ҳамгироии соҳаи маориф ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ қонеъкунанда нест.
17. Татбиқи васеи технологияҳои муосири таълимӣ, пеш аз ҳама, беҳтар намудани таъминоти компютерии муассисаҳои таълимӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро ҳангоми омӯзиши тамоми фанҳои таълимӣ дар назар дорад. Беҳтар намудани таносуби воқеии хонанда ба компютер дар ҷараёни таълим, бахусус, дар минтақаҳо ва деҳот яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳа маҳсуб меёбад.
18. Имрӯз дар баробари зарурати тавсеаи дастрасӣ ба компютерҳо дар тамоми сатҳҳои низоми маорифи ҷумҳурӣ, аҳаммияти истифодаи самараноки воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла такмили низоми назорати техникӣ ва таъминоти техникӣ ба таври равшан эҳсос мешавад. Махсусан, дар миқёси ноҳияҳо мавҷуд набудани низоми муассири назорати техникӣ ва таъмири техникаи компютерӣ омили асосии корношоям гардидани таҷҳизоти техникӣ гардидааст.
19. Барои истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим дар ҷумҳурӣ маҳдуд будани дастрасӣ ба дастгоҳҳои мобилӣ, суст будани инфрасохтори шабакаи рақамӣ, пайвасти нокифояи муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет ва набудани Интернети баландсуръат мушкилоти асосӣ боқӣ мемонад.
20. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ пайвастшавӣ ба Интернет қисман таъмин мебошад. Ҳудуди 16 дарсади муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд.
21. Сомонаҳои аксарияти муассисаҳои таълимӣ таъсис наёфтаанд, шабакаҳои рақамии дохилимуассисавӣ ташаккул наёфта, инчунин портали ягонаи таълимии ватанӣ рушд накардааст.
22. Дар баробари ин, таҳияву паҳн кардани истифодабарии маводи таълимии электронӣ дар ҷараёни таълим то ҳол вусъат наёфтааст. Вақтҳои охир дар ин самт як қатор тадбирҳо амалӣ гардида, ҷиҳати ташаккули низомҳои электронии таълим корҳои муайян иҷро шуданд. Аммо тақозои асосии рӯз такмили заминаи илмию методии истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, таъсиси фазои ягонаи электронии таълимӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.
23. Яке аз масъалаҳои мубрами марбут ба ислоҳоти низоми маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини низоми маорифи кишвар бо кадрҳои педагогӣ ва маъмурии дорои донишу малакаи баланди техонологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар сатҳи стандартҳои муосир мебошад.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
24. Мақсади асосии Барнома ин ноил шудан ба сифати нави таълим бо роҳи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, тағйир додани шакл ва усулҳои таълим, таъмини сифат ва сайёр будани хизматрасониҳои таълимӣ ва баланд бардоштани эътирофи низоми миллии маориф мебошад.
25. Барои ноил шудан ба ин мақсад иҷрои вазифаҳои зерин заруранд:
- таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои гирифтани таҳсилоти босифат тавассути ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи онҳо дар омӯзиши ҳар як фан;
- ба роҳ мондани истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот;
- таъмини рушди фарҳанги иттилоотии ҷомеа ва ба ин васила таҳким бахшидани мавқеи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ;
- баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги техникии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки дорои донишҳои мукаммали техникӣ ва арзишҳои миллию башарӣ ҳастанд;
- таъмини рушди сифатан нави заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ тавассути мунтазам таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияи ҳозиразамон;
- баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон оид ба истифодабарии таҷҳизоти техникӣ дар ҷараёни таълими ҳар як фан ба воситаи ташкили курсҳои омӯзишӣ;
- таҳия ва ба ҷараёни таҳсилот васеъ ворид намудани воситаҳои таълимии электронӣ ва ҳамоҳанг намудани онҳо бо воситаҳои таълимии анъанавӣ, ҳамчунин таҳияи технологияи коркарди онҳо;
- тавсеаи таъминоти иттилоотии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва истифодаи самараноки шабакаи Интернет дар раванди таълиму тарбия;
- гузариш ба низоми иттилоотии идоракунӣ дар соҳаи маориф, ҷорӣ намудани принсипҳои "Ҳукумати электронӣ" дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- таъсиси фазои ягонаи иттилоотии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ.
4. САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛӢ НАМУДАНИ БАРНОМА
26. Бо мақсади таъмини амалишавии мақсад ва вазифаҳои дар Барнома пешбинишуда самтҳои афзалиятноки зерин муайян карда мешавад:
- такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба рақамикунонии соҳаи маориф;
- рушди инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф;
- баланд бардоштани иқтидори кадрӣ барои истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар фаъолияти касбӣ;
- таҳияи маводи методӣ оид ба истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим ва маводи рақамии таълимӣ;
- рақамикунонии раванди идоракунии соҳаи маориф;
- истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим.
27. Дар самти такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба рақамикунонии соҳаи маориф амалӣ намудани корҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошад:
- гузаронидани мониторинги санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба дастрасӣ, истифода ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар низоми маориф;
- таҳия ва амалисозии меъёру стандартҳои зарурӣ оид ба рақамикунонии таҳсилот ва идоракунии соҳаи маориф;
- таҳия ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф дар робита бо ҳадафу вазифаҳои Барнома;
- таҳияи истилоҳоти ягонаи таҳсилоти рақамӣ бо забони давлатӣ;
- таҳияи талаботи ягона оид ба коркарди маводи таълимии электронӣ, захираҳои кушоди таълимӣ ва барномаҳои заминавии таълимӣ;
- таҳияи стандартҳо ва параметрҳои дастгоҳҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ки дар оянда харидорӣ карда мешаванд;
- таҳияи доираи салоҳиятнокии истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ.
28. Барои рушди инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф амалӣ намудани чораҳои зерин зарур аст:
- такмили заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани таъминоти компютерӣ ва техникаи зарурии рақамии дигар;
- такмили низоми назорати техникӣ ва таъмини воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ;
- ташкили инфрасохтори шабакавии идоравӣ (корпоративӣ) ва дохилии муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои идоракунии низоми маориф;
- таҳкими заминаҳои моддӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва таъмини онҳо бо технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
- рушди хизматрасониҳои шабакавӣ ва таъмини дастрасӣ ба шабакаи ягонаи таълимии миллӣ;
- ташкил ва баргузории машваратдиҳиҳо бо операторҳои мобилӣ ва интернет-провайдерҳо оид ба таъмини дастрасии бемаҳдуди ройгон ба видео-дарсҳо барои хонандагон ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин дастрасӣ ба барномаҳои заминавии дорои маводи таълимӣ;
- омӯзиши масъалаҳои маблағгузории истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (буҷети нигоҳдорӣ, таъмири сервер ва компютерҳо, маблағгузорӣ барои такмили тахассуси омӯзгорон дар самти салоҳиятнокии рақамикунонӣ) дар раванди таълиму тарбия дар сатҳи маҳаллӣ ва муассисаҳои таълимӣ.
29. Ҷиҳати таҳкимбахшии иқтидори кадрӣ вобаста ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар фаъолияти касбӣ амалӣ намудани чораҳои зерин зарур аст:
- амалисозии чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани маърифати рақамии кормандони соҳаи маориф;
- истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар низоми такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф;
- бо дарназардошти зарурати истифодаи технологияҳои муосир, такмил додани барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки дар онҳо кадрҳои омӯзгорӣ тайёр карда мешаванд;
- ташкили низоми арзёбӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти самараноки омӯзгорони эҷодкор ва навовар;
- таҳияи барномаи заминавии рақамикунонӣ оид ба такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф.
30. Барои таҳияи маводи методӣ оид ба истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим ва маводи рақамии таълимӣ амалӣ намудани корҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошад:
- таҳия ва паҳн намудани захираҳои илмию методии рақамӣ аз рӯйи ҳамаи фанҳо;
- таъсиси заминаи иттилоотию захиравӣ оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф;
- амалӣ намудани тадбирҳо оид ба рушди таҳсилоти фосилавӣ дар дохили кишвар;
- таъсиси портали ягонаи таълимӣ ва дастгирии техникии мунтазами он;
- татбиқи дастовардҳои ҷаҳонӣ оид ба истифодаи самараноки иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф;
- мониторинги истифодаи порталҳои www.marifat.tj, www.tomaktabi.tj, www.maktabmobile.tj ва www.omuzgormobile.tj дар муассисаҳои таълимӣ ва пешниҳоди хулосаю тавсияҳо барои татбиқи босамари онҳо.
31. Ҷиҳати рақамикунонии раванди идоракунии соҳаи маориф амалӣ намудани корҳои зерин зарур аст:
- ташкили инфрасохтори ягонаи иттилоотӣ дар идоракунӣ ва танзими соҳаи маориф, таъмини истифодаи самараноки системаҳои иттилоотӣ ва технологияҳои идоракунии маориф;
- рушди системаи иттилоотии идоракунии маориф (СИИМ), амалисозии принсипҳои "Ҳукумати электронӣ";
- таъмини мақомоти давлатии идоракунии маориф бо таҷҳизоти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва таъминоти барномавӣ;
- амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати беҳтар намудани амнияти технологияҳои иттилоотӣ.
32. Барои ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим амалӣ кардани корҳои зерин зарур аст:
- таҳияи стандартҳо ва барномаҳои таълимии фанҳо бо дарназардошти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
- ташкили маҳфилҳои омӯзиши технологияҳои иттиилоотӣ тибқи барномаҳои махсуси таълимӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- муҳайё намудани шароит барои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирӣ ва рушди истеъдоди хонандагон тавассути татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ зимни омӯзиши фанҳои гуногуни таълимӣ;
- ташкил ва баргузории олимпиадаҳо аз фанҳои таълимӣ бо истифодаи технологияи иттилоотӣ;
- ташкили озмуну мусобиқаҳои гуногуни илмӣ оид ба барномасозӣ ва татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим аз омӯзиш то ба тасмимгириву татбиқи онҳо;
- таҳия ва нақшабандӣ барои давра ба давра пайваст намудани тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шабакаи Интернет;
- таҳияи воситаҳои технологӣ барои ҷорӣ намудани низоми имтиҳонгирии рақамӣ ва арзёбии натиҷаҳои таълим бо истифода аз технологияи рақамӣ.
5. НАТИҶАИ АМАЛИШАВИИ БАРНОМА
33. Дар натиҷаи амалишавии Барнома низоми ягонаи иттилоотии соҳаи маориф ташкил хоҳад шуд, ки он имкон медиҳад:
- нишондиҳандаҳои таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба куллӣ беҳбуд ёфта, таносуби компютерҳо ба як хонанда дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба меъёри 2 хонанда ба як компютер ҳангоми таълими фанни технологияи иттилоотӣ таъмин карда шавад;
- синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти мултимедӣ ва интерактивӣ таъмин карда шавад;
- захираҳои электронии таълимию методӣ аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ таҳия карда шаванд;
- истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар таълими ҳамаи фанҳо ҷорӣ карда шавад;
- дастрасӣ ба дастгоҳҳои гуногуни ҳушманди рақамӣ дар раванди таҳсилот таъмин карда шавад;
- барои таҳияи захираҳои рақамии таълимии насли нав имконият фароҳам оварда шавад;
- захираҳои рақамӣ самаранок истифода шаванд;
- имконияти амалисозии таълими фосилавӣ ба вуҷуд оварда шавад;
- дастрасӣ ба шабакаи идоравӣ (корпоративӣ) ва Интернети баландсуръат таъмин карда шавад;
- барои хонандагон, омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф портали ягонаи таълимӣ таъсис дода шавад;
- ҳамгироии самараноки технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, идоракунии маориф таъмин гардида, имконияти мониторинги соҳаи маориф баланд бардошта шавад;
- муассисаҳои идоракунии соҳаи маориф бо серверҳои идоракунии раванди таълим муҷаҳҳаз карда шаванд;
- дониш ва малакаи кадрҳои педагогӣ ва роҳбарикунандаи низоми маориф дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ такмил ёфта, низоми муассири такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони педагогӣ дар самти татбиқи технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шавад;
- хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ соҳиби дониш ва малакаҳое мегарданд, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ, касбӣ ва фарҳангии худ истифода бурда метавонанд;
- низоми арзёбӣ ва ҳавасмандкунии омӯзгорони навовар ва эҷодкор ба вуҷуд оварда шавад;
- ба тамоми қишрҳои аҳолӣ имконияти таҳсил бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ фароҳам оварда шавад;
- дар соҳаи татбиқи ҳамаҷонибаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, илмию методӣ фароҳам оварда шавад;
- низоми таҳия ва коркарди маводи таълимии рақамӣ ташкил карда шавад;
- дар муассисаҳои таълимӣ китобхонаҳои электронӣ бо фарогирии китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва илмию методӣ ташкил карда шавад ва мунтазам такмил ёбад;
- шабакаи ягонаи маводи таълимии электронӣ ва дастрасӣ ба таҳсилоти фосилавӣ таъсис ёбад;
- меъёрҳо ва стандартҳои зарурӣ дар соҳаи истифодаву амалисозии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф таҳия ва қабул гарданд;
- чорабиниҳои гуногун, конференсияву озмунҳои илмӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ бо истифодаи технологияҳои навтарин ва шабакаи интернет ташкил карда шаванд.
6. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
34. Барнома дар се марҳила - мутобиқи нақшаҳои амали он барои солҳои 2024-2026, соли 2027 ва соли 2028, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ мегардад.
35. Амалигардонии Барнома аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо анҷом дода мешавад.
36. Барои амалигардонии Барнома дар солҳои 2024-2028 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби шарикони рушд 33 млн 801 ҳазор сомонӣ маблағ, аз ҷумла 6 млн 119,667 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 3 млн 613 ҳазор аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва 24 млн 68 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои грантӣ пешбинӣ карда мешавад.
7. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА
37. Мониторинг ва арзёбии Барнома аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.
38. Мониторинг ва арзёбии Барнома мутобиқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, № 615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешавад.
8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
39. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмини иҷрои самараноки Барнома масъулият доранд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 марти соли 2024, № 154
Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028
Ниг. ба Замима
Приложение 1 к
постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от "20" марта 2024 года, №154
Программа внедрения информационно-коммуникационных технологий в общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан на 2024-2028 годы
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Программа внедрения информационно-коммуникационных технологий в общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан на 2024-2028 годы (далее-Программа) разработана с целью достижения нового качества образования посредством внедрения информационно-коммуникационных технологий в образовательных учреждениях, изменения форм и методов преподавания, обеспечение качества и мобильности образовательных услуг и повышение признания национальной системы образования.
2. Программа определяет основные приоритеты и направления внедрения информационно-коммуникационных технологий в общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан.
3. Программа способствует укреплению материально-технической базы общеобразовательных учреждений, улучшения организации изучения и освоения учебных предметов, в особенности предметов точных наук, расширению технического и естественно-научного мышления учащихся общеобразовательных учреждений, а также улучшению качества обучения и воспитания.
2. АНАЛИЗ СОСТОЯНИЯ ОБЕСПЕЧЕНИЯ ОБЩЕОБРАЗОВАТЕЛЬНЫХ УЧРЕЖДЕНИЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН КОМПЬЮТЕРАМИ И ДРУГИМИ ИНФОРМАЦИОННО-КОММУНИКАЦИОННЫМИ ОБОРУДОВАНИЯМИ
4. В современных условиях глобализации и беспрецедентного развития науки, техники и современных технологий, с учетом внедрения программы "Электронное правительство" во всех сферах жизни общества, ключевым вопросом считается процесс обеспечения образовательных учреждений современными образовательными технологиями и техникой.
5. Всесторонняя реализация информационно-коммуникационных технологий для устойчивого развития общества является одним из важных показателей интеллектуального и научного потенциала страны в условиях формирования экономики, основанной на знаниях. XXI век является веком ускоренного развития науки, техники и технологии, появления новых направлений науки и в целом, серьёзных научно-технических изменений, основная цель которого является переход науки, образования, культуры и экономии на рельсы инновационного развития. Сегодня развитие и использование новейших информационно-коммуникационных технологий на разных уровнях социально-экономических отношений и системных инновационных процессов в производстве стало процессом глобализации. Это приходится на период, когда процессы глобализации, беспрецедентное продвижение и применение новых наук и технологий охватили весь мир, а понятие науки и знаний приобретают всё большее значение как основа принятия объективных решений для социально-экономического развития общества.
6. На современном этапе эффективное применение достижений науки, техники и современных технологий превратилось в один из важных факторов улучшения конкурентоспособности и повышения авторитета страны на мировой арене.
7. Формирование интеллектуальной, творческой, новаторской, изобретательской личности и повышение конкурентоспособности мышления начинается с детского и подросткового возраста в дошкольном и школьном учреждении и в дальнейшим развивается.
8. Использование и применение информационно-коммуникационных технологий в сфере образования является важным вопросом, непосредственно влияющим на формирование нового поколения граждан Республики Таджикистан, имеющих современные знания и навыки.
9. В последние годы в Таджикистане развитие инфраструктуры информационнокоммуникационных технологий в сфере образования и доведение использования информационно-коммуникационных технологий в общеобразовательных учреждениях до уровня мировых стандартов является одним из основных приоритетов. В этот период были разработаны и реализованы государственные программы и различные мероприятия в области применения информационно-коммуникационных технологий в сфере образования, что считается одним из важнейших этапов реформ, направленным на формирование инфраструктуры информационно-коммуникационных технологий в общеобразовательных учреждениях.
10. В городах и районах республики, по укреплению материально-технической базы созданы и насчитываются более 3760 кабинетов информационных технологий в том числе 245 единиц в Горно-Бадахшанской автономной области, 1215 единиц в Хатлонской области, 1139 единиц в Согдийской области, 319 единиц в Душанбе и 842 единиц в городах и районах республиканского подчинения. При этом в образовательных учреждениях республики имеется 82 355 единиц компьютеров, 12 677 единиц принтеров, 4 442 единиц электронной доски, 5 504 единиц проектора, из которых 2 процента находятся в нерабочем состоянии и 6 процентов требуют ремонта.
11. Для разработки электронных учебных материалов на сегодняшний день переведено в электронный формат 167 учебников и художественных книг, подготовлено и снято более 3 000 видеоуроков на основе передового опыта учителей. Также 760 лабораторных работ из разных учебных предметов адаптированы на государственный язык и переданы в общеобразовательные учреждения.
12. В период зимних, весенних, летних и осенних каникул для повышения профессиональной квалификации педагогов по использованию технических средств в процессе обучения путем организации учебных курсов в целях повышения уровня технических знаний специалистов, работников управлений, отделов образования и учителей общеобразовательных учебных заведений были организованы учебные курсы в образовательных учреждениях по использованию средств современных технологий (электронные доски и видеопроекторы), и за этот период этими курсами были охвачены 48 896 учителей.
13. В направлении организации единой информационной среды сферы образования в целях формирования единой информационной системы сферы образования был создан официальный сайт Министерства образования и науки Республики Таджикистан по адресу www.maorif.tj, отражающий развитие образования и охватывающий всесторонние отношения государственного органа с другими субъектами общества. Кроме того, в целях реализации мер по внедрению программы "Электронное правительство" в деятельности образовательных учреждений республики созданы порталы www.marifat.tj, www.tomaktabi.tj, www.maktabmobile.tjи www.omuzgormobile.tj.
14. На сегодняшний день в республике осуществлен ряд работ по введению информационно-коммуникационных технологий в систему образования и обновления учебного процесса. Разработаны и утверждены учебные программы по изучению информационных технологий для всех ступеней образования, начаты первые опыты по дистанционному обучению.
15. В настояшее время, в целях организации учебного портала сформированы учебные информационные ресурсы, созданы и активизированы сайты некоторых учебных заведений. Проведена работа по организации информационных систем управления образованием, использованию информационно-коммуникационных технологий в общеобразовательных учреждениях, подготовке педагогических и технических кадров в области информационно-коммуникационных технологий для общеобразовательных учреждений.
16. Современный уровень применения информационно-коммуникационных технологий при изучении всех учебных предметов и системы образования страны в целом, является неудовлетворительным с точки зрения имеющихся возможностей быстроразвивающейся экономики, а также с точки зрения интеграции сферы образования в мировую образовательную среду.
17. Широкое применение учебных информационных технологий прежде всего, подразумевает улучшение компьютерного обеспечения образовательных учреждений и использования информационно-коммуникационных технологий при изучении всех учебных предметов. Улучшение реального соотношения ученик/компьютер в процесс обучения, особенно в регионах и сельской местности является одной из первостепенных задач отрасли.
18. Сегодня, наряду с необходимостью расширения доступа к компьютерам на всех уровнях системы образования республики, отчетливо ощущается важность эффективного использования средств информационно-коммуникационных технологий, в частности, совершенствования системы технического контроля и технического обеспечения. В особенности, отсутствие эффективной системы технического контроля и ремонта компютерной техники в масштабах районов стало основным фактором выхода из строя технических средств.
19. Для использования цифровых технологий в процессе обучения в республике основной проблемой все еще считается ограниченность доступа к мобильным устройствам, слабая инфраструктура цифровой сети, недостаточное подключение образовательных учреждений к сети Интернет и отсутствие скоростного Интернета.
20. В общеобразовательных учреждениях республики подключение к сети Интернет обеспечено частично. Примерно 16 процентов общеобразовательных учреждений имеют доступ к сети Интернет.
21. Сайты многих образовательных учреждений не созданы, не сформированы цифровые внутренние сети учреждений, а также не развит единый отечественный учебный портал.
22. Наряду с этим, не активизирована разработка и распространение использования электронных учебных материалов в процессе обучения. В последнее время в этом направлении реализован ряд мероприятий, а также выполнены определенные работы по формированию электронных систем образования. Однако главным требованием дня является совершенствование научно-методической базы использования информационнокоммуникационных технологий, создание единого инфомационного образовательного пространства на уровне республики.
23. Одним из актуальных вопросов, связанных с реформой системы образования в Республике Таджикистан, является обеспечение системы образования страны педагогическими и административными кадрами, обладающих высокими знаниями и навыками информационно-коммуникационных технологий на уровне мировых стандартов.
3. ЦЕЛИ И ЗАДАЧИ ПРОГРАММЫ
24. Основной целью Программы является достижение нового качества образования путем внедрения информационно-коммуникационных технологий в общеобразовательных учреждениях, изменения форм и методов преподавания, обеспечения качества и мобильности образовательных услуг и повышение признания национальной системы образования.
25. Для достижения поставленной цели необходимо выполнить следующие задачи:
- обеспечение прав граждан на доступ к получению качественного образования посредством внедрения информационно-коммуникационных технологий и их комплексного использования при изучении каждой дисциплины;
- осуществление широкого использования информационно-коммуникационных технологий для повышения качества образования;
- обеспечение развития информационной культуры общества и тем самым укрепление позиций отрасли образования республики на мировом уровне;
- повышение уровня знаний, мировоззрения и технической культуры учащихся общеобразовательных учреждений, обладающих целостными техническими знаниями и национально-гуманитарными ценностями;
- обеспечение качественно нового развития материально-технической базы образовательных учреждений путем их регулярного оснащения современной техникой и технологиями;
- повышение профессиональных навыков учителей по использованию технических оборудований в процессе преподавания каждого предмета путем организации учебных курсов;
- разработка и широкое внедрение в учебный процесс электронных средств обучения и их согласование с традиционными средствами обучения, а также разработка технологии их обработки;
- расширение информационной обеспеченности сферы образования республики и эффективное использование сети Интернет в процессе обучения и воспитания;
- переход на информационную систему управления в сфере образования, внедрение принципов электронного правительства в деятельность общеобразовательных учреждений;
- создание единого информационного пространства сферы образования республики.
4. ОСНОВНЫЕ НАПРАВЛЕНИЯ РЕАЛИЗАЦИИ ПРОГРАММЫ
26. В целях обеспечения реализации целей и задач, предусмотренных Программой, определены следующие приоритетные направления:
- совершенствование нормативной правовой базы цифровизации сферы образования;
- развитие инфраструктуры информационно-коммуникационных технологий в сфере образования;
- повышение уровня кадрового потенциала для использования информационных и коммуникационных технологий в профессиональной деятельности;
- разработка методических материалов по использованию информационнокоммуникационных технологий в образовательном процессе и цифровых учебных материалов;
- цифровизация процесса управления сферой образования;
- широкое применение информационно-коммуникационных технологий в учебном процессе.
27. В направлении совершенствования нормативной правовой базы цифровизации сферы образования соответствуют целям выполнения следующих работ:
- проведение мониторинга действующих нормативных правовых актов и нормативных правовых актов, связанных с доступом, использованием и внедрением информационных и коммуникационных технологий в систему образования;
- разработка и реализация необходимых норм и стандартов цифровизации образования и управления сферой образования;
- разработка и совершенствование нормативных правовых актов по использованию информационно-коммуникационных технологий в сфере образования в связи с целями и задачами Программы;
- разработка единых терминов цифрового образования на государственном языке;
- разработка единых требований к обработке электронных образовательных материалов, открытых образовательных ресурсов и образовательных платформ;
- разработка стандартов и параметров устройств информационнокоммуникационных технологий, приобретаемых в будущем;
- разработка рамок компетенций по использованию информационнокоммуникационных технологий для педагогов общеобразовательных учреждений.
28. Для развития инфраструктуры информационно-коммуникационных технологий в сфере образования соответсвуют целям выполнения следующих работ:
- совершенствование материально-технической базы образовательных учреждений, улучшение компьютерного обеспечения и другой необходимой цифровой техникой;
- совершенствование системы технического контроля и обеспечения оборудованиями информационно-коммуникационных технологий образовательных учреждений;
- организация корпоративной и внутренней сетевой инфраструктуры образовательных учреждений и структур управления системой образования;
- укрепление материально-технической базы учреждений дополнительного образования и обеспечение их информационно-коммуникационными технологиями;
- развитие сетевых услуг и обеспечение доступа к единой национальной образовательной сети;
- организация и проведение консультаций с операторами сотовой связи и интернет-провайдеров по вопросам обеспечения безлимитного бесплатного доступа к видеоурокам для учащихся и общеобразовательных учреждений, а также доступа к платформам с учебными материалами;
- изучение вопросов финансирования использования информационнокоммуникационных технологий (бюджет обслуживания, ремонт серверов и компьютеров, финансирование повышения квалификации педагогов в части компетенций по цифровизации и др.) в процессе обучения и воспитания на местном уровне и в образовательных учреждениях.
29. Для укрепления кадрового потенциала для использования информационнокоммуникационных технологий в профессиональной деятельности необходимо осуществление следующих мер:
- реализация мероприятий по повышению цифровой образованности работников сферы образования;
- использование информационных и коммуникационных технологий в системе повышения квалификации работников сферы образования;
- с учетом необходимости использования современных технологий совершенствование образовательных программ в учреждениях среднего и высшего профессионального образования, в которых осуществляется подготовка педагогических кадров;
- организация системы оценки и поощрения эффективной деятельности творческих и инновационных педагогов;
- разработка цифровой платформы по повышению квалификации работников сферы образования;
30. Для разработки методических материалов по использованию информационнокоммуникационных технологий в образовательном процессе целесообразно осуществление следующих работ:
- разработка и распространение цифровых научно-методических ресурсов по всем предметам;
- создание информационно-ресурсной базы по использованию информационнокоммуникационных технологий в сфере образования;
- реализация мероприятий по развитию дистанционного образования внутри страны;
- создание единого образовательного портала и его регулярная техническая поддержка;
- внедрение мировых достижений по эффективному использованию информационно-коммуникационных технологий в сфере образования;
- мониторинг использования порталов www.marifat.tj, www.tomaktabi.tj, www.maktabmobile.tj и www.omuzgormobile.tj в учебных заведениях и предоставление заключений и рекомендаций по их эффективной реализации.
31. Для цифровизации процесса управления в сфере образования необходимо осуществление следующих работ:
- создание единой информационной инфраструктуры в управлении и регулировании сферы образования, обеспечение эффективного использования информационных систем и технологий управления образованием;
- развитие информационной системы управления образованием (ИСУО), применение принципов "электронного правительства";
- обеспечение государственных органов управления образования информационнокоммуникационным оборудованием и соответствующим программным обеспечением;
- реализация мероприятий по повышению информационной безопасности.
32. Для внедрения информационно-коммуникационных технологий в образовательный процесс необходимо осуществление следующих работ:
- разработка стандартов и образовательных программ предметов с учетом использования информационно-коммуникационных технологий;
- организация кружков по обучению информационным технологиям по специальным образовательным программам при общеобразовательных учреждениях;
- создание условий для обучения и воспитания, выявления, поддержки и развития талантов учащихся посредством применения информационных и коммуникационных технологий при изучении различных учебных предметов;
- организация и проведение олимпиад по учебным предметам с использованием информационных технологий;
- организация различных научных конкурсов и конкурсов по программированию и применению информационных и коммуникационных технологий в образовательном процессе, от обучения до принятия решений и их реализации;
- разработка и планирование поэтапного подключения всех общеобразовательных учреждений к сети Интранет;
- разработка технологических средств внедрения цифровой экзаменационной системы и оценивание образовательных результатов с использованием цифровых технологий.
5. РЕЗУЛЬТАТЫ РЕАЛИЗАЦИИ ПРОГРАММЫ
33. В результате реализации Программы будет создана единая информационная система в сфере образования, которая позволяет:
- кардинально улучшить показатели обеспеченности образовательных учреждений информационно-коммуникационным оборудованием и обеспечить соотношение компьютеров на одного учащегося во всех образовательных учреждениях из расчета 2 ученика на один компьютер при обучении информационных технологий;
- обеспечить учебные классы мультимедийным и интерактивным оборудованием;
- разработать электронные учебно-методические ресурсы по всем учебным предметам;
- внедрить информационно-коммуникационные технологии в преподавание всех предметов;
- обеспечить доступ к различным умным цифровым устройствам в образовательном процессе;
- обеспечить возможность разработки цифровых образовательных ресурсов нового поколения;
- эффективно использовать цифровые ресурсы;
- создать возможность дистанционного обучения;
- обеспечить доступ к корпоративной сети и высокоскоростному Интернету;
- создать единый образовательный портал для обучающихся, преподавателей и работников сферы образования;
- обеспечить эффективную интеграцию информационно-коммуникационных технологий управления образованием, расширить возможности мониторинга сферы образования;
- оснастить учреждения управления сферы образования серверами управления учебным процессом;
- совершенствовать знания и навыки педагогического и управленческого персонала системы образования в направлении информационно-коммуникационных технологий, создать эффективную систему повышения квалификации учителей и педагогических кадров в части применения информационных технологий;
- обеспечить приобретение выпускниками общеобразовательных учреждений знаний и навыков, которые они могут использовать в своей общественной, профессиональной и культурной жизни;
- создать систему оценки и поощрения изобретательских и творческих учителей;
- обеспечить всем слоям населения возможность учиться с использованием информационно-коммуникационных технологий;
- создать нормативные правовые, научно-методические основы в области комплексного применения информационных и коммуникационных технологий в образовательном процессе;
- организовать систему разработки и обработки цифровых учебных материалов;
- систематически усовершенствовать в образовательных учреждениях электронные библиотеки, включающие учебники, художественные, научные книги и методические пособия;
- создать единую сеть электронных учебных материалов и доступ к дистанционному обучению;
- разработать и принять необходимые нормы и стандарты в области использования и применения информационных и коммуникационных технологий в сфере образования;
- организовывать различные мероприятия, научные конференции, конкурсы и научные олимпиады с использованием новейших технологий и сети интернет.
6. ИСТОЧНИКИ ФИНАНСИРОВАНИЯ ПРОГРАММЫ
34. Программа будет реализована в три этапа, в соответствии с её планами действий на 2024-2026 годы, на 2027 год и на 2028 год, утвержденным Правительством Республики Таджикистан.
35. Реализация Программы осуществляется соответствующими министерствами, ведомствами и исполнительными органами государственной власти городов и районов.
36. Для реализации Программы в 2024-2028 годы из государственного бюджета и за счёт партнеров по развитию предусматривается 33 млн 801 тысяч сомони, из них 6 млн 119,667 тысяч сомони из республиканского бюджета, 3 млн 613,333 тысяч сомони из местных бюджетов и 24 млн 68 тысяч сомони за счет грантовых средств.
7. МОНИТОРИНГ И ОЦЕНКА РЕАЛИЗАЦИИ ПРОГРАММЫ
37. Мониторинг и оценка реализации Программы осуществляетя со стороны Министерства образования и науки Республики Таджикистан и местных исполнительных органов государственной власти.
38. Мониторинг и оценка реализации Программы проводится в соответствии с требованиями постановления Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2018 года, №615 "О Правилах проведения мониторинга и оценки реализации стратегических документов национального уровня, отраслевых и региональных программ развития в Республике Таджикистан".
8. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
39. Министерство образования и науки Республики Таджикистан, исполнительные органы государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, города Душанбе и городов и районов несут ответственность за обеспечение эффективного выполнения Программы.
Приложение 2
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от "20" марта 2024 года, №154
План действий 2024-2026 годов Программы по внедрению информационно-коммуникационных технологий в общеобразовательным учреждения Республики Таджикистан на 2024-2028 годы
Приложение