Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2024, № 137 "Дар бораи Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028

 

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин ҷалби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 10 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 1 марти соли 2024, № 137

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Программе улучшения мелиоративного состояния орошаемых сельскохозяйственных земель Республики Таджикистан на 2024-2028 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Программу улучшения мелиоративного состояния орошаемых сельскохозяйственных земель Республики Таджикистан на 2024-2028 годы и План действий на 2024-2026 годов Программы улучшения мелиоративного состояния орошаемых сельскохозяйственных земель Республики Таджикистан на 2024-2028 годы (приложения 1 и 2).

2. Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами, ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти в установленном порядке за счет средств республиканского и местных бюджетов, а также привлечения внебюджетных источников принять необходимые меры по реализации настоящей Программы и её Плана действий.

3. Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно до 10 февраля предоставлять информацию о ходе исполнения настоящей Программы и её Плана действий в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                             Эмомали Рахмон

г.Душанбе

от 1 марта 2024 года №137