Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 147 "Дар бораи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 27.03.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 27.03.2024 № 798)

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 75 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 27.03.2024 № 798).

3. Ба директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовин, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад (Фармони Президенти ҶТ аз 27.03.2024 № 798).

4. Барои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити мошинҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 27.03.2024 № 798).

5. Маблағгузории Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президеити Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.

6. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо бинои маъмурӣ таъмин намудани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд.

7. Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон низомнома ва сохтори дастгоҳи марказии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

8. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва замимаи он, ки бо фармони мазкур тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1) Аз муқаддима калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;

2) дар Сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар ном калимаҳои "ҳокимияти иҷроияи" ба калимаҳои "иҷроияи ҳокимияти давлатии" иваз карда шаванд;

- аз қисми 1 сархати дуюм хориҷ карда шуда, сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон".

9. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таклиф пешниҳод намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 3 апрели соли 2021, № 147