Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, № 594 "Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029

 

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029 ва Нақшаи амали солҳои 20242026 Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Барнома ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба натиҷаҳои амалисозии онҳо ҳар сол то 15 феврал ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 30 декабри соли 2023, № 594

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Среднесрочной программе государственных доходов Республики Таджикистан на 2024-2029 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Среднесрочную программу государственных доходов Республики Таджикистан на 2024-2029 годы и Плана действий 2024-2026 годов Среднесрочной программы государственных доходов Республики Таджикистан на 2024-2029 годы (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам принять необходимые меры по реализации Программы и её Плана действий и о результатах их реализации ежегодно до 15 февраля представлять информацию Министерству финансов Республики Таджикистан.

3. Министерству финансов Республики Таджикистан ежегодно до 1 марта представлять информацию о ходе выполнения настоящей Программы и её Плана действий в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан       Эмомали Рахмон

г.Душанбе

от 30 декабря 2023 года №594