Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2023, № 566
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2023, № 566
тасдиқ шудааст
Тартиби истифодаи объектҳои об барои истгоҳ, парвоз ва фурудоӣ, инчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Тартиби истифодаи объектҳои об барои истгоҳ, парвоз ва фурудоӣ, инчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) талаботро ба аэродромҳои обӣ ва ташкилотҳои амаликунандаи фаъолияти фурудгоҳӣ, ки ба нигоҳдории аэродромҳо ва фурудгоҳҳои обӣ дар сатҳи таъминкунии бехатарии парвозҳо дар ҷараёни истифодабарии аэродромҳои обӣ ва амалӣ намудани фаъолияти фурудгоҳӣ нигаронида шудааст, муайян мекунад.
2. Дар Тартиб мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- акватория - дар худ қитъаи обиеро инъикос менамояд, ки барои дар рӯйи об парвоз, нишаст, гардиш додан, таваққуф ва хизматрасонии ҳавопаймоҳои обӣ махсус муҷаҳҳаз гардонида шудааст;
- акваторияи аэродроми обӣ - қитъаи обест, ки дар он амалиёти парвоз, фуруд, гардиш (маневр), таваққуф ва хизматрасонии ҳавопаймоҳои обӣ дар сатҳи об иҷро карда мешаванд;
- амфибия - ҳавопаймо, ки дар он чархҳои хушкигард барои нишастан дар сатҳи замини сахт гузошта шудааст ё дорои чархи хушкигарде, ки қобилияти нигоҳ доштани ҳавопайморо дар ҳама гуна сатҳҳои замин, масалан, болиштаки ҳавоиро доро мебошад;
- аэродром - қитъаи замин ё сатҳи обе, ки дар он бинову иншоот ва таҷҳизотҳо ҷойгиршуда, барои парвоз кардан, фуруд омадан, идора кардан ва таваққуфи ҳавопаймоҳо пешбинӣ шудааст;
- аэродроми обӣ - қитъаи акваторияи муҷҷаҳазгардонида, ки барои парвоз, фурудоӣ, гардиш ва истгоҳи ҳавопаймоҳо пешбинӣ гардидааст;
- аэродроми обии сертификатсияшуда - аэродроми обие, ки ба истифодабарандаи он ҳуҷҷати сертификатсияи аэродроми обӣ дода шудааст;
...