Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, № 527 "Дар бораи Тартиби баргузории гуфтушунидҳо, баимзорасонӣ ва барои тасдиқ (ратификатсия) пешниҳод намудани шартномаҳои байналмилалӣ вобаста ба кумаки беруна"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби баргузории гуфтушунидҳо, баимзорасонӣ ва барои тасдиқ (ратификатсия) пешниҳод намудани шартномаҳои байналмилалӣ вобаста ба кумаки беруна

 

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби баргузории гуфтушунидҳо, баимзорасонӣ ва барои тасдиқ (ратификатсия) пешниҳод намудани шартномаҳои байналмилалӣ вобаста ба кумаки беруна тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Тартиби мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида шарикони рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба қабул гардидани Тартиби мазкур огоҳ намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 ноябри соли 2023, № 527

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке проведения переговоров, подписания и представления на ратификацию международных договоров о внешней помощи

В соответствии со статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О международных договорах Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить Порядок проведения переговоров, подписания и представления на ратификацию международных договоров о внешней помощи (прилагается).

2. Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Порядка.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить партнеров по развитию Республики Таджикистан о принятии настоящего Порядка.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан           Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 28 ноября 2023 года №527