Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2023, № 545
Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 (минбаъд - Барнома) бо мақсади мусоидат ба дастгирии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Барнома мутобиқи самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян гардидаанд, омода гардида, ба фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкории занон, ҳавасмандгардонии ташаббус ва кӯшишу ғайрати занон нигаронида шудааст.
2. Барнома барои ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, № 167 тасдиқ шудааст ва фарогири қисмати "Рушди соҳибкории занон" бо мақсади таъсиси ҷойҳои кории нав, рушди худфаъолиятӣ ва беҳдошти вазъи иқтисодии занон дар ҷомеа мебошад, мусоидат менамояд.
2. ВАЗЪИ КУНУНИИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ЗАНОН
3. Муҳиммияти ҷалби занон дар рушди фазои соҳибкорию сармоягузорӣ имрӯз дар тамоми ҷаҳон эътироф шудааст. Барномаи дастгирии соҳибкории занон дар иҷлосияи 74-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳия ва роҳандозӣ шудааст. Мақсади ҳуҷҷати мазкур ба ҳадди аксар расонидани таъсири соҳибкории занон барои ноил шудан ба рушди устувор тавассути фароҳам овардани низоми мусоид барои занони соҳибкор дар саросари ҷаҳон мебошад. Масалан, он ба тавсеаи имкониятҳои занон дар бозори меҳнат ва ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар соҳаи шуғлнокӣ мусоидат намуда, имкониятҳои дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ ва баланд бардоштани мустақилияти молиявиро васеъ менамояд.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳибкории занон диққати махсус медиҳад. Дар ҷаласаи 22-юми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки 16 марти соли 2022 баргузор гардид, доир ба такмили минбаъдаи низоми дастгирии занони соҳибкор ва таҳияи Барномаи рушди соҳибкории занон барои давраи то соли 2027 қарор қабул гардид.
5. Дар Тоҷикистон имрӯз Ҳукумат барои эҷоди низоми ҳамаҷонибаи маҷмуии дастгирии соҳибкории занон чораҳо меандешад, ки тадбирҳои дастгирии молиявӣ ва хизматрасониро дар бар мегирад. Рушди соҳибкории занон дар ҷумҳурӣ тавассути барномаҳои давлатии соҳавӣ ва созишномаҳои байни Ҳукумат ва ниҳодҳои байналмилалии рушд сурат мегирад.
6. Ҷиҳати амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, № 5 "Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025" ба андозаи 2 500 000 сомони маблағ пешбинӣ гардидааст, ки бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт тавассути Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, № 151 "Дар бораи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда" номгӯйи 108 намуди фаъолияти соҳибкорӣ дар хона тасдиқ карда шуд, ки комилан аз андоз озод мебошанд.
7. Дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли як гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба дастгирии соҳибкории занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд механизми машваратӣ таъсис дода шудааст.
8. Соли 2017 то соли 2022 шумораи умумии андозсупорандагони бақайдгирифташуда ба 37464 субъекти соҳибкорӣ ё 12,4 фоиз, аз ҷумла субъектҳои соҳибкории занон ба шумори 20104 адад ё 34,1 фоиз зиёд шудааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкории бақайдгирифташуда, ки ба занон тааллуқ доранд, 79003-ададро ташкил дод, ки 23,1 фоизи шумораи умумии субъектҳои соҳибкории бақайдгирифташударо ташкил медиҳад.
9. Дар Тоҷикистон 338762 андозсупоранда дар соли 2022 ба қайд гирифта шудааст, ки аксари онҳоро соҳибкорони инфиродӣ (41,5 фоиз) ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (49,2 фоиз) ва танҳо 9,5 фоизро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд. Инчунин бояд зикр намуд, ки афзоиши нисбатан бештар аз ҳисоби занон - соҳибкорони инфиродӣ мебошад, ки дар асоси патент ва шаҳодатнома ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2017 шумораи занони соҳибкори бақайдгирифташуда, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият мекарданд, ҳамагӣ 12028 нафар ё 10,9 фоиз аз шумораи соҳибкорони инфиродӣ ташкил медод ва аллакай ба ҳолати 1 январи соли 2022 шумораи онҳо ба 36800 нафар расида, ба 26,1 фоизи шумораи умумӣ баробар гардидааст. Таҳлили тақсимоти минтақавӣ ва динамикаи болоравии шумораи занони соҳибкор дар асоси маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши нобаробари шумораи занони соҳибкорро дар минтақаҳои мамлакат, ки шумораи баробари аҳолӣ аз ҷумла занон дар онҳо, ба мисли вилоятҳои Суғду Хатлон зиндагӣ мекунанд, нишон медиҳад. Ин аз имконияти мавҷудаи ҳамкории байниминтақавӣ дар сатҳи мақомоти иҷроия, бахши хусусӣ ва шарикони рушд ҷиҳати ҷалби занон ба фаъолияти иқтисодӣ шаҳодат медиҳад.
10. Миқдори нокифояи захираҳои молиявӣ, меҳнатӣ, вақтӣ ва захираҳои ғайримоддии дигар ба он оварда мерасонад, ки соҳибкории занон ба қадри зарурӣ пеш намеравад. Доираи маҳдуд, корхонаҳои хурд мавҷуданд, ки имкони гирифтани маблағи калонро надоранд, маблағҳои худии онҳо бошад имконият намедиҳанд, ки басти воҳидҳои корӣ ва ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намоянд.
11. Дар корхонаҳое, ки занон роҳбарӣ мекунанд, шумораи ками коргарон ба назар мерасанд ва чун қоида бештар занон кироя карда мешаванд. Гардиши солона ва фоидаи корхонаҳои мазкур нисбат ба корхонаҳое, ки мардон роҳбарӣ мекунанд, камтар аст. Васеъ кардани имкониятҳо барои занон бо мақсади ворид кардани онҳо ба бахшҳои ғайрианъанавӣ ва нисбатан фоидаовартар бояд ба афзоиши шуғли занон самараи иловагӣ дошта бошад.
12. Аз рӯйи Шохиси занон, тиҷорат ва ҳуқуқ мавқеи кишвар дар соли 2022 дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қирғизистон76,9 фоиз, Қазоқистон - 69,4 фоиз, ӯзбекистон - 71,9 фоиз ) 78,8 фоиз пешниҳод гардидааст.
13. Бо вуҷуди баъзе пешравиҳо як қатор омилҳое мавҷуданд, ки ба ҷалби фаъолонаи занон ба соҳибкорӣ, аз қабили набудани сармояи ибтидоӣ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, саводнокии молиявию рақамӣ ва қолабҳои манфии гендерӣ монеа эҷод мекунанд.
14. Пас аз интишори нахустин маълумоти Бонки Умумиҷаҳонӣ Global Findex дар соли 2011 дар кишвар афзоиши таъсирбахши дорандагони суратҳисобҳо аз 2,5 дарсад дар соли 2011 то 11,5 дарсад дар соли 2014 ва 47 дарсад дар соли 2017 мушоҳида шудааст ва дар соли 2021 нишондиҳандаи дорандагони суратҳисоб нисбати гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ (15-сола ва калонтар) то 39 фоиз коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон таносуби қиёсии қарзҳои ба занон додашуда нисбат ба ҳаҷми умумии қарздиҳӣ дар соли 2021 23,7 дарсадро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, таносуби қиёсии пасандозҳои занон 22 дарсадро ташкил медиҳад.
15. Аз рӯйи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2022 ба занон маблағи 3729,0 млн сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 490,3 млн сомонӣ зиёд мебошад, инчунин соли 2021 маблағи 3238,7 млн сомонӣ қарзҳои хурд ба занон дода шудааст, ки ин нишодиҳанда нисбат ба соли 2020 1152,2 млн сомонӣ афзоиш ёфта буд. Ба ҳисоби миёна зиёда аз сеяки қарзҳои низоми бонкӣ ба заноне рост меояд, ки маблағи қарзи гирифтаи онҳо аз маблағи қарзи гирифтаи мардҳо камтар мебошад.
16. Тибқи таҳлилҳои гузарондашуда бо сабабҳои маҳдудияти дастрасии занон ба моликият ҳамчун гарав ва фоизҳои баланди қарзӣ занон аз хешовандон ва ё дӯстон қарз мегиранд, ё ин ки ба интиқоли пул такя мекунанд. Омилҳои мазкур ҳамчун сабабҳои асосии дастнорасии молиявии занони соҳибкор ба ҳисоб мераванд. Маблағгузории хурд бинобар нисбатан начандон ҷиддитар будани талаботи таъминоти гарав ва имконияти ба таври гурӯҳӣ гирифтани қарз барои занон ба шакли ҷалбкунандаи қарз табдил меёбад. Таъсиси ниҳоди кафолати қарзии гендерӣ дар солҳои охир ва густариши фаъолияти онҳо низ омили афзоиши шумораи занони қарзгир дар созмонҳои қарзии хурд ва бонкҳо шудааст. Вобаста ба вазъи кунунии рушди соҳибкории занон, Барнома бояд мушкилоти зеринро ҳал намояд:
- набудани уҳдадорӣ оид ба гузарондани таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба масъалаҳои гендерӣ;
- механизми нокифояи рушди малакаи занони соҳибкор, дастрасии онҳо ба иттилоот, дониш, малакаҳои идоракунӣ ва топменеҷерони субъектҳои соҳибкории хурду миёна;
- дастрасии маҳдуди субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба бозорҳои фурӯш, норасоии иттилоот дар бораи бозорҳои эҳтимолии фурӯш, роҳҳои ворид шудан ба онҳо;
- сатҳи нокифояи дастрасӣ ба маблағгузорӣ, набудани таъминот барои гирифтани қарз, махсусан барои занони соҳибкор, ки дар марҳилаи оғози фаъолияти соҳибкорӣ қарор доранд, инчунин миқдор ва ҳаҷми ками манбаъҳои имконпазири маблағгузории субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ниҳодҳои маблағгузории хурд, фондҳои венчурӣ, сармоягузорӣ, сармоягузориҳои мустақим ва ғайраҳо);
- равандҳои афзояндаи муҳоҷират.
17. Таҳлили гузарондашуда оид ба фаъолияти соҳибкории занони Тоҷикистон аз зарурати на танҳо рушди шуморавӣ, балки рушди сифатии соҳибкории занон дар кишвар шаҳодат медиҳад. Вобаста ба ин, дар доираи амалӣ намудани Барнома ду самт пешбинӣ мешавад:
- тағйири самти "тахассусӣ"-и соҳибкории занон тавасути таъмини воридшавии занони соҳибкорро ба бахшҳои ғайрианъанавии иқтисодиёт;
- ҳавасмандгардонии рушди диверсификатсияи соҳибкории занон ва мусоидат ба "васеъ кардан"-и корхонаҳои мавҷудаи занон ва баланд бардоштани даромаднокӣ ва рақобатпазирии онҳо, аз ҷумла дар бозори ҷаҳонӣ.
3. ХАВФ ВА ШАРТҲОИ ПЕШАКИИ САМАРАНОКИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
18. Шартҳои асосии пешакии самаранокии амалишавии Барнома инҳоянд:
- пешбурд ва дастгирии сиёсати баробарии гендерӣ;
- ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар кори ҳамгироии масъалаҳои рушди соҳибкории занон дар барномаҳои рушди маҳаллӣ/минтақавӣ;
- ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо дар соҳаи дастгирии соҳибкории занон дар байни шарикони рушд бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ;
- рушди имкониятҳо барои истифодаи инфрасохтори мавҷудаи бизнес-инкубаторҳо ва ташкили паркҳои технологӣ бо иштироки занони соҳибкор;
- таъсиси махзани маълумот (феҳристи электронӣ) дар бораи занони соҳибкор;
- баланд бардоштани фаъолнокии бизнес-ассотсиатсияҳо оид ба муколамаи созанда бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
- таҳкими иқтидор дар соҳаи хизматрасонӣ оид ба омодагии касбӣ ва машваратии занон;
- мусоидат ба амалисозии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030;
- мувозинакунонӣ (ҳамоҳангсозӣ) бо муҳлат ва натиҷаҳои Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027.
19. Ба хавфҳое, ки метавонанд ба амалишавии Барнома таъсир расонанд, инҳо медароянд:
- мавҷуд набудани тадбирҳои мушаххаси мусбат, ки ба ҳавасмандгардонии фаъолияти иқтисодии занон нигаронида шудаанд;
- алоқа ва ҳамоҳангсозии нокифоя байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои донорӣ ва бахши хусусӣ дар самти пешбурд ва амалисозии тадбирҳои самарабахши ҳамкорӣ, ки ба беҳтар намудани рушди шабакаҳои дастгирии соҳибкории занон нигаронида шудаанд;
- ҳаҷми нокифояи дастгирии молиявӣ, ки барои рушди соҳибкории занон ҳам аз ҷониби давлат ва ҳам аз ҷониби шарикони рушд ҷудо карда мешавад.
4. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА
20. Мақсади асосии Барнома ташаккули фазои мусоид барои рушди субъектҳои соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла соҳибкории занон дар давраи то соли 2027 мебошад.
21. Бо вазифаҳои Барнома таркиб ва давраи амалӣ намудани чорабиниҳои аз рӯйи самтҳо ташаккулёфта, инчунин маълумот дар бораи нишондиҳандаҳои ҷамъбастии мақсаднок, ки мақсади Барномаро тавсиф мекунанд, муайян гаштааст. Нишондиҳандаҳои ҷамъбастии мақсаднокии Барнома дар асоси принсипҳои зерин ташаккул ёфтаанд:
- иттилоотонии ҳадди аксар бо шумораи ҳадди ақали нишондиҳандаҳо;
- тағйирнопазирии методологияи ҳисобкунии арзишҳои нишондиҳандаҳо дар тамоми давраи амалисозии Барнома;
- мунтазамии ташаккули маълумоти ҳисоботӣ (як маротиба дар як сол);
- истифодаи омори гендерӣ дар соҳаи соҳибкорӣ.
22. Барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда ҳалли вазифаҳои зерин пешбинӣ шудааст:
- таҳкими заминаи институтсионалӣ тавассути содагардонии шартҳои меъёрӣ ва идоракунии равандҳои тиҷорат;
- таҳкими иқтидори соҳибкории занон;
- ҳавасмандгардонии ташаббуси соҳибкорӣ, омӯзиши малакаҳои соҳибкорӣ ва оммавӣ гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ.
23. Барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи воситаҳои дастгирии давлатии соҳибкории занон ва ноил шудан ба самараи назарраси иҷтимоию иқтисодӣ дар Барнома самтҳои зерини афзалиятноки фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна муайян карда шудаанд:
1) самти аввал - фароҳам овардани фазои мусоиди корӣ барои рушди соҳибкории занон, ки ҳалли вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:
- ҳамоҳангсозӣ дар таҳия ва амалисозии сиёсати дастгирии рушди соҳибкории занон;
- рушди омори гендерӣ барои мониторинги фаъолнокии соҳибкории занон (меъёрҳои муайян кардани соҳибкории занон);
2) самти дуюм - таъмини дастгирии муназзами рушди соҳибкории занон тавассути ҳалли вазифаҳои зерин:
- тавсеаи дастрасии занони соҳибкор ба маблағгузорӣ;
- рақамикунонӣ;
- ташкили низоми устувори субсидияҳо, грантҳо ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ;
3) самти сеюм - ташкили инфрасохтори устувор барои дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҳалли вазифаҳои зерин:
- таҳияи барномаҳо ва порталҳои интернетии муосири таълимӣ, омӯзишӣ ва машваратӣ дар ин самт;
- ташкили низоми дастгирии соҳибкории занон тавассути шабакаи бизнес-инкубаторҳо, акселераторҳо ва паркҳои технологӣ;
- ташкили механизмҳои дастгирии иштироки занон дар содирот ва занҷирҳои арзиши иловагӣ;
4) самти чорум - тавсеаи фаъолияти коммуникатсионӣ барои пешбурди симои мусбати бонуи соҳибкор тавассути ҳалли вазифаҳои зерин:
- тақвият додани фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷиикистон ҳамчун майдони байниминтақавии шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- мунтазам гузарондани чорабиниҳо (озмунҳо, мизҳои мудаввар, форумҳо ва рейтингҳо), ки ба пешбурди симои мусбати бонуи соҳибкор мусоидат мекунад.
§1. Ташкили фазои мусоиди корӣ барои рушди соҳибкории занон
24. Такмили сохтори институтсионалӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин марҳилаи фароҳам овардани фазои соҳибкорӣ барои рушди соҳибкории занон мебошад. Дар робита ба ин, амалӣ кардани чораҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:
- такмил ва муносибгардонии заминаи қонунгузории танзимкунандаи соҳаҳои фаъолияти соҳибкорӣ, бо дар назар доштани вазифаҳои рушди иқтисодӣ ва гендерӣ, тавассути муқаррароти қонунгузорӣ муайян кардани меъёрҳои соҳибкории занон;
- амалисозии минбаъдаи омори тақсимшуда дар низоми муомилоти электронии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ;
- таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба муайян намудани меъёрҳои лоиҳаҳои соҳибкории занон бо муайян намудани меъёрҳои алоҳидаи баҳодиҳии дастгирии занони соҳибкори нав ба фаъолият оғозкунанда;
- баррасии заминаи меъёрию танзимкунандаи имконияти кушодани суратҳисоби бонкӣ дар шакли рақамӣ бо истифода аз имзои электронии рақамӣ, инчунин дастрасӣ ба маҳсулоти қарзӣ тавассути пешниҳоди ҳуҷҷатҳои электронӣ бо истифода аз махзани иттилооти бюрои қарзӣ;
- бо мақсади беҳтар намудани шароити меҳнат бознигарии рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад.
§2. Таъмини низоми дастгирии доимии рушди соҳибкории занон
25. Фаъолгардонии фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва фондҳо оид ба рушд ва тавсеаи пешниҳоди маҳсулоти қарзии ба гендерӣ ҳассос, роҳандозии як қатор хизматрасониҳои бонкии фосилавии молиявӣ ва ғайримолиявӣ ва рушди намудҳои алтернативии гарав бояд қадами асосии афзалиятнок барои вазорату идораҳои дахлдор бошанд, ки рушди соҳибкории занон ва коҳишёбии фарқияти гендериро дар иқтисодиёт таъмин менамояд.
26. Бо мақсади дастгирии рушди соҳибкории занон пурзӯр намудани фаъолият дар самтҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошад:
- мониторинги маблағгузории соҳибкории занон тавассути ташкили низоми ҷамъоварии оморӣ;
- идоракунии захираҳои инсонӣ бо мақсади ҷалб ва ҳавасмандгардонии афзоиши теъдоди занон дар бахши молиявӣ;
- ҷорӣ намудани стандартҳои касбии фаъолият, ба монанди принсипҳои маблағгузории масъулиятнок ва стандартҳои идоракунии корпоративӣ;
- ба таври васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва инноватсионӣ, тавсеаи дастрасии фосилавӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, ғайрибонкӣ ва давлатӣ;
- ташкили Фонди ғайрибуҷетии дастгирии соҳибкории занон ва кушодани хатти қарзӣ барои занони соҳибкор бо фоизи ҳадди ақал ва дигар шартҳои имтиёзнок барои лоиҳаҳои соҳибкорӣ;
- ҷорӣ намудани механизми "Бизнес-ипотека" барои таъмини корхонаҳои хурду миёна бо фондҳои асосӣ (бино, иншоот), инчунин ба даст овардани объектҳои сохтмонашон нотамом;
- ташкил намудани озмун дар байни ташкилотҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ аз рӯйи номинатсияи "Беҳтарин ташкилоти молиявӣ" дар самти хизматрасонӣ ба занони соҳибкор дар асоси таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ;
- дастгирӣ дар ташкили озмунҳо, ки симои мусбати занони соҳибкорро тарғиб мекунад, аз ҷумла ба шуғли фарогир мусоидаткунанда ва ба мансабҳои роҳбарӣ пешбарӣ намудани занони имконияташон маҳдуд;
- рушди заминаи танзимкунанда барои ҷорӣ намудани шаклҳои имконпазири таъмини гарав;
- рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ тавассути ниҳодҳои молиявӣ барои ба даст овардани захираҳои имтиёзноки давлатӣ барои маблағгузории инноватсионии занон ва соҳибкории истеҳсолӣ ба воситаи ташкили низоми устувори субсидияҳо ва грантҳо;
- ҷалби маблағҳои донорӣ ба сифати хатҳои махсуси қарзӣ ва васеъ намудани шарикони асосӣ аз ҷониби ниҳодҳои молиявӣ барои маблағгузории соҳибкории занон.
§3. Таъсиси инфрасохтори устувор барои дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон
27. Мусоидат ба рушди байнишабакавии занони соҳибкор, мураббиҳо ва мушовирон, ки занони соҳибкорро дастгирӣ мекунанд, аз ҷониби Барнома ҳамчун афзалияти асосии сиёсат дониста мешавад. Ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ сохторҳои мебошанд, ки корхонаҳои занонро тавассути пешниҳоди иттилоот ва иртибот, омодагии касбӣ оид ба малакаҳои идоракунӣ ва маркетинг, идоракунии захираҳои инсонӣ, дастрасӣ ба маблағгузории қарзӣ, грантӣ ва машваратҳо оид ба рафъи монеаҳоро дар рушди соҳибкорӣ дастгирӣ менамоянд.
28. Ноил шудан ба мақсади муқарраршудаи стратегии Барнома тавассути амалишавии тадбирҳои зерин имконпазир аст:
- рушди ассотсиатсияҳои соҳибкории занон ва таҳкими неруи коршиносию таҳлилии онҳо, бахусус дар самти баҳодиҳии қобилияту имкониятҳои онҳо ҷиҳати зиёд намудани захираҳои худӣ ва ҷалби маблағҳои қарзӣ;
- омӯзонидани бахшу гурӯҳҳои хусусӣ оид ба истифодаи амалии усулҳои таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба масъалаҳои гендерӣ, ки сатҳи рушди соҳибкории занонро ҳангоми муайян намудани механизмҳои давлатии фаъолияти соҳибкорӣ арзёбӣ менамояд;
- таъсиси марказҳои интерактивии омӯзиши соҳибкорӣ;
- таҳияи барномаҳо ва порталҳои интернетии муосир нави таълимӣ, омӯзишӣ ва машваратӣ;

- пешбарии рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ бо истифода аз барномаҳои дастрас ва тарғибкунанда.
§4. Вусъат додани фаъолияти муошират барои пешбурди симои мусбати занон
29. Бо мақсади бартараф намудани қолабҳои иҷтимоию фарҳангии ҷомеа нисбат ба соҳибкории занон ва оммавигардонии соҳибкорӣ дар байни занон, омӯзиши асосҳои банақшагирии молиявӣ, маъмурикунонии андоз, буҷетикунонии бизнес-лоиҳаҳо, идоракунии истеҳсолот, интернет ва саводнокии рақамӣ, инчунин рафъи монеаҳои равонӣ дар байни занони соҳибкор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳо оид ба рушди инфрасохтори соҳибкорӣ ва пешрафти фарҳанги соҳибкорӣ дастгирӣ меёбад, бахусус:
- фароҳам овардани шароит барои рушди менторӣ (мураббӣ будан), аз ҷумла тавассути истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
- ташаккули низоми дастгирии ғайримолиявии субъектҳои соҳибкории хурду миёна (хизматрасонии ройгони телефонӣ ва онлайн-машваратҳо, марказҳои таълимӣ, бизнес-инкубаторҳо, хизматрасонии иттилоотӣ ва ғайраҳо) вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, технология ва воситаҳои муосир, идоракунии истеҳсолот, бозорҳои фурӯш ва логистикӣ ва дигар масъалаҳои муҳим;
- пешниҳоди машваратҳо, дастгирии таълимию равонӣ;
- ҷоннок намудани фаъолияти гурӯҳи кории дастгирии соҳибкории занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкили минбарҳои корӣ барои муоширати тиҷоратӣ бо занони соҳибкори муваффақ барои табодули таҷриба ва ҳамкориҳои судманди байниминтақавӣ;
- ҷорӣ намудани низоми омӯзиш барои ташкил, рушд ё васеъ намудани бизнеси худ, дастрасӣ ба захираҳои маблағгузории фаъолияти соҳибкорӣ;
- инъикоси мушкилоти соҳибкории хурду миёна дар воситаҳои ахбори омма;
- тарғиби мунтазами тасвирҳои мусбати соҳибкории занон ва инъикоси далели саҳми занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёт ва ҷомеаи кишвар;
- рушди инфрасохтори таҳаммулпазирӣ барои амалӣ намудани нақши оилавии марду зани соҳибкор (ташкили нигоҳубини кӯдак, реҷаи чандир, рӯзи кории нопурра, ташкили кори муздноки ҷамъиятӣ ва ғайраҳо);
- дар асоси имтиёз пешниҳод намудани биноҳо барои ташкили марказҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, чорабиниҳо, семинарҳо, дарсҳои омӯзишӣ ва форумҳои IT-технологияҳои нав барои занони соҳибкор;
- такмили низоми давлатии махзани маълумот, таъмини шаффофият ва самаранокии дастрасии мутақобил ба бизнес-иттилоот.
5. НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
30. Марҳила ба марҳила ва ба таври муназзам амалӣ намудани тадбирҳои Барнома ба рушд ва пурзӯр намудани дастгирии занони соҳибкор мусоидат хоҳад кард, ки он ба сиёсати ҷории давлатии гендерӣ комилан мувофиқат мекунад.
31. Ҷанбаи асосии самаранокии рушди соҳибкории занон сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ хоҳад буд, ки ба таъсиси низоми устувори иқтисодӣ ва мусоид вобаста ба пешбурди баробарии гендерӣ тавассути тавсеаи имкониятҳои иқтисодии занон нигаронида шудааст. Амалишавии бомуваффақияти вазифаҳо ва тадбирҳи пешбинишудаи Барнома имконият медиҳад, ки:
- шумораи занони ба фаъолияти бизнес-ассотсиатсияҳо ва гурӯҳҳои дигари ташкилотҳои занон ва ҷомеа ҷалбшаванда зиёд карда шавад;
- устувории эконизоми занони соҳибкор ба захираҳои молиявӣ ва иттилоотӣ таъмин гардад;
- монеаҳое, ки дастрасии занонро ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ дар натиҷаи нофаҳмии бонкҳо ба ниёз ва ё талаботи занони соҳибкор ва иқтидори онҳо ҳамчун бахши ҷолиби муштариён маҳдуд мекунанд, бартараф карда шаванд;
- намудҳои имконпазири гарав ҷорӣ карда шавад;
- саводнокии молиявӣ, андозӣ, малакаҳои соҳибкорӣ ва дастгирии иҷтимоии соҳибкории занон баланд бардошта шавад.
32. Ба сифати нишондиҳандаҳои амалишавии Барнома инҳо қабул карда мешаванд:
- теъдоди корхонаҳои нав;
- теъдоди корхонаҳои хурду миёнаи нав;
- теъдоди занони соҳибкор - стартапҳои инноватсионӣ;
- теъдоди корхонаҳои нав дар бахшҳо ғайрианъанавӣ;
- занони соҳибкор СТЕМ (илм ва тиҷорат);
- ҳиссаи соҳибкории занон дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, содирот, арзиши иловашуда ва шуғл;
- шумораи занон дар шуғли доимӣ ва расмӣ.
6. МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА МЕХАНИЗМИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
33. Маблағгузории Барнома дар се соли аввал дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида дар ҳаҷми 765 000 сомонӣ, маблағҳои шарикони рушд дар ҳаҷми 3 965 000 сомонӣ, маблағҳои бахши хусусӣ дар ҳаҷми 270 000 сомонӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба маблағи умумии 5 000 000 сомонӣ амалӣ карда мешавад.
34. Идораи умумии рафти амалисозии Барнома, мониторинг ва ҳамоҳангсозии раванди амалисозии он аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
7. МОНИТОРИНГИ АРЗЁБИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
35. Мониторинг ва арзёбии Барнома аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
36. Мониторинг ва арзёбии Барнома дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.
37. Дар назар аст, ки Барнома бо дар назар доштани нақшаи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои соли тақвимии оянда дар низоми банақшагирии ҳарсола ба танзим дароварда мешавад.
38. Нишондиҳандаҳои асосии мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз нишондиҳандаҳои мақсадноки он бармеоянд. Мониторинги номбурда дар асоси пайгирии мунтазами нишондиҳандаҳои тасдиқшуда, ки ба меъёрҳои андозагирӣ, мувофиқат, арзиши пасти ҷамъоварии иттилоот ва инъикоси мустақими натиҷаҳои миёнамуҳлат ҷавобгӯ мебошанд, таъмин менамояд.
39. Истифодаи самараноки мониторинг, баҳодиҳии самаранокӣ ва назорати арзёбии пешрафтро мувофиқи натиҷаҳои пешбинишуда ва захираҳои ҷудошуда таъмин менамояд.
40. Нишондиҳандаҳои асосии самаранокии амалисозии Барнома замима мегарданд.
8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
41. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалисозии Барнома ҳамасола маълумот таҳия карда, дар сомонаи интернетии худ ҷойгир менамояд. Инчунин нақшаи амали минбаъдаи Барномаро барои солҳои 2026 ва 2027 бо тартиби муқарраргардида таҳия карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Ниг. ба Замима
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 ноябри соли 2023, № 545
Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027