ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ
(қарори Ҳукумкати ҶТ аз 30.10.2024
№ 576)
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи инҳисороти табиӣ" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тарифҳои неруи барқ, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ба истифодабарандагон тақсим мешаванд, тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
2. Тарифҳои неруи барқ барои истеҳсол ва интиқол, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" интиқол дода мешавад, тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
3. Тарифҳои неруи гармӣ, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, тасдиқ карда шавад (замимаи 3).
4. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани тарифи миёнаи неруи барқ бо роҳи қабули фармоиши дахлдор ба тарифҳои неруи барқ, ки аз рӯйи онҳо Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои интиқоли барқ" ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" хизматрасониро анҷом медиҳад, коэффитсиенти тасҳеҳ (корректировка)-ро муайян намояд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, № 449 "Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
6. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2024 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 ноябри соли 2023, № 546
Ниг. ба Замимаҳои 1-3 (№ 576)

Ниг. ба Замимаҳои 1-3