×

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нет Солюшенс" ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Душанбе Сити Бонк" дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи "Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 10 октябри соли 2023

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 ноябри соли 2023, № 1149

тасдиқ шудааст

Замима 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 сентябри соли 2023, № 455

СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КОНСОРСИУМИ САРМОЯГУЗОРОН ДАР ҲАЙАТИ ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ "НЕТ СОЛЮШЕНС" ВА ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ ПӯШИДАИ "ДУШАНБЕ СИТИ БОНК" ДАР БОРАИ АМАЛӢ КАРДАНИ ЛОИҲАИ "ТАШКИЛИ ТАВАҚҚУФГОҲҲОИ МУЗДНОК, НУҚТАҲОИ БАРҚДИҲАНДА ВА НИЗОМИ АВТОМАТИКУНОНИДАШУДАИ БАҚАЙДГИРИИ ВАЙРОНКУНИИ ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

 

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нет Солюшенс" ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Душанбе Сити Бонк" (минбаъд - Консорсиуми сармоягузорон) дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи "Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд - Созишномаи сармоягузорӣ) бо мазмуни зерин ба имзо расонида шудааст:

1. ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (минбаъд - Ҳукумат) дар шахсияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ); ва

2. КОНСОРСИУМИ САРМОЯГУЗОРОН дар шахсияти пешбари консорсиум Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нет Солюшенс" (минбаъд - Сармоягузор):

- бо дарназардошти муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сармоягузорӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ";

- бо мақсади амалисозии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025;

- бо мақсади амалисозии Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Стратегияи рушди иқтисоди "сабз" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037;

- бо эътирофи он, ки низоми имтиёзҳо ва кафолатҳои дар Созишномаи сармоягузории мазкур пешниҳодгардида сармоягузориҳои хусусӣ ва рушди иқтисодиётро ҳавасманд гардонида, ба афзоиши захираҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мусоидат менамояд;

- бо мақсади анҷом додани фаъолияти муштарак ва дар ин замина таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, рушди иқтисоди "сабз", рушд додани соҳаҳои хизматрасонӣ ва таъмини сатҳи баланди бехатарӣ дар роҳҳои автомобилии кишвар, ба низом даровардани таваққуфи воситаҳои нақлиёт, воридоти технологияи муосир, ҷалби сармоягузории мустақим, инчунин таъсиси ҷойҳои нави кории доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо инобати бо истифода аз он, ки Сармоягузор аз сармоягузории худӣ ва ҷалбшаванда, технологияҳои муосир, таҷҳизоти замонавӣ ва тавассути омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа низомеро ташаккул медиҳад, ки ба таври назаррас бехатарии ҳаракат дар роҳ, рушди иқтисоди "сабз" ва амнияти ҷамъиятиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

- дар робита бо муқаррароти болозикр ва бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн Ҳукумат ва Сармоягузор, ки минбаъд дар якҷоягӣ Тарафҳо номида мешаванд, ба мувофиқаи зерин расиданд:

МОДДАИ 1 МАФҲУМҲО

Дар Созишномаи сармоягузории мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- Созишномаи сармоягузорӣ - Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сармоягузор ба имзо расонидашуда оид ба амалисозии Лоиҳа;

- Лоиҳа - лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба лоиҳакашӣ ва ҷорӣ намудани таваққуфгоҳҳои музднок, нуқтаҳои барқдиҳанда ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (минбаъд - низом);

- зернизомҳо, ки низомро ташкил менамоянд:

* зернизоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;

* зернизоми ташкили таваққуфгоҳҳои музднок;

* зернизоми нуқтаҳои барқдиҳанда барои воситаҳои нақлиёти барқӣ;

* ва зернизомҳои дигари алоқаманд;

- Объектҳои лоиҳа - молу мулки манқул ва ғайриманқуле, ки дар доираи зернизомҳои Низом харидорӣ, насб ва/ё ташаккул дода мешаванд;

- консорсиуми сармоягузорон - ташкилот бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ, ки мутобиқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти муштарак (ширкати оддӣ) байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нет Солюшенс" (Пешбари консорсиум) ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Душанбе Сити Бонк" бо мақсади амалисозии Лоиҳа таъсис дода шудааст;

- Сармоягузор - Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нет Солюшенс" (пешбари Консорсиум) ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Душанбе Сити Бонк";

- сохтори ваколатдор - Корхонаи воҳиди давлатии "Шаҳри ҳушманд", ки дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст;

- мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор - ҳамаи вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, хадамотҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар амалисозии Лоиҳа алоқамандии бевосита ва уҳдадориҳо доранд;

- иҷозатҳо - ҳамаи иҷозатҳои махсус (иҷозатномаҳо) барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, ки аз ҷониби мақоми иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳӣ дода шудааст; ҳамаи ҳуҷҷатҳои маъмурии дорои хусусияти иҷозатдиҳие, ки аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ ба шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ барои амалӣ намудани намуди муайяни фаъолият ё амал бо нишон додани муҳлати он ва риояи ҳатмии шартҳои иҷозатдиҳӣ дар шакли иҷозат, сертификат, хулоса, санади тасдиқ, мувофиқакунӣ, шаҳодатнома, аттестат, бақайдгирӣ, супориш ва қарор дода мешавад, инчунин ҳамаи намудҳои дигари ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, эътимоднокӣ ва/ё ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ва/ё техникие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, аз ҷумла иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷӣ;

- қонунгузории татбиқшаванда - ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҷрибаи байналмилалӣ - амалияи пешрафтаи байналмилалӣ, усулҳо, стандартҳо ва расмиёте, ки ба муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкур ва қонунгузории татбиқшаванда мухолифат намекунанд;

- тасдиқ - тасдиқ гардидани Созишномаи сармоягузории мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда;

- шахс - шахси воқеӣ, ширкат, корпоратсия, хоҷагии ҷамъиятӣ, иттиҳодия, ҳукумат, давлат, муассисаи давлатӣ, ассотсиатсия, ҷамъияти саҳомӣ, корхонаи муштарак, траст ва муассисаи дигар;

- имтиёзҳо - тибқи Созишномаи сармоягузории мазкур пурра ё қисман озод кардан аз пардохти андозу пардохтҳои ҳатмие, ки қонунгузории андоз ва гумрук пешбинӣ менамоянд;

- форс-мажор (ҳолати рафънопазир) - ҳодисае, ки аз Тарафҳо вобаста набуда, тағйироти заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, буҳрони иқтисодӣ, ҳолати фавқулода, офатҳои табиӣ, амалиёти ҳарбӣ, эпидемия, пандемия, таҳдидҳои мустақими ҳуҷум, ки метавонанд ба амалисозии Лоиҳа таъсир расонанд;

- пардохтҳои ҳатмӣ - пардохт ва хироҷҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ ситонида мешавад;

- тарифҳои хизматрасонии пулакӣ - тарифҳои хизматрасонии пулакии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва корхонаву идорае, ки ба доираи идоракунии онҳо дохиланд ва тибқи қонунгузории ҷорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ ба мувофиқа расонида шудаанд;

- пардохтҳои гумрукӣ - боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад, аксиз, ки ҳангоми воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад ва пардохти махсуси гумрукӣ;

- нуқтаи барқдиҳанда - қисми инфрасохтори шаҳрӣ, ки дар он воситаҳои нақлиёти автомобилии барқӣ бо қувваи барқ таъмин мегарданд;

- корҳо - ҳама гуна корҳои вобаста ба лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, кӯчонидан, таъмир ё таҷдиди биноҳо ва иншоот, насб ва ба кор андохтани таҷҳизот, истеҳсол, коркард, инчунин хизматрасониҳои иловагӣ ва чорбиниҳои Сармоягузор, ки ба амалисозии Лоиҳа равона карда шудаанд.

МОДДАИ 2 АМАЛИСОЗИИ ЛОИҲА

2.1. Лоиҳа аз ҷониби Сармоягузор амалӣ карда мешавад.

2.2. Сармоягузор дар амалисозии Лоиҳа бо Ҳукумат ва мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор ҳамкорӣ менамояд.

2.3. Тибқи Созишномаи сармоягузории мазкур Сармоягузор Лоиҳаро дар давоми 10 (даҳ) сол амалӣ менамояд ва Ҳукумат ба Сармоягузор барои амалисозии Лоиҳа тибқи қонунгузории татбиқшаванда мусоидат менамояд.

2.4. Сармоягузор барои амалисозии Лоиҳа дорои захираҳои зарурии молиявӣ, технологӣ ва тахассусӣ мебошад.

2.5. Ҳукумат мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда барои амалисозии самараноки Лоиҳа имтиёзҳоро фароҳам меорад.

МОДДАИ 3 МАБЛАҒГУЗОРИИ ЛОИҲА

3.1. Сармоягузор ҳуқуқ дорад барои маблағгузории Лоиҳа бо истифода аз ҳама воситаҳои қонунӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ ба сармояи оинномавӣ, иштирок дар сармояи шахсони дигар, истифодабарии манбаъҳои худӣ, фоидаи софи аз фаъолияти истеҳсолӣ, инчунин фаъолияти корхонаҳои муштарак, ҷамъиятҳои фаръӣ, филиал ва намояндагиҳои худ бадастоварда, ҷалби қарзи соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак бо шахсони сеюм ва/ё истифодабарии қарзҳое (аз ҷумла қарзҳои бефоиз), ки аз муассисон, аъзои Консорсуми сармоягузорон ва/ё шахсони сеюм гирифта мешаванд, маблағҳои заруриро ҷалб намояд.

3.2. Барои амалисозии самараноки Лоиҳа Сармоягузор маблағгузории Лоиҳаро дар ҳаҷми зарурӣ анҷом медиҳад.

3.3 Ҳаҷми маблағгузории Лоиҳа бо дарназардошти имконияти васеъкунии минбаъдаи обектҳои Лоиҳа дар самтҳои иловагӣ метавонад то 10 000 000 (даҳ миллион) доллари ИМА, вале на кам аз 5 000 000 (панҷ миллион) доллари ИМА-ро (бо дарназардошти қурби расмии доллари ИМА нисбат ба асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи имзои Созишномаи сармоягузории мазкур) ташкил диҳад.

3.4. Маблағгузории Лоиҳа инҳоро дар бар мегирад, вале маҳдуд намегардад:

- маблағгузории асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ;

- маблағгузории сохтмони низом;

- маблағгузории истифодабарӣ, хизматрасонии техникӣ ва нигоҳдории низом ва инфрасохтори зарурӣ дар доираи амалисозии Лоиҳа дар муҳлати амали Созишномаи сармоягузории мазкур.

3.5. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки маблағҳои аз ҳисоби ҷамъоварии ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба воситаи низом ба қайд гирифта шудаанд, ҳаққи хизматрасонии таваққуфгоҳҳои музднок, ҳаққи истифодабарии нуқтаҳои барқдиҳанда, инчунин манбаъҳои дигари имконпазир, ки дар доираи Лоиҳа ташаккул меёбанд барои барқарор кардани хароҷоти маблағгузорӣ, сохтмон, нигоҳубин, истифодабарии мунтазами низом ва гирифтани фоида аз тарафи Сармоягузор равона карда мешаванд.

Тақсимоти маблағҳои ҷамъоваригардида байни Тарафҳо ба тариқи зайл амалӣ карда мешавад:

- зернизоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҳисоби ҷаримаҳо: Ҳукумат - 50% (панҷоҳ фоиз) ва Сармоягузор - 50% (панҷоҳ фоиз);

- зернизоми ташкили таваққуфгоҳҳои музднок аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонии таваққуфгоҳҳои музднок ва ҷаримаҳо дар ҳудуди таваққуфгоҳҳои музднок: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - 50 % (панҷоҳ фоиз) ва Сармоягузор - 50% (панҷоҳ фоиз).

3.6. Тарафҳо бо мақсади ба таври дахлдор тақсим кардани маблағҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоми маблағҳо аз ҳисоби ситонидани ҳаққи хизматрасонӣ ва ҷаримаҳо, ки дар доираи амалисозии зернизоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва зернизоми ташкили таваққуфгоҳҳои музднок ҷамъоварӣ гардидаанд, дар давоми муҳлати амали Созишномаи сармоягузории мазкур дар асоси ҳисобномаи пешниҳоднамудаи Сармоягузор ба суратҳисоби транзитии махсуси Сармоягузор, ки дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Душанбе Сити Бонк" кушода шудааст, ворид карда мешаванд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ин маблағҳо тариқи беаксептӣ байни Ҳукумат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сармоягузор бо дарназардошти ҳиссаҳои муқарраршудаи Тарафҳо тақсим карда мешаванд. Ҳисобкунии андозҳои дахлдори маблағҳои пулии Сармоягузор, танҳо пас аз тақсимоти маблағҳо ва аз суратҳисоби транзитии махсуси ба суратҳисоби ҷории Сармоягузор гузаронидани ҳиссаи дахлдори он амалӣ карда мешавад.

3.7. Бо дарназардошти харидани қисми асосии техника, технология ва таҷҳизот аз хориҷа, маблағи сармоягузорӣ ва маблағи бозпасгардонии сармоягузорӣ бо доллари ИМА нишон дода шудааст.

3.8. Бо мақсади муайян намудани подошпулӣ ба сохтори ваколатдор, байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ва сохтори ваколатдор шартномаи алоҳида баста мешавад.

3.9. Сармоягузор ҳуқуқ дорад дар рафти амалисозии Лоиҳа шакли ташкилию ҳуқуқӣ, роҳбарият, молу мулки худро бе расонидани зарар ба Лоиҳа тағйир диҳад. Дар сурати тағйир додани шакли ташкилию ҳуқуқӣ, Сармоягузор уҳдадор аст Ҳукуматро огоҳ созад. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки чунин тағйирёбӣ ба ҳуқуқ, озодкунӣ, имтиёзҳо ва кафолатҳое, ки ба Сармоягузор мутобиқи Созишномаи сармоягузории мазкур дода шудаанд, инчунин ба низоми махсуси ҳуқуқӣ, аз ҷумла низоми махсуси андозӣ ва гумрукӣ, ки Созишномаи сармоягузории мазкур муқаррар намудааст, таъсир намерасонад.

3.10. Сармоягузор набояд таҳти ягон маҳдудияти ин ё он ҳуқуқ аз рӯйи Созишномаи сармоягузории мазкур қарор гирад. Сармоягузор ҳуқуқ дорад дар мавриди афзоиш ё коҳиш ёфтани хароҷот, ҳаҷми сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодии Лоиҳаро бо мувофиқаи Ҳукумат тағйир диҳад.

МОДДАИ 4 ИҶОЗАТҲО

4.1. Ҳукумат тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ амал намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор тибқи муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкур ва қонунгузории татбиқшаванда ба Сармоягузор ҳамаи иҷозатҳои барои амалишавии Лоиҳа заруриро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, вале на дертар аз 15 рӯзи корӣ аз лаҳзаи муроҷиат кардан ба мақомоти дахлдори давлатӣ медиҳад ва/ё тамдид мекунад ва/ё аз нав ба расмият медарорад. Ҳукумат тибқи қонунгузории татбиқшаванда бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ, иваз ё тамдиди муҳлати амали иҷозатҳое, ки барои амалисозии самараноки Лоиҳа заруранд, чораҳои зарурӣ меандешад, аз ҷумла:

1) шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин нисбат ба Лоиҳа, иншооти барқароршаванда ва иншооти ба онҳо алоқаманд, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ, коммуникатсия, ҳуқуқи истифодаи хатти ҷудошуда ва дигар, ки ба Лоиҳа алоқаманд ва зарур мебошанд, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқҳоро бе истисно ба қитъаҳои лоиҳавӣ ва Лоиҳа тасдиқ мекунанд;

2) иҷозатҳои зарурӣ барои сохтмон, таҷдид ва ба истифода додани объектҳои зернизомҳо, инфрасохтор ва объектҳои дигари вобаста ба татбиқи Лоиҳа, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ, гиреҳҳо, гузаронидани коммуникатсияҳои алоқаманд, инчунин гирифтани ҳамаи иҷозатҳо, ташхисҳо, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва/ё техникӣ ва мувофиқаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ва корхонаву идораҳои давлатӣ вобаста ба Лоиҳа;

3) иҷозат барои насб, истифодабарӣ ва таъмини таҷҳизот;

4) иҷозат барои воридоти таҷҳизот, масолеҳ ва молу мулки дигар, ки барои амалисозии Лоиҳа заруранд;

5) мувофиқаҳо ва хулосаҳои мақомоти оташнишонӣ, хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ ва ташхиси экологӣ;

6) иҷозат ва хулосаҳои мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор нисбат ба асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари лоиҳавӣ-техникӣ (ҳангоми зарурат);

7) иҷозат барои ташкили анбор дар ҳудуди амалисозии Лоиҳа (ҳангоми зарурат);

8) таъмини мунтазам бо неруи барқ дар ҳаҷми зарурӣ бе маҳдудиятҳои мавсимӣ барои амалисозии Лоиҳа дар доираи тарифҳои муқарраргардида;

9) иҷозат барои интиқоли техника ва таҷҳизоти зарурӣ ба қитъаи лоиҳавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳангоми зарурат);

10) иҷозат барои дастрасӣ ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқ, насб намудани таҷҳизоти иловагии барқӣ, аз ҷумла трансформаторҳо ва кабелҳои барқӣ, гузаронидани қубурҳо, кандани нақбҳо, инчунин иҷозат барои сохтмони инфрасохтори зарурӣ барои амалисозии Лоиҳа;

11) иҷозат барои истифодаи низоми алоқаи кайҳонӣ, телефонҳо, низоми моҳворавии мавқеъмуайянкунӣ (GPS), технологияҳои тадқиқи фосилавӣ ва ғайра тибқи талаботи Лоиҳа (дар ҳолати зарурӣ);

12) иҷозатҳо ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки барои амалисозии Лоиҳа зарур мебошанд.

4.2. Ҳукумат тавассути мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор тибқи қонунгузории татбиқшаванда иҷозатҳои дар боло зикргардидаро дар ҳолати дархост шудан аз ҷониби Сармоягузор иваз менамояд, аз нав тасдиқ мекунад ва тамдид менамояд.

4.3. Сармоягузор ҳангоми гирифтани иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ тамоми боҷҳои давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмию тибқи қонунгузории татбиқшаванда, ба истиснои тарифҳои хизматрасонии давлатӣ, мувофиқи меъёру усули дар санаи гирифтани ҳар иҷозат пардохт мекунад.

4.4. Сохтори ваколатдор дар ҳолати зарурӣ инфрасохтори худро ба Сармоягузор ҷиҳати истифода намудан, аз ҷумла бо мақсади ҷойгир намудани маркази идоракунии Лоиҳа дар бинои сохтори ваколатдор бо дарназардошти ҷалби намояндагони мақомоти ваколатдори дахлдори давлатӣ, ки дар амалӣ намудани Лоиҳа зарур мебошанд, пешниҳод менамояд.

МОДДАИ 5 АСОСНОККУНИИ ТЕХНИКӢ-ИҚТИСОДӢ

5.1. Асосноккунии техникӣ-иқтисодии Лоиҳа тибқи қонунгузории татбиқшаванда дар мувофиқа бо Ҳукумат аз ҷониби Сармоягузор бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ё хориҷӣ омода карда мешавад.

5.2. Асосноккунии техникӣ-иқтисодии Лоиҳа раванди технологӣ, талаботи истеҳсолӣ, муҳлат, самаранокии иқтисодӣ ва таъсири экологии Лоиҳаро дар бар гирифта, тибқи қонунгузории татбиқшаванда ва таҷрибаи байналмилалӣ тартиб дода мешавад.

МОДДАИ 6 КУМАК ВА КАФОЛАТҲОИ ИЛОВАГӢ, КИ БА САРМОЯГУЗОР АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТ ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД ВА ҲУҚУҚҲОИ МАХСУСИ ҲУКУМАТ

6.1. Ҳукумат эътироф мекунад ва розӣ мебошад, ки дар давоми муҳлати Созишномаи сармоягузории мазкур ба Сармоягузор инҳо пешниҳод мешаванд: (а) низоми мусоиди ҳуқуқии сатҳаш на пасттар аз сатҳи низоми ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Тоҷикистон пешниҳодшуда ва (б) ҳуқуқу бартариҳое, ки ба ҳар як сармоягузори хориҷӣ ё корхона бо иштироки хориҷӣ пешниҳод мешаванд.

6.2. Ҳукумат тамоми кӯшишҳои қобили қабулро, ки тибқи қонунгузории татбиқшаванда зарур ва мақсаднок мебошанд, ҷиҳати ба Сармоягузор расонидани кумак барои аз Ҳукумат ва мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор базудӣ гирифтани иҷозатномаҳои лоиҳавӣ, ҷудокунии замин, ки бо сертификатҳои дахлдор барои ҳуқуқи заминистифодабарӣ тасдиқ шудаанд, ва ҳамаи барасмиятдарориҳои зарурӣ, иҷозат барои анҷом додани сохтмон, иҷозатҳо ва розигиҳо, қарорҳо, ҷонибдориҳо, озодкуниҳо, таъинот, иҷозатномаҳо, тағйир додани минтақабандӣ, маълумотномаҳо ва ҳуҷҷатҳо, воситаҳо ва навъҳои дигари онҳо, ба харҷ медиҳад, инчунин кӯшишҳои тибқи қонунгузории татбиқшаванда зарур ё мақсаднокро ба харҷ медиҳад, то ба Сармоягузор ҷиҳати босамар ва ба таври судманд амалӣ намудани Лоиҳа кумак расонад.

6.3. Тибқи қонунгузории татбиқшаванда Ҳукумат ҳангоми зарурат ба пудратчиён, зерпудратчиён, муҳандисони лоиҳавӣ, муҳандисони мустақил ва ба ҳама гуна мутахассисон ва кормандони хориҷии ба ин ҳуқуқдоштаи Сармоягузор, ки барои амалисозии Лоиҳа зарур мебошанд, раводидҳои дахлдор медиҳад. Дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумат Сармоягузор ва кормандони хориҷӣ ҳуқуқ доранд аз гирифтани иҷозатҳо дар давраи амали Созишномаи сармоягузорӣ озод бошанд.

6.4. Бо мақсади амалисозии самараноки Созишномаи сармоягузории мазкур, Ҳукумат мустақилона ва ё тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор мешавад, ки:

a) риояи пурраи муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкурро аз тарафи тамоми мақомоти ваколатдори давлатии дахлдори барои амалишавии Лоиҳа масъул таъмин намояд;

б) бо дархости Сармоягузор дар мавриди мақоми ҳуқуқии Созишномаи сармоягузории мазкур ва муқаррароти алоҳидаи он тасдиқоти хаттӣ пешниҳод намояд;

в) иҷрои муқаррароти банди 3.5. Созишномаи сармоягузории мазкурро ҷиҳати ҷамъоварии ҷаримаҳо таъмин намояд;

г) ҷиҳати таъмини барқи доимӣ барои нуқтаҳои барқдиҳанда ва дигар таҷҳизотҳои дигари вобаста ба амалигардонии Лоиҳа чораҳои зарурӣ андешад.

6.5. Ҳукумат иловатан ба Сармоягузор инҳоро тасдиқ менамояд ва кафолат медиҳад:

a) санадҳои Ҳукумат ё ҳар мақоми ваколатдори давлатии дахлдорро, ки барои паст кардани арзиши маблағгузориҳои Сармоягузор равона гардидаанд, қабул намекунад;

б) молу мулки Сармоягузор мусодира ва миллӣ кунонида намешавад, ба истиснои амалӣ кардани он барои эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ бо пардохти ҳатмии ҷуброн дар ҳаҷм ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) ҳуқуқи дар асоси шартнома амалӣ намудани фаъолияти тиҷоратӣ, интихоби контрагентҳо аз рӯйи созишномаҳо ва объектҳои созишномаҳо, озодии муайянкунии уҳдадориҳои дахлдор ва ё ҳама гуна шартҳои дигари шартнома;

г) ҳуқуқи машғул шудан ба ҳама гуна намудҳои фаъолияти тиҷоратӣ дар доираи Лоиҳа, ки метавонанд барои мақсадҳои амалишавии Лоиҳа лозим шаванд, ҳуқуқ барои анҷом додани фаъолияти тиҷорати хориҷӣ ва амалиёти содиротию воридотӣ;

ғ) ҳуқуқи бе ягон маҳдудият бо шартҳои имтиёзнок гирифтани ҳама гуна қарзҳо ва кафолатҳо, амонат ва уҳдадориҳои кафолатии монанд аз/ба бонкҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ, ширкатҳо ва ташкилотҳо ва ё барасмиятдарории суғуртакунӣ дар ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ;

д) ҳуқуқи сармоягузорӣ намудан ва такроран сармоягузорӣ намудани фоидаи дар доираи Лоиҳа бадастовардашуда, агар он барои мақсадҳои амалишавии Лоиҳа зарур бошад.

6.6. Ҳукумат иловатан тасдиқ менамояд ва кафолат медиҳад, ки Сармоягузор ҳуқуқ дорад натиҷаҳои сармоягузориҳои худ, аз ҷумла сармоягузории такрорӣ ва амалиёти тиҷоратиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз ҳудуди он соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намояд.

6.7. Ҳукумат ҳуқуқи Сармоягузорро барои мубодилаи озод ба ҳама гуна асъор, аз ҷумла ба хориҷи кишвар интиқол додани фоидаи софи он пас аз пардохт намудани андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дигар (ба истиснои ҳолатҳои дар Созишномаи сармоягузории мазкур пешбинигардида) кафолат медиҳад, аз ҷумла:

a) фоидаи Сармоягузор, ки дар натиҷаи фаъолияти Сармоягузор, инчунин фурӯши пурра ва қисмани ҳиссаи иштироки онҳо дар сармояи оинномавии Сармоягузор дар давраи амалишавии Лоиҳа ва ё пас аз анҷоми он ва ё дар ҳолати қатъ гардидани Лоиҳа ба даст оварда шудааст;

б) фоидае, ки дар натиҷаи бегонакунии молу мулк ба даст оварда шудааст ва ё ҳуқуқҳои дар рафти амалишавии Лоиҳа ташкил ва ё ба таври дигар соҳибшудаи Сармоягузор.

6.8. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки агар Лоиҳа бо сабабҳои форс-мажор (ҳолатҳои рафънопазир) ё иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз тарафи Ҳукумат қатъ шавад, Сармоягузор ҳуқуқ дорад, ки дороиҳо ва молу мулкро ба иштирокчиён ё муассисони худ ба таври оқилона баргардонад ва ин иштирокчиён дороиҳо ва молу мулкро баргашта мехаранд.

6.9. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки Сармоягузор метавонад озодона фоидаи худро пас аз пардохт намудани андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дигар ба асъори хориҷӣ мубодила намояд ва чунин фоидаро ҳар вақт дар рафти амалисозии Лоиҳа, новобаста аз тағйироти минбаъда дар қонунгузории татбиқшаванда, ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол намояд. 6.10. Илова ба ҳуқуқҳои дар муқаррароти дигари Созишномаи сармоягузории мазкур пешбинигардида Ҳукумат мустақилона ва ё тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ амал намуда, ба инҳо ҳуқуқ дорад:

- назорати фаъолияти Сармоягузор дар доираи Созишномаи сармоягузории мазкур;

- аз Сармоягузор талаб намудани иҷрои муқаррароту меъёрҳои қонунгузории татбиқшаванда ва Созишномаи сармоягузории мазкур;

- аз Сармоягузор дархост намудани ҳисоботи даврӣ оид ба амалишавии Лоиҳа;

- ба Сармоягузор пешниҳод намудани тавсияҳо ва таклифҳо барои амалисозии самараноки Лоиҳа.

6.11. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор, мақоми ваколатдори давлатӣ ва сохтори ваколатдори Лоиҳа барои амалисозии саривақтии Лоиҳа дар масъалаи ҳамкорӣ ва дастгирии Сармоягузор иқдомоти заруриро амалӣ менамоянд. Инчунин дар масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ, мувофиқасозӣ ё гирифтани иҷозат барои ҳар амалҳои манънакардаи қонунгузории татбиқшаванда, ки барои амалисозии Лоиҳа заруранд, бо ҳар роҳ, ошкоро ё ғайримустақим мусоидат менамоянд.

6.12. Мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор, мақоми ваколатдори давлатӣ ва сохтори ваколатдор бояд таъмин намоянд, ки барномаҳои зарурии огоҳкунии аҳли ҷомеа дар бораи зарурати амалисозии Лоиҳа то оғоз, дар ҷараёни амалисозӣ ва пас аз анҷоми Лоиҳа дар муҳлатҳои ҷоизи бо Сармоягузор мувофиқашуда гузаронида шаванд.

6.13. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки дар ҳолати зарурӣ намояндагони мақомоти ваколатдори дахлдори давлатӣ барои амалисозии Лоиҳа бо Сармоягузор ҳамкорӣ менамоянд.

МОДДАИ 7 АНДОЗҲО ВА ПАРДОХТҲО

7.1. Ба Сармоягузор ба муҳлати 5 (панҷ) сол аз санаи оғози фаъолияти низом имтиёзи озод будан аз пардохти андоз аз даромад ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда пешниҳод карда мешавад.

7.2. Воридоти мол ва ашёи хоме, ки бевосита барои амалисозии Лоиҳа истифода мешаванд, инчунин техника, таҷҳизоти истеҳсолию технологию ёрирасон ва маснуоти васлшавандаи онҳо, ки бо мақсади амалисозии Лоиҳа ворид карда мешаванд, дар давоми тамоми муҳлати Созишномаи сармоягузорӣ аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд. Номгӯй ва миқдори молҳои воридшаванда тибқи Номгӯйи молии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ дар давраи амалисозии Лоиҳа Сармоягузор метавонад номгӯйи молҳои ба таври иловагӣ воридшавандаро барои тасдиқ ба Ҳукумат пешниҳод намояд.

7.3. Тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ, бахусус қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди имзои Созишномаи сармоягузории мазкур қабул гардида, вазъи амалисозии Лоиҳаро вазнин мекунанд, дар муҳлати амали Созишномаи сармоягузории мазкур ба Сармоягузор татбиқ намешаванд.

МОДДАИ 8 КИРО НАМУДАНИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОН

8.1. Барои сохтмони объектҳои Лоиҳа ва таъмини фаъолияти Лоиҳа Сармоягузор хизматрасонии пудратчиён, зерпудратчиён ва кормандони дорои малакаи дахлдор, баландихтисос ва соҳибтаҷрибаро истифода мебарад. Дар давоми муҳлати амали Созишномаи сармоягузории мазкур на камтар аз 90 фоизи ҳисоби умумии кормандоне, ки амалисозии фаъолияти Лоиҳаро анҷом медиҳанд (новобаста аз он, ки онҳо кормандони штатии Сармоягузор мебошанд ё не), бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

8.2. Сармоягузор ҳангоми зарурат барои иҷрои кор дар доираи Созишномаи сармоягузории мазкур, аз ҷумла лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид, барқарорсозӣ ва амалисозии Лоиҳа ҳуқуқ дорад мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда ва Созишномаи мазкур мутахассисонро аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ ҷалб намояд.

МОДДАИ 9 ХАРИД, ИХТИЁРДОРӢ ВА ИНТИҚОЛИ АСЪОРИ ХОРИҶӢ

Мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда Ҳукумат бо он розӣ мешавад, ки (а) ба Сармоягузор иҷозат медиҳад, то бо мақсади (i) воридоти таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулот, мол, сӯзишворӣ, кор ва хизматрасонии заруриро барои босамар анҷом додани Лоиҳа ва инчунин эҳтиёҷоти маъмурии Сармоягузор, (ii) пардохти қарз бо доллари ИМА ва ё асъори хориҷии дигар аз рӯйи ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва (iii) бо риояи ҳамаи талаботи қонунгузории татбиқшаванда ба таври мунтазам ва доимӣ мубодила ва ба суратҳисобҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда ва амалкунандаи Сармоягузор интиқол додани даромад, подош ва сармояи бадастомада пас аз пардохти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дигар, маблағҳои худро марбут ба Созишномаи сармоягузории мазкур мубодила ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳад ва (b) ба иҷрои амалҳое, ки метавонанд бевосита ё ба таври ғайримустақим ба Сармоягузор барои (i) харидани асъори хориҷӣ дар бозори кушод; (ii) интиқоли ҳар гуна асъори хориҷӣ ба хориҷа дар ҳама гуна ҳаҷм; ё (iii) пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо риояи талаботи қонунгузории татбиқшаванда халал расонанд ё фаъолияти онро маҳдуд кунанд, роҳ намедиҳад.

МОДДАИ 10 УСТУВОРИИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ

10.1. Муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкур дар давоми муҳлати амали он, сарфи назар аз тағйиру иловаҳои минбаъда дар қонунгузории татбиқшаванда, эътибори худро нигоҳ медоранд.

10.2. Мақоми ваколатдори давлатӣ Созишномаи сармоягузории мазкурро ба феҳристи давлатии созишномаҳои сармоягузорӣ ворид менамояд ва ҳамаи мақомоти давлатии ваколатдори дахлдорро дар бораи эътибор пайдо кардани Созишномаи сармоягузории мазкур хабардор месозад.

10.3. Дар робита ба иҷрои Созишномаи сармоягузории мазкур асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳаи сохтмон, Сармоягузор қонунгузории татбиқшаванда, Созишномаи сармоягузории мазкур ва таҷрибаи байналмилалиро риоя менамояд. Ҳеҷ тағйирот дар қонунгузории татбиқшаванда пас аз имзои Созишномаи сармоягузории мазкур наметавонад ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Сармоягузорро, ки дар Созишномаи сармоягузории мазкур зикр шудаанд, бадтар гардонад. Тамоми шартҳои Созишномаи сармоягузории мазкур эътибори худро дар давоми муҳлати амали он, новобаста аз тағйироти минбаъда дар қонунгузории татбиқшаванда, нигоҳ медоранд. Тағйири шартҳои Созишномаи сармоягузории мазкур танҳо бо розигии мутақобилаи Сармоягузор ва Ҳукумат амалӣ карда мешавад. Ба Сармоягузор ҳама гуна муқаррароти қонунгузории татбиқшаванда, аз ҷумла тағйироти қонунгузорие, ки ба амалисозии Лоиҳа монеа мешаванд, дахл нахоҳад дошт. Дар ҳолати мавҷуд будани мухолифат байни қонунгузории татбиқшаванда ва Созишномаи мазкур, Созишномаи мазкур эътибори бартариятноки ҳуқуқӣ хоҳад дошт.

10.4. Ҳукумат бо шарти риояи муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкур тасдиқ менамояд, ки ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомотҳои ваколатдори давлатии дахлдор, ки бо ин ё он усул ҳуқуқ ва манфиатҳои мувофиқи Созишномаи сармоягузории мазкур ба Сармоягузор пешниҳодгардида ё ба таври дигари қонунӣ аз ҷониби Сармоягузор тибқи Созишномаи сармоягузории мазкур бадастовардаро вайрон мекунанд ё маҳдуд месозанд ва нисбат ба Сармоягузор ҷиҳати иҷрои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ дар доираи Созишномаи сармоягузории мазкур татбиқ намегарданд.

10.5. Ҳангоми пеш аз анҷоми муҳлати муқарраргардида сохтан ва ба истифода додани объектҳое, ки Лоиҳа пешбинӣ намудааст, инчунин тағйир ёфтани ҳаҷми сармоягузорӣ ё нишондиҳандаҳои иқтисодии Лоиҳа, эътибори Созишномаи сармоягузории мазкур дар давоми тамоми муҳлати амали он нигоҳ дошта мешавад, аз ҷумла имтиёзҳои махсуси андозӣ ва гумрукӣ, ки Созишномаи сармоягузории мазкур муқаррар намудааст, воқеӣ боқӣ мемонанд.

МОДДАИ 11 ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ

11.1. Ҳамаи тағйиру иловаҳо ба Созишномаи сармоягузории мазкур танҳо баъди аз ҷониби Тарафҳо ба имзо расонида шудани ҳуҷҷати иловагии дахлдор тибқи қонунгузории татбиқшаванда эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.

МОДДАИ 12 ҚАТЪИ АМАЛИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ

12.1. Амали Созишномаи сармоягузории мазкур метавонад бо розигии Тарафҳо ва дар шакли хаттӣ қатъ карда шавад.

12.2. Амали Созишномаи сармоягузории мазкур дар ҳолатҳои зерин метавонад яктарафа қатъ карда шавад:

Бо ташаббуси Ҳукумат:

- агар Сармоягузор ба таври дахлдор уҳдадориҳо ва муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкурро иҷро накунад;

- агар Сармоягузор Лоиҳаро дар муҳлати муқарраршуда амалӣ карда натавонад.

Бо ташаббуси Сармоягузор:

- агар Ҳукумат ба таври дахлдор уҳдадориҳо ва муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкурро иҷро накунад;

- агар Ҳукумат ё мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор ба амалишавии Лоиҳа монеа ва мушкилот эҷод намоянд.

12.3. Қатъи амали Созишномаи сармоягузории мазкур боиси он мегардад, ки тамоми ҳуқуқҳо, имтиёз ва сабукиҳои тибқи Созишномаи сармоягузории мазкур пешбинишуда бекор карда шаванд.

МОДДАИ 13 ҲОЛАТҲОИ РАФЪНОПАЗИР (ФОРС-МАЖОР)

13.1. Ҳеҷ яке аз Тарафҳо барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ягон уҳдадорӣ аз рӯйи Созишномаи сармоягузории мазкур ҷавобгар нахоҳад буд, агар чунин иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардан дар натиҷаи форс-мажор (ҳолати рафънопазир) ба вуқӯъ пайваста бошад.

13.2. Дар сурати фаро расидани форс-мажор (ҳолати рафънопазир), Ҳукумат ва Сармоягузор бояд:

(а) ба Тарафи дигар дар бораи чунин ҳолат дар муддати кӯтоҳтарин, вале ба ҳар ҳол дар муддати 60 (шаст) рӯз аз лаҳзаи маълум шудани чунин ҳолат огоҳии хаттӣ пешниҳод намояд ва дар он ҳолатро муфассал шарҳ дода, муҳлати эҳтимолии давомёбӣ ва оқибатҳои онро ба иҷро намудани уҳдадориҳо оид ба Созишномаи сармоягузории мазкур арзёбӣ кунад;

(б) бо мақсади коҳиш додани таъсири форс-мажор (ҳолати рафънопазир), дар муддати кутоҳтарин чораҳои дахлдор андешад.

13.3. Дар мавриди ба вуқӯъ омадани форс-мажор (ҳолати рафънопазир), Тарафҳо баҳри пайдо кардани роҳҳои баромадан аз чунин ҳолат машваратҳо доир карда, тамоми воситаҳои заруриро барои кам кардани оқибатҳои ҳолатҳои бавуҷудомада истифода мебаранд.

13.4. Дар ҳолати пурра ё қисман боздоштани корҳои вобаста ба Созишномаи сармоягузории мазкур, ки дар натиҷаи форс-мажор (ҳолати рафънопазир) ба вуҷуд омадаанд, давраи гузаронидани ин корҳо ба муҳлати амали форс-мажор (ҳолати рафънопазир) дароз карда шуда, аз лаҳзаи ба охир расидани чунин ҳолат аз нав барқарор хоҳанд шуд.

13.5. Агар бо сабаби ҳолатҳои рафънопазир ба ақидаи Тарафҳо амалисозии минбаъдаи Лоиҳа ғайриимкон гардад ва Тарафҳо аз уҳдаи амалисозии минбаъдаи Лоиҳа набароянд ё иҷро намудани уҳдадориҳо тибқи Созишномаи сармоягузории мазкур ғайриимкон шавад, Сармоягузор ва Ҳукумат метавонанд аз пешбурди минбаъдаи корҳо аз рӯйи Лоиҳа бе ягон ҷавобгарӣ даст кашанд.

13.6. Ҳолати рафънопазир (форс-мажор) ҳамчун асос барои талаби ҷуброни зарар маҳсуб намеёбад.

МОДДАИ 14 ҚОНУНГУЗОРИИ ТАТБИҚШАВАНДА ВА ҲАЛЛИ БАҲСҲО

14.1. Созишномаи сармоягузории мазкур тибқи қонунгузории татбиқшаванда тафсир карда мешавад.

14.2. Тарафҳо бояд кӯшиш намоянд, ки баҳсҳо бо роҳи машварат ва гуфтушунид ба танзим дароварда шаванд.

14.3. Агар баҳс бо роҳи машварат ва гуфтушунид дар муддати 60 (шаст) рӯз аз санаи ирсоли огоҳиномаи хаттӣ ҳаллу фасл нагардад, он барои баррасӣ ба мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

14.4. Суд инҳоро ба асос мегирад:

- Созишномаи сармоягузории мазкур;

- қонунгузории татбиқшаванда;

- қоидаҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сармоягузорӣ.

МОДДАИ 15 ТАҚСИМПАЗИРӢ

Ҳамаи муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкур алоҳида буда, амали ҷудогона доранд ва агар ягон муқаррарот ғайриқонунӣ, беэътибор ё бо санксияи ҳуқуқӣ таъминнабуда дониста шавад, ин ба эътибор доштан, қонунӣ будан ё бо санксияи ҳуқуқӣ таъмин будани ҳар муқаррароти дигари Созишномаи сармоягузории мазкур ё қисми он дахл надорад.

МОДДАИ 16 ГУЗАШТ КАРДАН

Созишномаи сармоягузории мазкур наметавонад ба тарафи сеюм гузашт карда шавад, агар Тарафҳо ба созиши дигар наомада бошанд.

МОДДАИ 17 МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

17.1. Созишномаи сармоягузории мазкур аз санаи тасдиқ гардидани он аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунад.

17.2. Муҳлати амали Созишномаи сармоягузории мазкур аз санаи тасдиқ гардидани он 10 (даҳ) солро ташкил мекунад.

17.3. Созишномаи сармоягузории мазкур дар шаҳри Душанбе 10 октябри соли 2023 дар ду нусхаи аслӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба имзо расонида шуд. Дар ҳолати ба миён омадани ихтилофи назар дар тафсири муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкур, ба матни тоҷикии он афзалият дода мешавад.

 

АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ

ва идораи амволи давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

________________

АЗ ҶОНИБИ

КОНСОРСИУМИ САРМОЯГУЗОРОН

 

Ҷамъияти дорои масъулияти

маҳдуди "Нет Солюшенс"

 

 

_________________

 

Ниг.ба Замима