Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 аз 31 октябри соли 2022, №532

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

 ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2022, №532

Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 (минбаъд - Барнома) бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани он, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла муқовимат бо тағйирёбии иқлим, таъмини тарзи ҳаёти солим ва мусоидат ба некуаҳволӣ барои ҳама, таъмини дастрасии умум ба манбаҳои неруи арзон, боэътимод, устувор ва муосир барои ҳама, таъмини гузариш ба шаклҳои оқилонаи истеъмол ва истеҳсолот, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидаанд, таҳия шудааст.

2. Ҳадафи Барномаро таъмини шароити мусоид барои рушди нақлиёти барқии категорияҳои М1, М2, М3, N1, N2 ва N3, ки тавассути муҳаррики барқӣ (минбаъд - нақлиёти барқӣ) ба ҳаракат дароварда мешаванд, ташкил медиҳад.

3. Вазифаҳои асосии амалисозии Барнома:

- бунёди нуқтаҳои барқгирӣ ва хизматрасонии техникӣ барои нақлиёти барқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - инфрасохтор);

- ташаккули маҷмуи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ;

- ташкили шароити мусоид барои безараргардонии аккумуляторҳои нақлиёти барқӣ;

- ташкили замина барои истеҳсоли нақлиёти барқӣ ва ҷузъиёти таркибии он.

2. ВАЗЪИ КУНУНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ

4. Дар замони имрӯза бо афзудани талаботи экологӣ ва боло рафтани нархи маҳсулоти нафтӣ соҳаи нақлиёти барқӣ боз мавқеи худро аз нав барқарор намуда истодааст. Нақлиёти барқӣ асосан дар шакли автомобилҳои гибридӣ (дурага), яъне насби муҳаррики дарунсӯз бо муҳаррики барқӣ дар автомобил аст, ки вобаста ба талабот бонавбат ё якҷо кор мекунанд. Инчунин саноати автомобилсозӣ дар замони ҳозира электромобилҳои танҳо бо қувваи барқ ҳаракаткунандаро низ истеҳсол карда истодааст.

5. Нақлиёти барқӣ дорои афзалиятҳои зерин мебошад:

- таъсири нисбатан пасттар ба муҳити зист, аз ҷумла партови ками карбон нисбат ба автомобилҳои дорои муҳаррики дарунсӯз;

- арзиши камтари хизматрасонии техникӣ;

- самаранокии баланди муҳаррикҳои барқӣ нисбат ба муҳаррикҳои дарунсӯз;

- муҳлати нисбатан зиёдтари истифодабарӣ.

6. Арзиши нақлиёти барқӣ бевосита аз арзиши аккумуляторҳо, ки асосан литий-ионӣ мебошанд, вобаста аст. Аммо бо рушди технология арзиши онҳо тадриҷан кам шудан мегирад. Аз ҷумла, ғунҷоиши аккумулятори нақлиёти барқии автомобилии сабукрав ба ҳисоби миёна 25 кВт.соат қувваи барқ мебошад, ки ин имконият медиҳад аз 250 то 300 км роҳро тай намояд. Барои 1000 адад воситаи нақлиёти барқӣ бошад 25000 кВт.соат қувваи барқ лозим аст.

7. Аккумуляторҳои литий-ионӣ як камбудии ҷиддӣ дошта, ғунҷоиши онҳо ҳангоми истифодаи тӯлонӣ дар ҳарорати поёнтар аз 150С кам мешавад. Ҳарорати паст шумораи даврҳои заряддиҳии онро хеле кам мекунад. Мушкилот тариқи ба таври сунъӣ танзим кардани ҳарорати аккумуляторҳо ҳал карда мешавад, ки дар навбати худ хароҷоти неру ва арзиши нақлиётро зиёд менамояд. Ин ҳолат бояд дар минтақаҳои нисбатан хунуки кишвар ба инобат гирифта шавад.

8. Тибқи маълумоти Агентии Байналмилалии Энергетикӣ ҳиссаи нақлиёти барқӣ (аз ҷумла гибридҳо) дар шумораи умумии қайди воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар Олмон, Фаронса, Британияи Кабир тақрибан 2,8 фоиз (мутаносибан 108 630, 61 350 ва 75 140 адад), Шветсия 11,4 фоиз (40700 адад), Голландия 15,1 фоиз (67520 адад)-ро ташкил медиҳад. Дар давлатҳои рушдкарда нисфи ҳиссаи ҳаҷми мусофирбарӣ ба нақлиёти барқӣ (автомобилҳои барқӣ, трамвай, троллейбус, қатораҳои барқӣ) рост меояд.

9. Бозори нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ташаккул қарор дошта, суръати пешрафти он суст арзёбӣ мегардад.

10. Сабабҳои асосии рушд накардани бозори нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин арзиши баланди воситаҳои нақлиёти барқӣ, мавҷуд набудани нуқтаҳои барқгирӣ, хизматрасонии техникӣ ва набудани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ба шумор мераванд.

11. Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги манбаъҳои барқароршавандаи неру, аз қабили гидроэнергетика, неруи офтобӣ ва бодӣ мебошад, ки барои рушди парки нақлиёти барқии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сарфаи сӯзишворӣ ҷолиб мебошад.

12. Айни замон 95 фоиз неруи барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешавад. Ин нишондиҳанда аз нуқтаи назари саҳми минтақавӣ оид ба коҳиш додани партовҳои гази карбон ба атмосфера хеле муҳим аст. Ғайр аз ин, истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқароршаванда, бахусус неругоҳҳои барқии обӣ яке аз арзонтаринҳо маҳсуб меёбад ва ин омили мусоид имкон медиҳад, ки соҳаи нақлиёт, махсусан нақлиёти мусофирбар ва роҳи оҳан асосан ба неруи барқӣ гузаронида шаванд.

13. Бо дар назар доштани вобастагии бевоситаи соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ аз воридоти маҳсулотҳои нафтӣ, инчунин тағйироти ғайричашмдошт дар сиёсати нархгузории ин маҳсулот дар ҷаҳон, гузариши марҳила ба марҳилаи соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз истифодаи сӯзишвории нафту газӣ ба неруи барқ мувофиқи мақсад мебошад.

14. Иқлими муътадили Тоҷикистон низ барои истифодаи нақлиёти барқӣ мусоид мебошад. Тавре маълум аст, шароити сарди иқлим ва ҳавои ниҳоят хунук ҳаракати нақлиёти барқиро хеле маҳдуд менамояд, зеро қисмати назарраси неруи захирашудаи нақлиёт барои гарм кардани салони автомобил сарф мешавад.

15. Рушди нақлиёти барқӣ имконият медиҳад, ки иқтидорҳои истифоданашудаи неругоҳҳои барқи обӣ (махсусан ҳангоми кам шудани талабот дар мавсими тобистон) ба кор андохта шаванд. Истифодабарии барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар соҳаи нақлиёт заминаи рушди иқтисодиёт мебошад.

16. Талабот ба нақлиётҳои барқии инфиродӣ аз ҳисоби воридот қонеъ карда мешавад. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2021 дар ҷумҳурӣ 527332 адад воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо (бо назардошти он зиёда аз 120 адад воситаи налиёти барқӣ) ба қайд гирифта шудааст, ки 463939 адади он воситаҳои нақлиёти сабукрав, 42145 адад воситаҳои нақлиёти боркаш, 15515 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар, 3411 адад мотосиклҳо, инчунин 2002 адад ядак ва 320 нимядакро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, парки нақлиёти мусофирбарии шаҳрӣ аз троллейбусҳо ва автобусҳо иборат буда, дар умум теъдоди онҳо 15811 ададро ташкил медиҳад.

17. Ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар тавозуни корхонаҳои коммуналии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 192 троллейбус, аз ҷумла 88 навъи муқаррарӣ ва 104 бо кашиши батарея, 687 автобус ва 1 электробус ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон, шумораи умумии автобусҳои коммуналӣ дар вилояти Суғд 100 ададро ташкил медиҳад.

3. ИСТИФОДАБАРИИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18. Дар натиҷаи амалисозии Барнома бояд ҳиссаи воситаҳои нақлиёти барқӣ дар парки умумии воситаҳои нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзояд, ки қисмати назарраси онро автомобилҳои аккумуляторӣ ташкил хоҳанд дод.

19. Барнома ҷиҳати рушди истифодаи нақлиёти барқӣ тадбирҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрию техникии амалкунанда ва таҳияи санадҳои нави меъёрӣ дар соҳаи мазкур;

- бунёди инфрасохтор ҷиҳати таъмини барқ ва хизматрасонӣ барои нақлиёти барқӣ;

- таҳияи чорабиниҳои илмӣ вобаста ба бехатарии истифодабарии нақлиёти барқӣ;

- таҳия ва амалисозии технологияҳои рақамӣ ва коммуникатсионӣ дар нақлиёти барқӣ;

- коркарди технологияи безараргардонии аккумуляторҳо;

- ташкили шароити мусоид ва ҷалбкунандаи сармоягузорӣ;

- пешниҳоди имтиёзҳои иловагӣ ва дигар тадбирҳо ба ронандагони нақлиёти барқӣ;

- таҳияи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ташкили заминаи моддию техникии истеҳсоли нақлиёти барқӣ ва ҷузъиёти таркибии он.

4. ТАШКИЛИ ИНФРАСОХТОРИ МАХСУС БАРОИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ

20. Мушкилоти асосие, ки соҳибони нақлиёти барқӣ бо он вомехуранд, ин мавҷуд набудани инфрасохтори махсус, аз ҷумла истгоҳҳои барқгирӣ мебошад. Аммо, дар замони ҳозира тамоюли рушди инфрасохтори ҷаҳонии энергетикӣ ба сатҳи сифатан нав баромадааст. Дар шаҳрҳои бузурги кишварҳои Аврупо истгоҳҳои барқгирӣ барои нақлиёти барқӣ дар таваққуфгоҳҳои марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва фароғатӣ ҷойгир шудаанд.

21. Тибқи эъломияи аврупоии "Неругирӣ дар ҳама ҷо", ки дар он беш аз 50 ширкати бузурги аврупоӣ иштирок доранд, дар ояндаи наздик афзоиши назарраси шумораи истгоҳҳои барқгирӣ барои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла дар ҳар як шоҳроҳ, маҳалла, таваққуфгоҳҳои марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва фароғатӣ, марказҳои хизматрасониҳои техникӣ ва дар назди ҳар як бинои маъмурӣ чашмдошт мешавад.

22. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се омили асосии монеаи рушди нақлиёти барқӣ ва инфрасохтори он мавҷуд аст:

- арзиши баланд ва мавҷуд набудани нуқтаҳои махсуси хизматрасонии техникӣ;

- набудани истгоҳҳои барқгирӣ;

- ҷолибияти пасти тиҷоратӣ барои сармоягузорон.

23. Барнома ҷиҳати рушди инфрасохтори махсус барои нақлиёти барқӣ тадбирҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- таҳияи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии инфрасохтори махсус барои нақлиёти барқӣ;

- муайян намудани феҳристи қитъаҳои озмоишӣ ва роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҷиҳати таъсиси инфрасохтори махсус барои нақлиёти барқӣ;

- муайян намудани самтҳои асосии рушди шабакаҳои барқгирӣ барои истгоҳҳои барқгирӣ ва тавсеаи марҳила ба марҳилаи онҳо;

- таҳияи механизми маблағгузории қисми хароҷоти ташкили инфрасохтори махсус;

- ташкили инфрасохтори барқгирии тавоноиаш зиёд (зиёда аз 22 кВт, вақти барқгирӣ то 80 фоиз дар 20-30 дақиқа) - на камтар аз 40 адад;

- ташкили инфрасохтори барқгирии тавоноиаш миёна (то 22 кВт, вақти барқгирӣ то 80 фоиз дар 2-10 соат) - на камтар аз 850 адад.

5. БЕЗАРАРГАРДОНИИ АККУМУЛЯТОРҲОИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ

24. Дар нақлиёти барқии ҳозиразамон бештар аккумуляторҳои литий-ионӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Безараргардонии аккумуляторҳои литий-ионӣ раванди мураккаб ва хатарнок мебошад.

25. Аккумуляторҳои литий-ионии истифодашуда ҳамчун гурӯҳи дуюми хатарнокӣ тасниф карда мешаванд. Онҳо дорои унсури фаъоли литий буда, ҳангоми таъсири об метавонанд дар ҳаво аланга гиранд. Аз ин рӯ, чунин аккумуляторҳо аксар вақт дар партовгоҳҳои гуногун ва ҳатто нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳо оташ мегиранд. Дар сурати осеб дидани баданаи муҳофизаткунандаи аккумуляторҳои литий-ионӣ, расиши кӯтоҳ бо хуруҷи гармӣ имконпазир аст, ки он метавонад сабаби таркиш гардад.

26. Асосан се усули маъмултарини безараргардонӣ ва коркарди аккумуляторҳои литий-ионӣ мавҷуд аст:

- усулҳои дастӣ (физикӣ);

- пирометаллургӣ;

- гидрохимиявӣ.

27. Айни замон, коркарди дубора ва безараргардонии аккумуляторҳои истифодашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда нашудааст. Бояд қайд намуд, ки маводи дар аккумулятор истифодашаванда метавонанд дар ҷараёни истеҳсолот дубора коркард ва истифода гарданд.

28. Ҷиҳати коркарди дубора ва безараргардонии аккумуляторҳои истифодашуда тадбирҳои зеринро амалӣ намудан зарур аст:

- таҳияи санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ;

- асосноккунии илмии технологияи коркарди безараргардонӣ ва истифодаи дубораи аккумуляторҳои истифодашуда;

- бунёди инфрасохтори ҷамъоварии аккумуляторҳои истифодашуда;

- ташкили фазои мусоид ва ҷалбкунандаи сармоягузорӣ барои бунёди корхонаҳои коркарди дубора ва безараргардонии аккумуляторҳои истифодашуда;

- таҳияи имтиёзҳои иловагӣ барои корхонаҳои коркарди дубора ва безараргардонии аккумуляторҳои истифодашуда.

6. ТАДБИРҲОИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ҶИҲАТИ РУШДИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ

29. Ташкили истеҳсолоти нав ва бунёди инфрасохтори зарурии барқгирӣ ва хизматрасонӣ яке аз сабабҳои рушди нақлиёти барқӣ мебошад. Афзоиши талабот ба нақлиёти барқӣ ва сарфаҷӯйии барқ бо роҳи амалӣ намудани тадбирҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва ташкилӣ амалӣ карда мешавад.

30. Ба ҳавасмандгардонии истеҳсоли нақлиёти барқӣ, ҷузъиёти таркибии он, иншооти инфрасохтори барқгирӣ ва хизматрасонии онҳо тадбирҳои зерин мусоидат мекунанд:

- пешниҳоди грантҳо барои гузарондани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи рушди нақлиёти барқӣ ва инфрасохтори он;

- пешниҳоди имтиёзҳо ва афзалиятҳо ба ташкилотҳое, ки нақлиёти барқӣ, ҷузъиёти таркибии онҳо ва лавозимоти инфрасохтории барқгирӣ истеҳсол мекунанд;

- андешидани чораҳое, ки ба таъмини кафолати фурӯши молу маҳсулот (корҳо, хизматрасониҳо) равона гардидаанд;

- амалисозии хариди давлатии нақлиёти барқӣ, иншооти инфрасохтори барқгирӣ бо истифода аз амалиёти харид аз як манбаъ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- ташаккули механизми фармоиши давлатӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ барои нақлиёти барқӣ бо мақсади азнавкунии паркҳои автобус ва троллейбусҳои истифодаи умум, барқикунонии парки нақлиёти коммуналӣ ва хизматӣ;

- андешидани тадбирҳо оид ба беҳтар намудани ҳамкории мутақобилаи кооперативӣ байни ташкилотҳои саноатӣ;

- ҷалби бахши хусусӣ бо пешниҳоди имтиёзҳо ба истеҳсол ва хизматрасониҳо барои нақлиёти барқӣ, инчунин иншооти инфрасохтори барқгирӣ ва хизматрасонӣ;

- расонидани ёрии машваратӣ ва дастгирӣ дар ташкил ва танзими истеҳсоли аккумуляторҳо бо риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи табиат;

- пешниҳоди шартҳои махсуси ҷудо кардан ва истифода бурдани қитъаҳои замин, инчунин барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои сохтмони объектҳои инфрасохтори барқдиҳӣ;

- таъмини тартиби соддакардашудаи ҷудо кардани заминҳо ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои сохтмони иншоотҳои инфрасохтори барқгирӣ барои нақлиёти барқӣ.

7. ТАШКИЛИ ЗАМИНАИ ИСТЕҲСОЛӢ - ТЕХНОЛОГИИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ

31. Мушкилоти асосии самти мазкур ин набудани истеҳсолоти маҳаллии нақлиёти барқӣ ва ҷузъиёти таркибии он, инчунин аккумуляторҳо ва низоми ҳамроҳии он мебошад.

32. Қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ба навъҳои нави нақлиёти барқӣ аз ҳисоби истифодаи иқтидорҳои корхонаҳои хусусии ватанӣ ба ҷо оварда мешавад. Айни замон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Акиа Авесто Автоматив Индастри" истеҳсоли силсилавии навъҳои нави электробус пешбинӣ шудааст. Инчунин дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Акиа Авесто Автоматив Индастри" ба роҳ мондани истеҳсоли таҷрибавии васлу насби системаҳои нигоҳдории неруи аккумулятор барои нақлиётҳои барқӣ аз рӯйи принсипҳои "чандирӣ" ба нақша гирифта шудааст, ки истеҳсоли дастаҳои хурдро тибқи талаботи фармоишгари мушаххас, аз ҷумла бо дарназардошти хусусиятҳои техникӣ, андозавӣ ва хусусиятҳои конструктивӣ ба роҳ мемонад.

33. Барнома бо мақсади ташкили замина барои истеҳсоли нақлиёти барқӣ, инчунин ҷузъиёти таркибии он тадбирҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

- таҳияи санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ;

- таҳияи механизми маблағгузории истеҳсоли нақлиёти автомобилии барқӣ, инчунин ҷузъиёти таркибии он;

- бастани созишномаи махсуси сармоягузорӣ оид ба истеҳсоли аккумуляторҳо ва безараргардонии онҳо;

- ҳалли масъалаҳои муҳим вобаста ба стандартизатсия, баҳодиҳии мутобиқат ва таъмини меъёрии рушди нақлиёти барқӣ;

- рушди ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳонии нақлиёти барқӣ ва низоми сарфакунандаи неру;

- ба роҳ мондани истеҳсоли нақлиёти барқии хурдҳаҷм, аз он ҷумла барои маъюбон.

8. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ БАРНОМА

34. Мақоми ваколатдори мониторинги Барнома Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ба доираи вазифаҳои асосии он ташаккули низоми мониторинги амалисозии Барнома, арзёбии натиҷаҳои бадастовардашуда аз руйи нишондиҳандаҳои асосии Барнома, инчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳодот ва ҳисоботи ҷамъбастӣ оид ба беҳтар намудани чорабиниҳои амалисозии Барнома дохил аст.

35. Мониторинг ва арзёбии Барнома бо риояи талаботи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад.

36. Натиҷаҳои пешбинишаванда ва нишондиҳандаҳое, ки аз рӯйи онҳо дараҷаи пешрафт дар ноилгардӣ ба вазифаҳои барномавӣ зимни гузаронидани мониторинг арзёбӣ мешавад, чунин мебошанд:

- сатҳ ва муҳлати маблағгузорӣ ҷиҳати амалисозии Барнома аз тамоми сарчашмаҳои пешбинишудаи Нақшаи амали Барнома;

- сатҳ ва давомнокии иҷрои сохтмони хатҳои таъминоти барқ барои нақлиёти барқӣ дар маҳалҳои аҳолинишин мутобиқи нишондиҳандаҳои Нақшаи амали Барнома;

- сатҳ ва муҳлати иҷрои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ мутобиқи нишондиҳандаҳои Нақшаи амали Барнома.

9. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

37. Барои амалисозии Барнома маблағҳои буҷети давлатӣ, сармояи дохиливу хориҷӣ ва манбаъҳои дигари молиявие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, равона карда мешавад.


 Замимаи 2
                                                                                      ба қарори Ҳукумати
                                                                                 Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                        аз «31» октябри соли 2022,  №532


Нақшаи амали Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025)


Самтҳои рушди нақлиёти барқӣ

Индикаторҳои натиҷаҳои чашмдошт

Нишондиҳандаҳои заминавӣ (соли 2022)

Андозаи мақсадноки нишондод /Х – муҳлати гузаронидани ислоҳот

Талабот ба маблағгузорӣ (млн сомонӣ)

Захираҳои молиявӣ                         (млн сомонӣ)

Масъулин

2023

2024

2025

буҷети ҷумҳу-риявӣ

донорҳо

бахши Хусусӣ

1.ТАШКИЛИ ШАРОИТИ МУСОИД БАРОИ ИСТИФОДАБАРИИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ

1

Фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ҷиҳати рушди нақлиёти барқӣ

Пешниҳоди барномаи намунавӣ
оид ба муҳайё намудани шароити мусоид
барои ҷалби сармоя (беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ)

Х

Х

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

2

Таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрии техникӣ

1) қабул ва ҳамоҳангсозии стандартҳои байналмилалӣ оид ба воситаҳои нақлиёти барқӣ, қисмҳои он ва инфрасохтори махсуси нуқтаҳои барқгирӣ

Х

Х

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

2) таҳияи заминаҳои ҳуқуқии инфрасохтори махсус барои нақлиёти барқӣ

 

Х

Х

 

 

 

 

 

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

3

Такмили ташкили илмии хизматрасонии нақлиётӣ ва бехатарии нақлиёти барқӣ

1) таҳлили бехатарии истифодабарии нақлиёти барқӣ

 

Х

Х

Х

0,144

 

0,114

 

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

2) коркарди технологияи безараргардонии аккумуляторҳо ва истифодабарии дубораи онҳо

 

Х

Х

Х

0,114

 

0,144

 

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

4

Пешниҳоди имтиёзҳои давлатӣ ба истифодабарандагони наклиёти барқӣ

Таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавӣ

 

Х

Х

Х

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. БУНЁДИ ИНФРАСОХТОРИ МАХСУС БАРОИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ

5

Инфрасохтори  хизматрасонии техникӣ барои нақлиёти барқӣ

Бунёди марказҳои хизматрасонии техникии махсус барои таъмири ҷории нақлиёти барқӣ

 

8

12

16

2,5

0,25

 

2,25

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

6

Таъсиси инфрасохтори махсус барои нақлиёти барқӣ дар минтақаҳо

1) таъсиси нуқтаҳои фурӯши барқии то 22 кВт барои нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе

Афзоиши миқдори нуқтҳои фурӯши барқ

100

117

170

39,44

 

 

39,44


ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ",
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

2) таъсиси нуқтаҳои фурӯши барқии зиёда аз 22 кВт барои нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе

Афзоиши миқдори нуқтҳои фурӯши барқ

5

6

8

8,09

 

 

8,09

ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ",
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

3) таъсиси нуқтаҳои фурӯши барқии то 22 кВт  барои нақлиёти барқӣ дар вилояти Суғд

Афзоиши миқдори нуқтҳои фурӯши барқ

63

68

114

25

 

 

25


ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ",

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

4) таъсиси нуқтаҳои фурӯши барқии зиёда аз 22 кВт барои нақлиёти барқӣ дар вилояти Суғд

Афзоиши миқдори нуқтҳои фурӯши барқ

3

4

6

5,53

 

 

5,53


ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ",
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

5) таъсиси нуқтаҳои фурӯши барқии то 22 кВт барои нақлиёти барқӣ дар вилояти Хатлон

Афзоиши миқдори нуқтҳои фурӯши барқ

38

40

54

13,5

 

 

13,5


ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ"
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

6) таъсиси нуқтаҳои фурӯши барқии зиёда аз 22 кВт барои нақлиёти барқӣ дар вилояти Хатлон

Афзоиши миқдори нуқтҳои фурӯши барқ

 

2

4

2,6

 

 

2,6


ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ"
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

7) таъсиси нуқтаҳои фурӯши барқии то 22 кВт барои нақлиёти барқӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Афзоиши миқдори нуқтҳои фурӯши барқ

14

17

19

5,1

 

 

5,1


Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

8) таъсиси нуқтаҳои фурӯши барқии 50 кВт барои нақлиёти барқӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Афзоиши миқдори нуқтҳои фурӯши барқ

 

 

2

0,85

 

 

0,85


Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

9) таъсиси нуқтаҳои фурӯши барқии то 22 кВт барои нақлиёти барқӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Афзоиши миқдори нуқтҳои фурӯши барқ

16

17

19

5,3

 

 

5,3

ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ",

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

10) таъсиси нуқтаҳои фурӯши барқии зиёда аз 22 кВт барои нақлиёти барқӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Афзоиши миқдори нуқтҳои фурӯши барқ

 

 

2

0,85

 

 

0,85


ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ",
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

3. БЕЗАРАРГАРДОНИИ АККУМУЛЯТОРҲОИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ

7

Бунёди инфрасохтори ҷамъоварии аккумуляторҳои истифодашуда

Таъсиси нуқтаҳои ҷамъоварии аккумуляторҳои истифодашуда

 

Х

Х

Х

5,7

 

5,7

 

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 

8

Таҳияи имтиёзҳои иловагӣ барои корхонаҳои коркарди дубора ва безараргардонии аккумуляторҳои истифодашуда

Таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавӣ

 

Х

Х

Х

 

 

 

 

 

Вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9

Ташкили заминаи мусоид ва ҷалбкунандаи сармоягузорӣ барои бунёди корхонаҳои коркарди дубора ва безараргардонии аккумуляторҳои истифодашуда

Пешниҳоди лоиҳаи сармоягузорӣ ҷиҳати истеҳсоли нақлиёти барқӣ ва қисмҳои он

 

Х

Х

Х

0,114

 

0,114

 

 

 

 

 

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 



4. ТАШКИЛИ ЗАМИНАИ ИСТЕҲСОЛӢ - ТЕХНОЛОГИИ НАҚЛИЁТИ БАРҚӢ

10

Бунёди корхонаҳои истеҳсоли нақлиёти барқӣ ва қисмҳои асосии он

Банду баст ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ ва қисмҳои асосии он

 

Х

Х

Х

114

1,14

 

112,86

 

 

 

 

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

11

1) пешниҳоди механизми маблағгузории истеҳсоли нақлиёти автомобилии барқӣ, инчунин қисмҳои таркибии он

Пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати банду баст ва истеҳсоли нақлиёти барқӣ ва қисмҳои он

 

Х

Х

Х

0,114

 

0,114

 

 

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

2) рушди ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳонии нақлиёти барқӣ ҷиҳати ташкили истеҳсолот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бастани созишномаҳо ва ёддошти тафоҳум бо ширкатҳои истеҳсолкунандаи нақлиёти барқӣ

 

Х

Х

Х

 

 

 

 

 

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

          Ҳамагӣ – 228 миллиону 916 ҳазор сомонӣ;

                 аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ -1 миллиону 390 ҳазор сомонӣ;

                 аз буҷети донорҳо – 6 миллиону 156 ҳазор сомонӣ;

                 аз буҷети бахши хусусӣ – 221 миллиону 370 ҳазор сомонӣ.

 

 

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "31" октября 2022 года, №532

Программа развития электротранспорта в Республике Таджикистан на 2023-2028 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа развития электротранспорта в Республике Таджикистан на 2023-2028 годы (далее-Программа) разработана с целью повышения конкурентоспособности национальной экономики, её адаптации к глобальному изменению климата, охраны окружающей среды и улучшения экологического состояния страны, достижения целей устойчивого развития, в том числе борьбы с изменением климата, обеспечения здорового образа жизни и содействия благополучию для всех, обеспечения всеобщего доступа к недорогим, надежным, устойчивым и современным источникам энергии для всех, обеспечения перехода к рациональным моделям потребления и производства, объявленными Генеральной Ассамблеей Организации Объединенных Наций.

2. Целью Программы является создание благоприятных условий для развития электромобилей категорий M1, M2, M3, N1, N2 и N3, приводимых в движение электродвигателем (далее-электромобили).

3. Основные задачи реализации Программы:

- создание пунктов зарядки и технического обслуживания для электромобилей на территории Республики Таджикистан (далееинфраструктура);

- формирование комплекса мер по стимулированию развития электромобилей.

- создание благоприятных условий для утилизации аккумуляторов электромобилей;

- создание базы для производства электромобилей и их комплектующих.

2. НЫНЕШНЯЯ СИТУАЦИЯ ОТРАСЛИ ЭЛЕКТРОТРАНСПОРТА

4. В нынешнее время с повышением экологических требований и ростом цен на нефтепродукты отрасль электротранспорта заново отвоевывает свои позиции. В основном электромобили представлены в виде гибридных автомобилей, то есть установленный в автомобиле двигатель внутреннего сгорания и электродвигатель, которое работают по очереди или вместе, в зависимости от требований. Также автомобильная промышленность в настоящее время производит электромобили, работающие только на электричестве.

5. Электротранспорты имеют следующие преимущества:

- относительно низкое воздействие на окружающую среду, в том числе низкий уровень выбросов углерода по сравнению с автомобилями с двигателями внутреннего сгорания;

- низкая стоимость технического обслуживания;

- высокий потенциал электродвигателей по сравнению с двигателями внутреннего сгорания;

- относительно длительный срок службы.

6. Стоимость электромобилей напрямую зависит от стоимости аккумуляторов, которые в основном литий-ионные. Но с развитием технологий их ценность постепенно будет снижаться. В частности, емкость аккумулятора легкового электромобиля составляет в среднем 25 кВт. час электроэнергии, что позволяет проехать от 250 до 300 км. На 1000 единиц электромобилей необходимо 25000 кВт.час электроэнергии.

7. У литий-ионных аккумуляторов есть серьезный недостаток. Его емкость снижается при длительном использовании при температуре ниже 15шС. Низкая температура значительно сокращает количество циклов заряда. Проблема решается искусственным регулированием температуры аккумуляторов, что в свою очередь увеличивает энергозатраты и транспортные расходы. Это следует учитывать в относительно холодных регионах страны.

8. По данным Международного Энергетического Агентства, доля электромобилей (включая гибриды) в общем количестве регистраций автотранспорта в Германии, Франции, Великобритании составила порядка 2,8 процентов (108 630, 61 350 и 75 140 единиц соответственно), Швеции - 11,4 процента (40 700 единиц), Нидерландах - 15,1 процент (67 520 единиц). В развитых странах на долю электротранспорта (электромобили, трамваи, троллейбусы, электропоезда) приходится половина объёмной доли перевозок пассажиров.

9. Рынок электротранспорта в Республике Таджикистан находится на этапе формирования и рост его развития оценивается слабым.

10. Основной причиной неразвитости рынка электротранспорта в Республике Таджикистан является высокая стоимость электромобилей, отсутствие пунктов зарядки, технического обслуживания и отсутствие стимулирующих мер.

11. Таджикистан обладает огромным потенциалом возобновляемых источников энергии, таких как гидроэнергетическая, солнечная и ветроэнергия, являющимися привлекательными с точки зрения экологичности и экономии топлива для развития парка электромобилей.

12. На сегодняшний день в Таджикистане 95 процентов электроэнергии вырабатывается на гидроэлектростанциях. Этот показатель очень важен с точки зрения регионального вклада по сокращению выброса углекислого газа в атмосферу. Кроме этого, как известно выработка электроэнергии в возобновляемых электростанциях особенно на гидроэлектростанциях считается одной из самых дешевых и этот благоприятный фактор даёт возможность для перехода транспортной отрасли, особенно пассажирской и железнодорожной, в основном на электрифицированный.

13. С учетом непосредственной связи транспортной отрасли республики и импорта нефтепродуктов, а также турбулентности в ценовой политике этого продукта в мире, целесообразным является постепенный переход транспортной отрасли от нефтяного топлива на электрифицированный.

14. Умеренный климат Таджикистана также благоприятен для использования электромобилей. Как известно суровые климатические условия и чрезмерно холодные погодные условия сильно ограничивают пробег электромобилей, так как существенная часть запасенной энергии автомобиля расходуется на обогрев салона автомобиля.

15. Развитие электротранспорта позволит использовать неиспользуемые мощности гидроэлектростанций (особенно при снижении спроса в летний сезон). Использование дешевой и экологически чистой электроэнергии в транспортном секторе является базой экономического развития.

16. Спрос на персональный электротранспорт удовлетворяется за счет импорта. Согласно статистическим данным, на 31 декабря 2021 года в стране зарегистрировано 527332 единиц автотранспортных средств и прицепов (полуприцепов), из них легковых автомобилей 463939 единиц, 42145 единиц грузовых автомобилей, 15515 единиц пассажирских автомобилей, 3411 единиц мотоциклов, а также 2002 прицепов и 320 единиц полуприцепов. При этом, парк городского пассажирского транспорта состоит из троллейбусов и автобусов, общее количество которых составляет 15811 единиц.

17. По состоянию на 1 января 2022 года на балансе коммунальных предприятий Исполнительного органа государственного власти города Душанбе находятся 192 троллейбусов, из которых 88 составляют обычного типа, 104 на аккумуляторной тяге, 687 автобусов и 1 электробус. Вместе с тем, общее количество коммунальных автобусов в Согдийской области составляет 100 единиц.

3. ЭКСПЛУАТАЦИЯ ЭЛЕКТРОТРАНСПОРТОВ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН

18. В результате реализации Программы должна увеличиться доля электромобилей в общем парке транспортных средств Республики Таджикистан, значительную часть которых будут составлять аккумуляторные автомобили.

19. В целях развития использования электромобилей Программа предусматривает следующие меры:

- внесение изменений и дополнений в действующие нормативные правовые и нормативно-технические документы и разработка новых нормативных документов в данной области;

- строительство инфраструктуры для электроснабжения и обслуживания электромобилей;

- организация научных мероприятий по вопросам безопасной эксплуатации электромобилей;

- разработка и внедрение цифровых и коммуникационных технологий в электротранспорте;

- разработка технологии утилизации аккумуляторов;

- создание благоприятных и привлекательных инвестиционных условий;

- предоставление дополнительных льгот и иных преференций водителям электротранспорта;

- разработка плана мероприятий по созданию материальнотехнической базы производства электромобилей и их комплектующих.

4. ОРГАНИЗАЦИЯ СПЕЦИАЛЬНОЙ ИНФРАСТРУКТУРЫ ЭЛЕКТРОТРАНСПОРТА

20. Основной проблемой, с которой сталкиваются владельцы электромобилей, является отсутствие специальной инфраструктуры, в том числе зарядных станций. Однако в настоящее время тенденция развития мировой энергетической инфраструктуры вышла на качественно новый уровень. В крупных городах европейских стран зарядные станции для электромобилей располагаются на парковках крупных торгово-развлекательных центров.

21. Согласно европейской декларации "Зарядка везде", в которой участвуют более 50 крупных европейских компаний, в ближайшее время ожидается значительное увеличение количества зарядных станций для электромобилей, в том числе на каждой трассе, микрорайонах, парковках крупных торгово-развлекательных центров, центров технического обслуживания и перед каждым административным зданием.

22. На пути развития электротранспорта и его инфраструктуры в Республике Таджикистан существуют три основных факторов, препятствующих им:

- высокая стоимость и отсутствие специализированных пунктов технического обслуживания;

- отсутствие зарядных станций;

- низкая инвестиционная привлекательность для инвесторов.

23. Программой в части развития специальной инфраструктуры электротранспорта предусмотрены следующие меры:

- разработка нормативной правовой базы специальной инфраструктуры для электротранспорта;

- определение перечня пилотных участков и дорог республиканского значения для создания специальной инфраструктуры для электромобилей;

- определение ключевых направлений развития электросетей для зарядных станций и их поэтапное расширение;

- разработка механизма финансирования части затрат на создание специальной инфраструктуры;

- создание зарядной инфраструктуры большой мощности (более 22 кВт, время зарядки до 80 процентов за 20-30 минут) - не менее 40 шт.;

- создание зарядной инфраструктуры средней мощности (до 22 кВт, время зарядки до 80 процентов за 2-10 часов) - не менее 850 шт.

5. УТИЛИЗАЦИЯ АККУМУЛЯТОРОВ ЭЛЕКТРОТРАНСПОРТА

24. В современных электромобилях в основном используются литий-ионные аккумуляторы. Утилизация литий-ионных аккумуляторов является очень сложным и опасным процессом.

25. Использованные литий-ионные аккумуляторы относятся ко второй группе опасности. Они содержат активный элемент литий, который может воспламеняться на воздухе при контакте с водой. Поэтому, такие аккумуляторы часто загораются на различных свалках и даже в пунктах приема отходов. В случае повреждения защитного корпуса литий-ионных аккумуляторов возможна быстрая электрическая реакция с отводом тепла, что может привести к взрывному возгоранию.

26. В основном существует три наиболее распространенных метода утилизации и обработки литий-ионных аккумуляторов:

- ручной (физический);

- пирометаллургический;

- гидрохимический.

27. В настоящее время в Республике Таджикистан не осуществляется переработка и утилизация отработанных аккумуляторов. Необходимо отметить, что материалы, используемых в аккумуляторах, могут быть в процессе производства повторно переработаны и использованы.

28. Для переработки и утилизации использованных аккумуляторов необходимо принять следующие меры:

- разработка новых нормативных правовых актов;

- научное обоснование технологии утилизации и повторного использования отработанных аккумуляторов;

- создание инфраструктуры сбора отработанных аккумуляторов;

- создание благоприятного и привлекательного инвестиционного климата для создания предприятий по переработке и утилизации отработанных аккумуляторов;

- разработка дополнительных стимулов для предприятий по переработке и утилизации отработанных аккумуляторов.

6. МЕРЫ ПО СТИМУЛИРОВАНИЮ РАЗВИТИЯ ЭЛЕКТРОТРАНСПОРТА

29. Создание нового производства и построение необходимой электроэнергетической и сервисной инфраструктуры является одной из причин развития электротранспорта. Повышение спроса на электромобили и экономия электроэнергии будет обеспечено путем осуществления экономических и организационных стимулов.

30. Стимулированию производства электромобилей, их комплектующих, объектов электрозаправочной инфраструктуры и их эксплуатации способствуют следующие меры:

- предоставление грантов на проведение научных исследований в области развития электротранспорта и его инфраструктуры;

- предоставление льгот и преференций организациям, производящим электромобили, их комплектующих, компоненты зарядной инфраструктуры;

- принятие мер, направленных на обеспечение гарантий по реализации товаров и продукций (работ, услуг);

- осуществление государственных закупок электромобилей, объектов инфраструктуры электрификации с использованием закупочных операций из одного источника в случаях, установленных законодательством;

- формирование механизмов государственных заказов в рамках государственных программ для электротранспорта в целях обновления парка автобусов и троллейбусов общего пользования, электрификация парка коммунального и служебного транспорта;

- принятие мер по совершенствованию кооперативного взаимосотрудничества между промышленными организациями;

- привлечение частного сектора с представлением льгот производству и обслуживаний для электротранспорта, а также объектов электротехнической инфраструктуры и обслуживания;

- оказание консультативной помощи и поддержки в организации и налаживание производства аккумуляторов с соблюдением требований законодательства в области охраны природы;

- предоставление особых условий отвода и использования земельных участков, а также оформления разрешений на строительство объектов электроэнергетики;

- обеспечение упрощенного порядка отвода земель и оформления разрешений на строительство объектов электроэнергетики для электромобилей.

7. СОЗДАНИЕ ПРОИЗВОДСТВЕННО-ТЕХНОЛОГИЧЕСКОЙ БАЗЫ ЭЛЕКТРОТРАНСПОРТА

31. Основной проблемой данной отрасли является отсутствие местного производства электромобилей и их комплектующих, а также аккумуляторов и сопутствующих систем.

32. Удовлетворение спроса на новые виды электромобилей будет производится за счет использования потенциала отечественных частных предприятий. В настоящее время Общества с ограниченной ответственностью "Акиа Авесто Автоматив Индастри" планирует серийное производство новых типов электробусов. Также на базе Общества с ограниченной ответственностью "Акиа Авесто Автоматив Индастри" планируется наладить опытное производство по сборку аккумуляторных поддерживающих систем для электромобилей по принципу "гибкости", что позволит выпускать малые партии по конкретным требованиям заказчика, с учетом технических, размерных и конструктивных особенностей.

33. В целях создания базы для производства электромобилей, а также их комплектующих Программой предусмотрены следующие мероприятия:

- разработка новых нормативных правовых и нормативных технических актов;

- разработка механизма финансирования производства электромобилей, а также их комплектующих;

- заключение специального инвестиционного соглашения по производству аккумуляторов и их утилизации;

- решение важных вопросов, связанных со стандартизацией, оценкой соответствия и нормативным обеспечением развития электромобилей;

- развитие сотрудничества с ведущими мировыми производителями электромобилей и систем энергосбережения;

- запуск производства малогабаритных электромобилей, в том числе для инвалидов;

8. МОНИТОРИНГ И ОЦЕНКА ПРОГРАММЫ

34. Уполномоченным органом по мониторингу Программы является Министерство транспорта Республики Таджикистан, в круг основных задач которого входит формирование системы мониторинга по реализации Программы, оценка достигнутых результатов по ключевым индикаторам Программы, а также представление в Правительство Республики Таджикистан сводной отчетности и предложений по совершенствованию мероприятий по реализации Программы.

35. Мониторинг и оценка Программы осуществляется с соблюдением требований Правил проведения мониторинга и оценки реализации стратегических документов национального уровня, отраслевых и региональных программ развития в Республике Таджикистан, утвержденных постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2018 года, №615.

36. Ожидаемые результаты и индикаторы, по которым оценивается степень прогресса в достижении программных задач при осуществлении мониторинга, следующие:

- уровень и срок финансирования по реализации Программы из всех источников, предусмотренных Планом действий Программы;

- уровень и продолжительность строительства линий электроснабжения электромобилей в населенных пунктах согласно показателям Плана действий Программы;

- уровень и сроки выполнения разработки нормативно-правовых и нормативно-технических документов в соответствии с показателями Плана действий Программы.

9. ФИНАНСИРОВАНИЕ ПРОГРАММЫ

37. Для реализации Программы направляются средства государственного бюджета, внутренние и внешние инвестиции и другие источники финансирования, не запрещенные законодательством Республики Таджикистан. Финансирование Программы осуществляется в сумме 1 млн 390 тысяч сомони за счёт бюджетных средств, 6 млн 156 тысяч сомони от партнёров по развитию и 221 млн 370 тысяч сомони от частного сектора.