Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2023, № 504 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028

 

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 ва Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои рушди фарҳанг, илм ва маориф пешбинишуда, инчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва грантҳои фондҳои байналмилалӣ амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин намояд.

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 октябри соли 2023, № 504

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Государственной программе развития искусства шашмаком, фалак и традиционной школы "устод-шогирд" в Республике Таджикистан на 2024-2028 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Государственную программу развития искусства шашмаком, фалак и традиционной школы "устод-шогирд" в Республике Таджикистан на 2024-2028 годы и План действий на 2024-2026 годы Государственной программы развития искусства шашмаком, фалак и традиционной школы "устод-шогирд" в Республике Таджикистан на 2024-2028 годы (приложения 1 и 2).

2. Министерству культуры Республики Таджикистан в сотрудничестве с соответствующими министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти в пределах средств, предусмотренных в государственном бюджете для развития культуры, науки и образования, а также внебюджетных средств и грантов международных фондов обеспечить реализацию настоящей Программы и её Плана действий.

3. Министерству культуры Республики Таджикистан ежегодно до 1 февраля представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан о ходе реализации настоящей Программы и её Плана действий.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                     Эмомали Рахмон

г.Душанбе

от 28 октября 2023 года №504