Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2023, № 503 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028

 

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025) тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, инчунин бо ҷалби маблағҳои сармоягузории ташкилотҳои молиявии дохилию хориҷӣ ва сарчашмаҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда, оид ба иҷрои онҳо ҳар сол то 15 январ ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 15 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 октябри соли 2023, № 503

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Государственной программе развития системы логистики в Республике Таджикистан на 2023 - 2028 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Государственную программу развития системы логистики в Республике Таджикистан на 2023-2028 годы и План действий Государственной программы развития системы логистики в Республике Таджикистан на 2023-2028 годы на первом этапе (2023-2025 годы) (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить реализацию настоящей Программы и ее Плана действий в рамках средств, предусмотренных в государственном бюджете, а также с привлечением инвестиционных средств отечественных и зарубежных финансовых организаций и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, и о ходе их выполнения ежегодно до 15 января представлять информацию Министерству транспорта Республики Таджикистан.

3. Министерству транспорта Республики Таджикистан ежегодно до 15 февраля представлять информацию о ходе выполнения настоящей Программы и ее Плана действий Правительству Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 28 октября 2023 года №503