Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, № 475 "Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, №344

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Зербанди й) банди 20 Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, № 344 "Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет" тасдиқ шудаанд, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"й) пурсиш - муҳокимаи масъалаҳои муҳим (форум), лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин таъмини имконияти гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, консепсияҳо, стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ дар баробари барои мувофиқа ирсол намудани лоиҳаҳо;".

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 27 сентябри соли 2023, № 475

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 10 июля 2017 года, №344

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Подпункт к) пункта 20 Единых правил для официальных сайтов министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти и органов самоуправления посёлков и дехотов в сети Интернет, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 10 июля 2017 года, №344 "Об Единых правилах для официальных сайтов министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти и органов самоуправления посёлков и дехотов в сети Интернет", изложить в следующей редакции:

"к) опросы - обсуждение актуальных вопросов (форум), проектов нормативных правовых актов, а также обеспечение возможности проведения общественной антикоррупционной экспертизы проектов нормативных правовых актов, концепций, национальных стратегий и государственных программ наряду с направлением проектов для согласования;".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 27 сентября 2023 года №475