Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017 № 344 "Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади танзими сиёсати ягонаи давлатии иттилоотӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).

2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои Қоидаҳои мазкур муайян карда шавад.

3. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктелеком"):

- дар муҳлати 9 моҳ платформаи техникию технологиро муайян, таҳия ва рушди шамоилҳои намунавӣ (қолибҳо), аз ҷумла услуби графикии (дизайни) сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернетро таъмин намояд;

- дар муҳлати як сол платформаи техникию технологиро барои ҷойгиркунии сомонаҳои расмии вазорату идораҳо ташкил карда, дастгирӣ ва рушди минбаъдаи онҳоро таъмин намояд;

- бо фармоиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дар асоси қарордод, дастгирӣ ва рушди сомонаҳои расмии онҳоро дар шабакаи Интернет таъмин намояд.

4. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тибқи Қоидаҳои мазкур:

- дар муҳлати як сол сомонаҳои расмии худро ташкил ё ба Қоидаҳои мазкур мувофиқ намоянд;

- маъмурикунонии мундариҷаи иттилоотии сомонаҳои расмии худро ба таври доимӣ таъмин намоянд;

- низомномаҳои дохилиро оид ба тартиби нашр ва навкунии маводи иттилоотӣ дар сомонаи расмӣ таҳия ва тасдиқ намоянд.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, № 166 "Дар бораи тасдиқи Тартиби талаботи ягона барои вебсайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 10 июли соли 2017 № 344

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об Единых правилах для официальных сайтов министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти и органов самоуправления посёлков и дехотов в сети Интернет

В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Правительстве Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан",  статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и с целью регулирования единой государственной информационной политики, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Единые правила для официальных сайтов министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти и органов самоуправления посёлков и дехотов в сети Интернет (прилагается).

2. Определить Исполнительный аппарат Президента Республики Таджикистан уполномоченным по координации и контролю исполнения настоящих Единых правил.

3. Службе связи при Правительстве Республики Таджикистан (открытому акционерному обществу "Точиктелеком"):

- в 9-месячный срок определить технико - технологическую платформу, обеспечить разработку и развитие типовых моделей (шаблонов), в том числе графического стиля (дизайна) официальных сайтов министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти и органов самоуправления посёлков и дехотов в сети Интернет;

- в годичный срок обеспечить создание технико-технологической платформы для размещения официальных сайтов министерств и ведомств, а также их поддержку и дальнейшее развитие;

- обеспечить по заявкам местных исполнительных органов государственной власти и органов самоуправления посёлков и дехотов на контрактной основе поддержку и развитие их официальных сайтов в сети Интернет.

4. Министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти и органам самоуправления посёлков и дехотов в соответствии с настоящими Едиными правилами:

- в годичный срок создать или привести в соответствие с настоящими Едиными правилами свои официальные сайты;

- обеспечить на постоянной основе администрирование информационного содержания официальных сайтов;

- разработать и утвердить внутренние положения о порядке публикации и обновления информационных материалов на официальном сайте.

5. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 апреля 2011 года, №166 "Об утверждении Порядка единых требований для сайтов и локально-вычислительных сетей государственных органов управления".

Председатель

Правительства Pecпyблики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 10 июля 2017 года, №344