Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, № 419 "Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

 

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амали солҳои 2023-2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали онро таъмин карда, ҳар сол то 1 январ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 31 августи соли 2023, № 419

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Среднесрочной программе развития продуктивной занятости в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы

В соотвествии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Среднесрочную программу развития продуктивной занятости в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы и План действий на 2023-2025 годы Среднесрочной программы развития продуктивной занятости в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам и исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечив реализацию настоящей Программы и её Плана действий, ежегодно до 1 января предоставлять информацию в Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.

3. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан ежегодно до 1 февраля представлять информацию о ходе выполнения настоящей Программы и её Плана действий в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон

г.Душанбе

от 31 авнуста 2023 года №419