Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, № 417 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

 

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амали солҳои 2023-2025 Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор амалисозии Барномаи давлатии рушди илмию инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027-ро дар доираи маблағҳои буҷетии барои соҳа пешбинигардида, маблағҳои махсус ва маблағгузории шарикони рушд таъмин намояд.

3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 31 августи соли 2023, № 417

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Государственной программе научно-инновационного развития в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Государственную программу научноинновационного развития в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы и Плана действий 2023-2025 годов Государственной программы научно-инновационного развития в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы (приложения 1 и 2).

2. Национальной академии наук Таджикистана в сотрудничестве с соответствующими министерствами и ведомствами обеспечить реализацию Государственной программы научно-инновационного развития в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы в рамках бюджетных средств предусмотренных для отрасли, специальных средств и финансирования партнеров по развитию.

3. Национальной академии наук Таджикистан ежегодно до 1 марта представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения настоящей Программы и её Плана действий.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан              Эмомали Рахмон

г.Душанбе, 

 от 31 августа 2023 года №417