ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №259
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Замимаи 4 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, № 259 "Дар бораи масъалаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 18 августи соли 2023, № 362
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "18" августи соли 2023, № 362
Ҳайати шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ"
1. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раис).
2. Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ".
7. Сармуҳосиби Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ".
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 мая 2020 года, №259
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Приложение 4 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 1 мая 2020 года, №259 "О вопросах Открытого акционерного общества "Шабакахои таксимоти барк" утвердить в новой редакции (прилагается).
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 18 августа 2023 года №362
Приложение к
постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от "18" августа 2023 года, №362
Состав наблюдательного совета Открытого акционерного общества "Шабакахои таксимоти барк"
1. Председатель Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан (Председатель).
2. Первый заместитель министра энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан.
3. Первый заместитель министра финансов Республики Таджикистан.
4. Первый заместитель министра юстиции Республики Таджикистан.
5. Первый заместитель министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан.
6. Генеральный директор Открытого акционерного общества "Шабакахои таксимоти барк".
7. Главный бухгалтер Открытого акционерного общества "Шабакахои таксимоти барк".