ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои олӣ оид ба амнияти миллии Мақомоти миллӣ оид ба идоракунии ҳолатҳои фавқулода, буҳрон ва офатҳои табиии Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти идоракунӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои олӣ оид ба амнияти миллии Мақомоти миллӣ оид ба идоракунии ҳолатҳои фавқулода, буҳрон ва офатҳои табиии Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти идоракунӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода, ки 24 ноябри соли 2022 дар шаҳри Абу Забӣ ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани Ёддошти тафоҳуми мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷониби Амороти Муттаҳидаи Арабро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани Ёддошти тафоҳуми мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 31 июли соли 2023, № 326
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Меморандума о взаимопонимании между Комитетом по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан и Высшим советом по национальной безопасности Национального органа по управлению чрезвычайными ситуациями, кризисами и стихийными бедствиями Объединенных Арабских Эмиратов о сотрудничестве в области управления и предотвращения чрезвычайных ситуаций
В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан "О международных договорах Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Меморандум о взаимопонимании между Комитетом по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан и Высшим советом по национальной безопасности Национального органа по управлению чрезвычайными ситуациями, кризисами и стихийными бедствиями Объединенных Арабских Эмиратов о сотрудничестве в области управления и предотвращения чрезвычайных ситуаций, подписанный 24 ноября 2022 года в городе Абу-Даби.
2. Комитету по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Меморандума о взаимопонимании.
3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить сторону Объединенных Арабских Эмиратов о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Меморандума о взаимопонимании.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 31 июля 2023 года №326
Прилагается на тадж.яз