бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 июли соли 2023, № 326
тасдиқ шудааст
ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ
байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Олӣ оид ба амнияти миллии Мақомоти миллӣ оид ба идоракунии ҳолатҳои фавқулода, буҳрон ва офатҳои табиии Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти идоракунӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои олӣ оид ба амнияти миллии Мақомоти миллӣ оид ба идоракунии ҳолатҳои фавқулода, буҳрон ва офатҳои табиии Амороти Муттаҳидаи Араб, ки минбаъд дар алоҳидагӣ "Тараф" ва дар якҷоягӣ "Тарафҳо" номида шаванда,
дар партави робитаҳои дустонаи анъанавии миёни ду кишвар ва нияти онҳо баҳри гузоштани саҳм дар рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба;
бо нигаронии ҷиддӣ аз вуқуъ ва хавфи офатҳои табиӣ дар кишварҳои хеш;
бо дарки аҳамияти пешбурди муносибатҳои амиқи корӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ барои некуаҳволӣ ва бехатарии мардуми ҳар ду кишвар;
бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ки дар асоси шарикӣ ба таъмини иктисодиёти ба офатҳо тобовари ҳарду кишвар кумак мерасонад;
мутобиқи қонуну қоидаҳои ҷории кишварҳои худ;
ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1 Муқаддима
Дебочаи болозикр ва ҳамаи замимаҳо ва ҷадвалҳое, ки метавонанд ба Ёддошти тафоҳуми мазкур тибқи муқаррароти он илова карда шаванд, қисми таркибии он ҳисобида мешаванд ва бояд мутаносибан хонда ва тафсир карда шаванд.
Моддаи 2 Истилоҳоти дар Ёддошти тафоҳуми мазкур истифодашаванда
Истилоҳоти дар Ёддошти тафоҳуми мазкур истифодашаванда мазмуни зеринро дар бар мегиранд:
Ҳолатҳои фавқулода ҳодисаҳое, ки дар ҳудуд ва маҳалли муайян,
дар натиҷаи садамаҳои табиӣ ва техногенӣ,
ё офатҳои табиие, ки метавонанд талафоти ҷонӣ,
зарар ба сиҳатии одамон, муҳити табиии атроф
ва иқтисодиёт, ҳисороти моддӣ ва халалдор
намудани шароити зиндагию кории одамон ба бор оранд.
Тайёрии фаврӣ маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунандаест, ки
ба коҳиш додани хатари ҳолатҳои фавқулода, наҷоти ҳаёт,
ҳифзи саломатии одамон ва кам кардани ҳаҷми зарари
муҳити зист ва талафоти моддӣ, ки ҳангоми рух додани
онҳо ба вуқуъ пайвастааст, ба ҳисоб мераванд
Вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода Амалиётҳои наҷотдиҳӣ-садамавӣ ва дигар чорабиниҳои
фаврӣ, ки дар ҳолати фавқулода бо мақсади наҷот додани ҳаёт,
ҳифзи саломатии одамон, кам кардани зарар ба муҳити зист
ва талафоти моддӣ, атрофи минтақаи садамавӣ ва
бартарафсозии хатарҳои атроф ба вуқуъ мепайванданд,
андешида мешаванд
Минтақаи ҳолатҳои фавқулода Минтақаи ҷуғрофӣ ва ҳудуде, ки дар он ҳолати фавқулода
рух медиҳад.
Моддаи 3 Ҳадафи Ёддошти тафоҳум
Ёддошти тафоҳуми мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи Тарафҳо оид ба масъалаҳои марбут ба идоракунии холатҳои фавқулода, бӯҳрон ва офатҳои табиӣ ва коҳиш додани зарари ин ҳолатҳо тавассути табодули иттилоот ва таҷриба мувофиқи қонунгузории миллии Тарафҳо равона шудааст.
Моддаи 4 Самти ҳамкориҳо
Ёддошти тафоҳуми мазкур мутобиқи қонунгузории миллии давлатҳои Тарафҳо амалӣ карда мешавад ва вобаста ба мавҷудияти воситаҳои зарурӣ барои ҳар як Тараф вобастагӣ дорад.
Ҳамкорӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур аз инҳо иборат аст:
1. Расонидани кумаки мутақобила, аз ҷумла кумаки техникӣ барои беҳтар намудани иқтидори моддӣ ва техникии Тарафҳо;
2. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаи техникӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ;
3. Мубодилаи мунтазами иттилооти даврӣ, илмӣ-техникӣ ва нашрияҳо оид ба мониторинг ва пешгӯи намудани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ;
4. Мубодилаи таҷриба дар ташкили барномаҳои таъмини омодагии аҳолӣ барои омухтани чӣ гуна амал кардан дар ҳолати фавқулода, аз ҷумла расонидани кумаки аввалия;
5. Баҳодиҳии ифлосшавии эҳтимолии муҳити зист, ки ба аҳолӣ дар натиҷаи садама, инчунин офатҳои саноатӣ ва табиӣ таҳдид мекунанд;
6. Банақшагирии муштарак, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмию тадқиқотӣ ва мубодилаи моддаҳои илмӣ-техникӣ ва натиҷаҳои тадқиқот;
7. Мубодилаи иттилоот, нашрияҳои даврӣ, методологияҳо, маводи хаттӣ, видеокассетаҳо ва дигар аксҳо, инчунин услубҳо дар соҳаи пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода;
8. Ташкили конфронсҳо, семинарҳо, машғулиятҳои амалӣ ва иштирок дар машқҳои муштарак ва тренингҳо;
9. Расонидани кумаки мутақобила дар ҳолатҳои фавқулода;
10. Ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои бузурги сейсмикие, ки аз оқибатҳои заминларза дар ҳудуди Тарафҳо ба вуҷуд омадаанд;
11. Чорабиниҳои дигар дар самти пешгирии ҳолати фавқулода, ки байни Тарафҳо мувофиқа шудаанд.
Моддаи 5 Ташкили Кумитаи муштарак
Барои амалисозии расмиёти дар Ёддошти тафоҳуми мазкур пешбинишуда, Тарафҳо барои таъсиси Кумитаи муштарак розигӣ додаанд ва миқдори вазифаҳо ва уҳдадориҳо, инчунин методологияи фаъолияти худро муайян намуданд. Тарафҳо шартҳои иҷрои муқаррароти пешбининамудаи моддаи 4 Ёддошти тафоҳуми мазкурро дар ҳолатҳои зарурӣ мувофиқа мекунанд.
Моддаи 6 Шартҳои тасдиқи намояндагони Тарафҳо
Тарафҳо хароҷоти нақлиёти намояндагони худ дар мамлакатҳои якдигар, инчунин хароҷоти будубош ва хӯрокро ҳангоми иштирок дар чорабиниҳое, ки дар моддаи 4 Ёддошти тафоҳуми мазкур пешбинӣ шуда, бевосита ба таъмини расонидани кумаки фаврӣ вобаста нестанд, мустақилона пардохт менамоянд, агар шартҳои дигар байни Тарафҳо мувофиқа нашуда бошад.
Моддаи 7 Истифодаи иттилоот
Ягон Тараф наметавонад Ёддошти тафоҳуми мазкурро ё ягон мазмуни он ё натиҷаҳои онро ба ягон шахси сеюм бе ризоияти пешакии хаттии Тарафи дигар ошкор намояд.
Сарфи назар аз моддаи 1, Тарафҳо метавонанд розигии худро барои интишор ё истифодаи маълумоте, ки дар натиҷаи фаъолияти амалишаванда тибқи Ёддошти тафоҳуми мазкур дар ҳар як ҳолатҳои мушаххас равона шудааст, изҳор намоянд.
Моддаи 8 Тағйиру иловаҳо
Тарафҳо метавонанд бо мувофиқаи мутақобила ба Ёддошти тафоҳуми мазкур тағйироту иловаҳо ворид намоянд. Чунин тағйиру иловаҳо бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда шуда, қисми ҷудонашавандаи моддаи 11 Ёддошти тафоҳуми мазкур эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 9 Хароҷотҳои молиявӣ
Ҳар як Тараф ҳангоми амалисозии муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкур хароҷотҳои худро ба зимма мегирад, агар Тарафҳо ба таври дигар мувофиқа накарда бошанд.
Моддаи 10 Ҳалли баҳсҳо
1. Ёддошти тафоҳуми мазкур ягон ҳуқуқ ё уҳдадориҳоро тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ ё ягон қонунгузориҳои миллӣ ташкил намекунад.
2. Тарафҳо кӯшиш мекунанд, ки мувофиқи шартҳои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба ҳар суди миллӣ, байналмилалӣ ё тарафи сеюм муроҷиат намоянд.
3. Ҳангоми баҳс дар робита бо Ёддошти тафоҳуми мазкур, маънидодкунӣ ё истифодаи он, Тарафҳо ҳама кӯшишҳояшонро барои ҳалли мусолиматомез, бо роҳи гуфтушунид ва машваратҳои боинсофӣ анҷом медиҳанд.
4. Дар давраи баҳс Тарафҳо бояд ҳамаи вазифаҳои пештараи худро, ки дар Ёддошти тафоҳуми мазкур пешбинӣ шудаанд, иҷро намоянд.
Моддаи 11 Муқаррароти хотимавӣ
1. Ёддошти тафоҳуми мазкур аз таърихи гирифтани огоҳии хаттӣ, ки дар он Тарафҳо якдигарро дар бораи анҷом додани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо намудани Ёддошти тафоҳуми мазкур зарур аст, эътибор пайдо мекунад.
2. Ёддошти тафоҳуми мазкур ба муҳлати номуайян эътибор пайдо менамояд ва амал мекунад. Ҳар Тараф метавонад амали Ёддошти тафоҳуми мазкурро тавассути огоҳоии хаттии дигар Тараф бо роҳи дипломатӣ шаш моҳ пеш қатъ намояд.
3. Қать кардани Ёддошти тафоҳуми мазкур ба фаъолиятҳое, ки дар он анҷом дода шудааст, таъсир намерасонад, фаъолияте, ки шурӯъ шуда, вале анҷом наёфтаанд то лаҳзаи хотимаёбии амали Ёддошти тафоҳуми мазкур амалӣ карда мешаванд, агар тартиби дигар байни Тарафҳо мувофиқа нашуда бошад.
Ёддошти тафоҳуми мазкур дар шаҳри Абу Забӣ 24 ноябри соли 2022 дар ду нусхаи аслӣ ба забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ ба имзо расид. Ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд. Дар сурати ба вуҷуд омадани ихтилоф дар шарҳи Ёддошти тафоҳуми мазкур, ба матни забони англисӣ бартарӣ дода мешавад.
|
Аз ҷониби
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи
граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рустам Назарзода |
Аз ҷониби
Шӯрои олии амнияти Миллии Мақомоти миллии
идоракунии ҳолатҳои фавқулода, буҳрон ва
офатҳои табиии Амороти Муттаҳидаи Араб
Алӣ Саид Ал Ниядӣ |
Замимаи мазкур қисми ҷудонашавандаи Ёддошти тафоҳуми баимзорасидаи байни Тарафҳо ҳисобида мешавад.
Моддаи 1 Суроғаи Тарафҳо
Ҳарду Тараф як ё якчанд ҳамоҳангсозонро, ки барои ҳамоҳангӣ ва алоқаи байни Тарафҳо вобаста ба муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкур масъуланд, таъин мекунанд.
Мақомоти миллии идоракунии ҳолатҳои фавқулода, буҳрон ва офатҳои табиӣ
_______________________________________________________________
Шахс барои тамос: Сауд Абдулла ал Шамсӣ
Тел: 0097124177110
Тел. мобилӣ: 00971509999319
Факс: 0097124177088
Суроғаи электронӣ: dgoffice@ncema.gov.ae
_______________________________________________________________
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
_______________________________________________________________
Шахс барои тамос: Раҳимзода Аъзам Имониддин
Тел: 00992372272146
Тел. мобилӣ: 00992888887060
Факс: 00992372219119
Суроғаи электронӣ: соеs.tj.doic@gmail.соm
_______________________________________________________________