×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, № 528 "Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ СТАНДАРТҲОИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТӢ

(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1842)

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муқаррар ва истифода намудани стандартҳои иҷтимоии давлатӣ, ҳамчунин сохтори онҳоро муайян мекунад.

2. Қонуни мазкур нисбат ба стандартҳои танзимкунандаи талаботи бехатарии техникӣ ва сифати маҳсулот, мол, кор ва хизматрасонӣ (аз ҷумла стандартҳое, ки дар бахшҳои соҳаи иҷтимоӣ амал мекунанд) татбиқ карда намешавад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- стандартҳои иҷтимоии давлатӣ - меъёрҳо ва қоидаҳои аз тарафи давлат муқарарраргардидае, ки татбиқи ҳуқуқҳои иҷтимоии ба шаҳрвандон кафолатдодаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби пешниҳоди ин ҳуқуқҳоро таъмин менамоянд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1842);

- низоми стандартҳои иҷтимоии давлатӣ - маҷмӯи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ, ки соҳаҳои асосии муносибатҳои иҷтимоию иқтисодиро фаро гирифтаанд;

- гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ - категорияҳои асосии шаҳрвандон, ки аз рӯи аломатҳои синнусолию ҷинсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи таъминоти моддӣ (аҳолии қобили меҳнат, нафақахӯрон ва кӯдакон) муттаҳид шудаанд;

- сатҳи зиндагӣ - маҷмӯи неъматҳо ва хизматрасониҳои моддию маънавӣ, ки талаботи ҳаётан муҳими одамонро қонеъ менамояд.

Моддаи 3. Объект ва субъектҳои танзим

1. Объекти танзими Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба истифодабарии стандартҳои иҷтимоии давлатӣ байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1842).

2. Субъектҳои фаъолияти вобаста ба истифодабарии стандартҳои иҷтимоии давлатӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва шаҳрвандон мебошанд, ки дар раванди истифодаи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1842).

Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1842).

Моддаи 5. Муқаррару истифода ва назорат кардани риояи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ

1. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар шакли санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардида, истифодаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд.

2. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ таҷдиди назар карда мешаванд.

3. Назорати риояи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 6. Таъиноти стандартҳои иҷтимоии давлатӣ

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ бо мақсадҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

- муайян намудани таркиб ва меъёрҳои кафолатдодашудаи аз тарафи шаҳрвандон истеъмол кардани неъматҳои асосии моддӣ ва истифодаи хизматрасонӣ;

- ба амал баровардани сиёсати ягонаи иҷтимоӣ дар минтакахои гуногуни кишвар;

- истифода кардан ба сифати меъёр дар мавриди асосноккунии хароҷоти буҷетҳои сатҳҳои гуногун барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ;

- баҳодиҳии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рафти татбиқи сиёсати иҷтимоӣ;

- истифода бурдан ҳангоми таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ;

- асоснок кардани зарурат ва муқаррар намудани андозаи кӯмакҳои иҷтимоии суроғавӣ ба аҳолии эҳтиёҷманд.

Моддаи 7. Принсипҳои асосии муқаррар намудани стандартҳои иҷтимоии давлатӣ

Принсипҳои асосии муқаррар намудани стандартҳои иҷтимоии давлатӣ инҳо мебошанд:

- таъмини мувофиқати стандартҳои иҷтимоии давлатӣ бо принсипҳо ва самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ;

- таъмини имкониятҳои амалигардонии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон бо роҳи истифодаи саъю маблағи онҳо, инчунин истифодаи оқилона ва одилонаи сарватҳои миллии кишвар;

- асосноксозии иҷтимоию иқтисодии стандартҳои иҷтимоии давлатӣ;

- роҳ надодан ба пастшавии сатҳи зиндагии шаҳрвандон ҳангоми таҳия ва татбиқи тадбирҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва минтақаҳои он;

- таъмини ҳифзи манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа;

- истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳангоми таҳияи низоми стандартҳои иҷтимоии давлатӣ;

- ба шаҳрвандон пешниҳод намудани маълумот дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ;

- таъмини суботи иҷтимоӣ дар ҷомеа дар асоси густариши низоми шарикии иҷтимоӣ.

БОБИ II. НАВЪҲО ВА НИЗОМИ СТАНДАРТҲОИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 8. Навъҳои стандартҳои иҷтимоии давлатӣ

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ ба шакли меъёрҳо ва қоидаҳои аслӣ, арзишӣ, муваққатӣ ва молиявии танзимкунандаи тартиби муқаррар ва истифода намудани онҳо муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 9. Низоми стандартҳои иҷтимоии давлатӣ

Низоми стандартҳои иҷтимоии давлатӣ соҳаҳои асосии зерини муносибатҳои иҷтимоиро фаро мегирад:

- пардохти музди меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ;

- таъмини шуғли аҳолӣ ва дастгирии бекорон;

- таъмини нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ;

- таъмини молҳои ниёзи мардум;

- таъмини аҳолӣ бо манзил ва хизматрасонии маишию коммуналӣ;

- маориф;

- илм;

- тандурустӣ;

- тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- фарҳанг;

- кӯмаки иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ;

- таъмини бехатарии экологӣ;

- ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон;

- истифодаи механизмҳои андозбандӣ ва нархгузорӣ.

Моддаи 10. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат ва муносибатҳои меҳнатӣ

1. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат муқаррар намудани чунин меъёрҳоро пешбинӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1842):

- андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат дар сатҳи андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ;

- меъёрҳо ва тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ;

- тартиби индексатсияи музди меҳнат дар ҳолати баландшавии сатҳи муайяни таваррум ва сари вақт пардохт накардани музди меҳнат;

- тартиби пардохти изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1842).

2. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1842):

- тартиби ба кор қабул кардан ва аз кор озод кардани кормандон, ҳисоб намудани собиқаи кори онҳо;

- меъёри ниҳоии давомнокии рӯзу ҳафта ва моҳи корӣ;

- тартиби додани рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва давомнокии он;

- кӯтоҳ намудани рӯзи кории кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок машғулан (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1842);

- талаботи ҳатмӣ ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1842);

- тартиби ташкили суғуртаи ҳатмӣ аз ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот ва ҳангоми бемориҳои касбӣ.

Моддаи 11. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини шуғли аҳолӣ ва дастгирии бекорон

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини шуғли аҳолӣ ва дастгирии бекорон муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:

- тартиби муайян намудани ҳаққи суғурта ҳангоми бекорӣ;

- андоза, мӯҳлат ва тартиби додани кӯмакпулиҳо ба сабаби бекорӣ;

- қоидаҳои ҷустуҷӯи ҷойҳои нави кор;

- тартиби бозомӯзӣ ва такмили таҳсили касбии бекорон, тартиб ва мӯҳлатҳои ба онҳо пешниҳод намудани маълумот оид ба масъалаҳои бо кор таъминкунӣ.

Моддаи 12. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ муқаррар кардани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:

- синну сол, давомнокии собиқаи кори ва муҳлатҳои фаро расидани дигар ҳолатҳои суғуртавӣ барои таъини нафақа ба категорияҳои мухталифи шаҳрвандон;

- андоза ва тартиби гузаронидани маблағи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ;

- тартиби муайян кардан ва тағйир додани андозаи ҳадди ақалли нафақаҳо;

- тартиби индексатсияи нафақаҳо дар сурати баланд гардидани сатҳи муайяни таваррум;

- тартиби ташкил ва фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа.

Моддаи 13. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини молҳои ниёзи мардум

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини молҳои ниёзи мардум муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:

- маҷмӯи ҳадди ақалли маҳсулоти зарурии озуқа, ғайриозуқа, хизматрасонӣ (ба таркиби сабади истеъмолӣ дохилшаванда) ва меъёрҳои истифодабарии онҳо барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ;

- номгӯи категорияҳои аҳолӣ, ки барои ба он бо нархҳои арзон ё ба тариқи имтиёзнок фурӯхтани молҳои ниёзи мардум эҳтиёҷ доранд ва ҳамчунин тартиби пешниҳоди чунин имтиёзҳо ва ташкили назорат оид ба риояи онҳо.

Моддаи 14. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини аҳолӣ бо манзил ва хизматрасонии маишию коммуналӣ

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини аҳолӣ бо манзил ва хизматрасонии маишию коммуналӣ муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:

- меъёрҳои таъмини майдони истиқоматӣ ва умумӣ ба ҳисоби як нафар;

- тартиби бақайдгирии шаҳрвандон, ки ба гирифтани манзил ё беҳтарсозии шароити манзилӣ эҳтиёҷ доранд;

- номгӯй ва меъёрҳои ба аҳолӣ расондани навъҳои асосии хизматрасонии коммуналӣ (дар таркиби сабади истеъмолӣ);

- ҳадди ниҳоии ҷоизи хароҷоти шаҳрвандон барои пардохти ҳаққи манзил ва хизматрасонии коммуналӣ (мувофиқ ба маҷмӯи даромади оила);

- тартиби ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ додани ҷубронпулиҳо барои пардохти ҳаққи манзилию коммуналӣ;

- арзиши ниҳоии хизматрасонии манзилию коммуналӣ дар як моҳ (аз рӯи ҳисоби ба 1 метри мураббаи майдони умумии манзил) ё худ чорабиниҳо оид ба танзими тарифҳои навъҳои хизматрасонӣ;

- категорияҳои шаҳрвандоне, ки ба онҳо манзил ройгон, ба таври қисман пардохт намудан ё бо шартҳои дигари имтиёзнок дода, хизматҳои манзилию маишӣ расонида мешаванд;

- тартиби ҷудо кардани маблағ барои хароҷоти корхона ва муассисаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ва хизматрасонии маишии аҳолӣ аз буҷетҳои сатҳҳои гуногун.

Моддаи 15. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи маориф

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:

- меъёрҳои маблағгузории буҷетӣ ва таъминоти моддию техникии муассисаҳои таълимии давлатӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ аз рӯи ҳисоб ба ҳар як хонанда;

- стандартҳои давлатии таҳсилот;

- меъёри шумораи (ҳиссаи) хонандагони таҳсилоти миёнаи касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ҳуқуқи таҳсили ройгонро доранд (ҳангоми дар асоси озмун ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул шудан);

- тартиб ва шаклҳои татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ, таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти махсус;

- тартиб ва шаклҳои амалӣ сохтани дастгирии молиявии муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакон ва ҷавонон;

- тартиби ройгон фароҳам овардани таҳсилоти махсус барои шахсони имкониятҳояшон маҳдуд;

- меъёри таъмин намудани кӯдакон бо китобҳои дарсӣ ва дафтар;

- меъёри таъминоти моддӣ, кадрӣ ва техникии муассисаҳои таълимии давлатӣ.

Моддаи 16. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи илм

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи илм муқаррар кардани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:

- тартиби маблағгузории муассисаҳои илмӣ (аз ҷумла сохторхои илмии мактабҳои олӣ);

- меъёрҳои таъминоти моддию техникии фаъолияти муассисаҳои илмӣ (аз ҷумла сохторҳои илмии мактабҳои олӣ);

- тартиби додани грантҳо ба муассисаҳо, коллективҳо ва кормандони илмӣ;

- ҷадвали тарифҳо ва иловапулиҳо ба музди меҳнати кормандони илмӣ (аз ҷумла сохторҳои илмии мактабҳои олӣ).

Моддаи 17. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:

- номгӯи намудҳои кумаки тиббию санитарии ройгон, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ ба аҳолӣ расонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1842);

- ҳаҷми кумаки тиббию санитарӣ, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ ба аҳолӣ расонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1842);

- категорияи шаҳрвандоне, ки ба онҳо кумаки тиббию санитарӣ ройгон расонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1842);

- номгӯи дорувории асосие, ки нисбати онҳо танзим ва қайди нархҳо татбиқ мешаванд, ҳамчунин категорияи, шахрвандоне, ки ба таври ройгон ё имтиёзнок бо ин доруворӣ таъмин карда мешаванд;

- қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ(Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1842);

- меъёрҳо ва қоидаҳои таъминоти моддию техникӣ, доруворӣ, кадрӣ, озуқа ва дигар мавод дар муассисаҳои тандурустии шакл ва навъҳои гуногун;

- меъёрҳои таъмини молиявии хароҷоти соҳаи тандурустӣ ба ҳар сари аҳолӣ;

- тартиби маблағгузории муассисаҳои тандурустӣ аз буҷетҳои сатҳҳои гуногун.

Моддаи 18. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:

- меъёрҳои таъмини аҳолӣ бо иншооти варзишӣ ва ҳайати мураббиёну омӯзгорон барои омӯзиш ва инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- тартиби маблағгузории муассисаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз буҷетҳои сатҳҳои гуногун;

- меъёрҳо оид ба назорати тиббии варзишгарон ва шаҳрвандоне, ки бо тарбияи ҷисмонӣ машғуланд ва таъмини санитарию гигиении хадамоти дахлдор.

Моддаи 19. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи фарханг

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи фарҳанг муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:

- меъёрҳои таъмини аҳолӣ бо хизматҳое, ки аз тарафи муассисаҳои фарҳангӣ расонида мешаванд;

- категорияҳои аҳолӣ, ки аз хизматрасонии ройгони муассисаҳои фарҳангӣ ё имтиёзҳои дигар истифода мебаранд;

- тартиби маблағгузории муассисаҳои фарҳангӣ аз буҷетҳои сатҳҳои гуногун бо мақсади ҳифз кардан ва ғанӣ гардонидани арзишҳои миллии фарҳангӣ.

Моддаи 20. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи кӯмаки иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи кӯмаки иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:

- тартиби таъсис додан ва фаъолият кардани фондҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ;

- категорияҳои шаҳрвандоне, ки ба кӯмаки иҷтимоӣ ниёз доранд;

- номгӯй ва меъёрҳои истифодаи кӯмак ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ки аз тарафи хадамоти иҷтимоӣ ба аҳолӣ ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок расонида мешаванд;

- тартиби маблағгузории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва хадамоти иҷтимоӣ аз буҷетҳои сатҳҳои гуногун.

Моддаи 21. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии экологӣ

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии экологӣ муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:

- меъёрҳои ниҳоии ҷоизи олудашавии муҳити зист;

- шароит барои маълумоти дақиқро оид ба ҳолати муҳити зист дастрас кардани шаҳрвандон;

- ба роҳ мондани истеҳсол ва истеъмоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза;

- тартиби ҷуброн кардани зарари ба саломатӣ ё молу мулки шаҳрвандон расонидашуда дар ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи таъмини бехатарии экологӣ.

Моддаи 22. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон муқаррар намудани меъёрҳои зеринро пешбинӣ мекунанд:

- ба шаҳрвандон расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ (аз ҷумла хизмати нотариалӣ);

- ҳифзи давлатӣ ва ҷамъиятии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони мол ва истифодабарандагони хизмат;

- ба шаҳрвандон ҷуброн кардани зараре, ки дар натиҷаи амалҳои нодурусти муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ расонида шудааст;

- маблағгузории муассисаҳое, ки ба шаҳрвандон оид ба ҳимояи ҳуқуқи иҷтимоӣ ёрии ҳуқуқӣ мерасонанд.

Моддаи 23. Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи истифодаи механизмҳои андозбандӣ ва нархгузорӣ

Стандартҳои иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи истифодаи механизмҳои андозбандӣ ва нархгузорӣ тартиби муқаррар намудани меъёрҳои андозбандии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин фароҳам овардани имтиёзҳои андозии онҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд.

БОБИ III. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 24. Мутобиқ намудани Қонуни мазкур ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

1. Муқаррароти Қонуни мазкур барои таҳия ва қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои муқаррар ва истифода кардани стандартҳои иҷтимоии давлатӣ асос мебошанд.

2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан дар соҳаи муқаррар намудани стандартҳои иҷтимоии давлатӣ интишор шудаанд, то мутобиқ гардонидани онҳо ба Қонуни мазкур дар қисме татбиқ мешаванд, ки ба муқаррароти Қонуни мазкур мухолиф нестанд.

Моддаи 25. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

19 майи соли 2009 № 528

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе, 15 апрели соли 2009 № 1293

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 18 майи соли 2009 № 648

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ГОСУДАРСТВЕННЫХ СОЦИАЛЬНЫХ СТАНДАРТАХ

(в редакции Закона РТ от 23.12.2021г.№1842)

ГЛАВА I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Сфера действия настоящего Закона

1. Настоящий Закон определяет правовые основы установления и применения государственных социальных стандартов, а также их структуру.

2. Настоящий Закон не применяется к стандартам, регулирующим требования техники безопасности и качества продукции, товара, работ и обслуживания (в том числе к стандартам, действующим в секторах социальной сфере).

Статья 2. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- государственные социальные стандарты - устанавливаемые государством нормы и нормативы, обеспечивающие реализацию гарантированных Конституцией Республики Таджикистан социальных прав граждан, и порядок предоставления этих прав;

- система государственных социальных стандартов - совокупность государственных социальных стандартов, охватывающих основные сферы социально-экономических отношений;

- основные социально - демографические группы населенияосновные категории граждан, объединенных по половозрастному признаку, социальному положению и уровню материальной обеспеченности (трудоспособное население, пенсионеры и дети);

- уровень жизни - совокупность материальных и духовных благ и услуг, обеспечивающих удовлетворение жизненно необходимых потребностей людей.

Статья 3. Объект и субъекты регулирования

1. Объектом регулирования настоящего Закона являются отношения в области применения государственных социальных стандартов между органами государственной власти, органами самоуправления поселков и сёл,  организациями и гражданами Республики Таджикистан (в редакции Закона РТ от 23.12.2021г.№1842).

2. Субъектами деятельности, связанными с применением государственных социальных стандартов, являются органы государственной власти,  органы самоуправления поселков и сёл,  организации и граждане, взаимодействующие в процессе применения государственных социальных стандартов (в редакции Закона РТ от 23.12.2021г.№1842).

Статья 4. Законодательство Республики Таджикистан о государственных социальных стандартах

Законодательство Республики Таджикистан о государственных социальных стандартах основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.

Статья 5. Установление, применение и контроль за соблюдением государственных социальных стандартов

1. Государственные социальные стандарты устанавливаются в виде нормативных правовых актов и являются обязательными для применения на всей территории Республики Таджикистан.

2. Государственные социальные стандарты подлежат пересмотру в порядке, предусмотренном законодательством Республики Таджикистан.

3. Контроль соблюдения государственных социальных стандартов осуществляется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

Статья 6. Назначение государственных социальных стандартов

Государственные социальные стандарты устанавливаются в целях:

- определения гарантированных структуры и норм потребления гражданами основных материальных благ и услуг;

- проведения единой социальной политики в различных регионах страны;

- использования в качестве нормативов при обосновании расходов бюджетов разных уровней на социальные нужды;

- оценки уровня жизни населения и хода реализации социальной политики;

- использования при разработке социальных программ;

- обоснования необходимости и установления размеров адресной социальной помощи нуждающемуся в ней населению.

Статья 7. Основные принципы установления государственных социальных стандартов

Основными принципами установления государственных социальных стандартов являются:

- обеспечение соответствия государственных социальных стандартов основным принципам и направлениям социальной политики;

- обеспечение возможности реализации конституционных прав граждан путем использования их собственных усилий и средств, а также справедливого и рационального богатства страны;

- обеспечение социальной и экономической обоснованности государственных социальных стандартов;

- недопущение снижения уровня жизни граждан при разработке и осуществлении мероприятий по социально-экономическому развитию республики и её регионов;

- обеспечение защиты интересов всех социальных групп общества;

- использование мирового опыта при разработке системы государственных социальных стандартов;

- предоставление гражданам информации о государственных социальных стандартах;

- обеспечение социальной стабильности в обществе на основе развития системы социального партнерства.

ГЛАВА II. ВИДЫ И СИСТЕМА ГОСУДАРСТВЕННЫХ СОЦИАЛЬНЫХ СТАНДАРТОВ

Статья 8. Виды государственных социальных стандартов

Государственные социальные стандарты устанавливаются в виде натуральных, стоимостных, временных и финансовых норм и нормативов, регламентирующих порядок их установления и применения.

Статья 9. Система государственных социальных стандартов

Система государственных стандартов охватывает следующие основные сферы социальных отношений:

- оплата труда и трудовые отношения;

- обеспечение занятости и поддержка безработных;

- пенсионное обеспечение и социальное страхование;

- обеспечение товарами массового спроса;

- обеспечение населения жильём, коммунальными и бытовыми услугами;

- образование;

- наука;

- здравоохранение;

- физическая культура и спорт;

- культура;

- социальная помощь и социальное обслуживание населения;

- обеспечение экологической безопасности;

- защита социальных прав граждан;

- использование механизмов налогообложения и ценообразования.

Статья 10. Государственные социальные стандарты в области оплаты труда и трудовых отношений

1. Государственные социальные стандарты в области оплаты труда предусматривают установление:

- минимального размера оплаты труда в пределах прожиточного минимума;

- нормативов и порядка оплаты труда работников бюджетной сферы;

- порядка индексации заработной платы в случае превышения определенного уровня инфляции и задержания заработной платы;

- порядка оплаты сверхурочных работ, работы в выходные и праздничные дни.

2. Государственные социальные стандарты в сфере трудовых отношений предусматривают установление:

- порядка приёма на работу и увольнения работников, исчисления йх трудового стажа;

- предельной нормы продолжительности рабочего дня, недели, месяца;

- порядка предоставления и продолжительности ежегодных оплачиваемых отпусков;

- сокращенного рабочего дня для работников, занятых на тяжелых и подземных работах, работах с вредными условиями труда (в редакции Закона РТ от 23.12.2021г.№1842);

- обязательных требований к обеспечению безопасности и охраны труда;

- порядка организации обязательного страхования от несчастных случаев на производстве и профессиональных заболеваний.

Статья 11. Государственные социальные стандарты в области обеспечения занятости населения и оказания поддержки безработным

Государственные социальные стандарты в области обеспечения занятости и оказания поддержки безработным предусматривают установление:

- порядка определения страхового взноса по страхованию на случай безработицы;

- размеров, сроков и порядка предоставления пособия по безработице;

- правил поиска новых рабочих мест;

- порядка переобучения и профессиональной переподготовки безработных, порядка и сроков предоставления им информации по вопросам трудоустройства.

Статья 12. Государственные социальные стандарты в области пенсионного обеспечения и социального страхования

Государственные социальные стандарты в области пенсионного обеспечения и социального страхования предусматривают установление:

- возраста, продолжительности трудового стажа и сроков наступления других страховых случаев для назначения пенсий различным категориям граждан;

- размеров и порядка отчислений денежных средств физических и юридических лиц в государственный уполномоченный орган;

- порядка определения и изменения минимальных размеров пенсий;

- порядка индексации пенсий в случае превышения определенного уровня инфляции;

- порядка организации и деятельности негосударственных пенсионных фондов.

Статья 13. Государственные социальные стандарты в области обеспечения товарами массового спроса

Государственные социальные стандарты в области обеспечения населения товарами массового спроса предусматривают установление;

- минимального набора важнейших продуктов питания, непродовольственных товаров, услуг (входящих в состав потребительской корзины) и нормативов их потребления для основных социально-демографических групп населения;

- перечня категорий населения, нуждающегося в реализации ему товаров массового спроса по сниженным ценам или на льготных условиях, а также порядка предоставления таких льгот и организации контроля его соблюдения.

Статья 14. Государственные социальные стандарты в области обеспечения населения жильём и коммунально - бытовыми услугами

Государственные социальные стандарты в области обеспечения населения жильём и коммунально-бытовыми услугами предусматривают установление:

- нормативов обеспечения жилой и общей площадью в расчете на одного человека;

- порядка постановки на учет граждан, нуждающихся в получении жилья или улучшении жилищных условий;

- перечня и нормативов предоставления населению основных видов коммунальных услуг(в составе потребительской корзины);

- максимально допустимой (предельной) доли расходов граждан на оплату жилья и коммунальных услуг (в совокупном доходе семьи);

- порядка предоставления малообеспеченным группам населения компенсаций на оплату жилищно-коммунальных услуг;

- предельной стоимости жилищных и коммунальных услуг в месяц (в расчете на 1кв. метр общей площади жилья) либо мер по регулированию тарифов на эти услуги;

- категорий граждан, которым жильё и коммунально - бытовые услуги предоставляются бесплатно, с частичной оплатой или на иных льготных условиях;

- порядка финансирования расходов предприятий и учреждений жилищно-коммунального хозяйства и бытового обслуживания населения из бюджетов разных уровней.

Статья 15. Государственные социальные стандарты в области образования

Государственные социальные стандарты в области образования предусматривают установление:

- нормативов бюджетного финансирования и материально-технического обеспечения государственных учебных заведений и других образовательных учреждений из расчета на одного учащегося;

- государственных стандартов обучения;

- нормы количества (доли) учащихся средних специальных учебных заведений и студентов высших профессиональных учебных заведений, пользующихся правом получения бесплатного образования (при поступлении в эти учебные заведения на конкурсной основе);

- порядка и форм реализации прав граждан на дошкольное образование, общее, начальное и среднее специальное образование, высшее образование, профессиональное последипломное образование, дополнительное образование и специальное образование;

- порядка и форм осуществления финансовой поддержки учебных заведений для детей и молодёжи;

- порядка предоставления бесплатного специального образования лицам с ограниченными возможностями;

- нормы обеспечения детей школьными учебниками и тетрадями;

- нормы материального, кадрового и технического обеспечения государственных учебных заведений.

Статья 16. Государственные социальные стандарты в области науки

Государственные социальные стандарты в области науки предусматривают установление:

- порядка финансирования научных учреждений (включая научные подразделения вузов);

- норм материально-технического обеспечения деятельности научных учреждений (включая научные подразделения вузов);

- порядка предоставления грантов научным учреждениям, коллективам и научным работникам;

- тарифной сетки и надбавок к заработной плате научных работников (включая научные подразделения вузов).

Статья 17. Государственные социальные стандарты в области здравоохранения

Государственные социальные стандарты в области здравоохранения предусматривают установление:

- перечня видов бесплатной медико - санитарной помощи, предоставляемой населению государственными учреждениями здравоохранения;

- объема медико-санитарной помощи, предоставляемой населению государственными учреждениями здравоохранения;

- категорий граждан, которым оказывается бесплатная медикосанитарная помощь;

- перечня основных лекарственных средств, в отношении которых осуществляется регулирование и фиксация цен, а также категорий населения, которые должны обеспечиваться ими бесплатно или на льготных условиях;

- государственных санитарно - эпидемиологических норм и нормативов (в редакции Закона РТ от 23.12.2021г.№1842);

- норм и нормативов материально-технического, медикаментозного, кадрового, продовольственного и других материалов в государственных учреждениях здравоохранения различных типов и видов;

- норм финансирования расходов в области здравоохранения из расчета на единицу населения;

- порядка финансирования учреждений здравоохранения из бюджетов разных уровней.

Статья 18. Государственные социальные стандарты в области физической культуры и спорта

Государственные социальные стандарты в области физической культуры и спорта предусматривают установление:

- нормативов обеспечения населения спортивными сооружениями и тренерско-преподавательским составом для занятий физической культурной и спортом и развития этой отрасли;

- порядка финансирования учреждений физической культуры и спорта из бюджетов разньтх уровней;

- норматив по медицинскому контролю спортсменов и граждан, занимающихся физической культурой, и санитарно - гигиеническое обеспечение соответствующих служб.

Статья 19. Государственные социальные стандарты в области культуры

Государственные социальные стандарты в области культуры предусматривают установление:

- нормативов обеспечения населения услугами, оказываемыми учреждениями культуры;

- категорий населения, пользующих бесплатными услугами учреждений культуры или другими льготами;

- порядка финансирования учреждений культуры из бюджетов разных уровней с целью сохранения и приумножения национальных культурных ценностей.

Статья 20. Государственные социальные стандарты в области социальной помощи и социального обслуживания населения

Государственные социальные стандарты в области социальной помощи и социального обслуживания населения предусматривают установление:

- порядка создания и функционирования внебюджетных социальных фондов;

- категорий граждан, нуждающихся в социальной помощи;

- перечня и нормативов потребления социальных услуг и помощи, предоставляемых социальными службами населению бесплатно или на льготных условиях;

- порядка финансирования учреждений социальной защиты и социальных служб из бюджетов разных уровней.

Статья 21. Государственные социальные стандарты в области обеспечения экологической безопасности

Государственные социальные стандарты в области обеспечения экологической безопасности предусматривают установление:

- предельно допустимых норм загрязнения окружающей среды;

- условий для обеспечения доступности получения гражданами достоверной информации о состоянии окружающей среды;

- введения производства и потребления экологически чистых продуктов;

- порядка возмещения ущерба здоровью или имуществу граждан в случае правонарушений в области обеспечения экологической безопасности.

Статья 22. Государственные социальные стандарты в области защиты социальных прав граждан

Государственные социальные стандарты в области защиты социальных прав граждан предусматривают определение порядка:

- предоставления гражданам юридической помощи (включая услуги нотариата);

- государственной и общественной защиты прав потребителей товаров и услуг;

- предоставления гражданам компенсаций причиненного им ущерба в связи с неправомочными действиями учреждений социальной сферы;

- финансирования учреждений, предоставляющих юридическую помощь гражданам в области защиты их социальных прав.

Статья 23. Государственные социальные стандарты в области применения механизмов налогообложения и ценообразования

Государственные социальные стандарты в области применения механизмов налогообложения и ценообразования предусматривают установление порядка налогообложения физических и юридических лиц, предоставление им налоговых льгот, в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

ГЛАВА III. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 24. Соотношение настоящего Закона и иных нормативных правовых актов

1. Положения настоящего Закона являются основой для разработки и принятия иных нормативных правовых актов по вопросам установления и применения государственных социальных стандартов.

2. Ранее изданные нормативные правовые акты Республики Таджикистан в области установления государственных социальных стандартов до приведения их в соответствие с настоящим Законом применяются в части, не противоречащей нормам настоящего Закона.

Статья 25. Введение в действие настоящего Закона

Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

19 мая 2009 года №528

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О государственных социальных стандартах"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджпкистан "О государственых социальных стандартах".

Председатель

Мадлслиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан С.Хайруллоев

г. Душанбе, 15 апреля 2009 года, № 1293

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О государственных социальных стандартах"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О государственных социальных стандартах", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О государственных социальных стандартах".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г.Душанбе от 18 мая 2009 года №6481