Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 октябри соли 2021, №535
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №215
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ" аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 335) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз сархати якуми моддаи 2 ва матни моддаи 4 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 3 калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 10:
- қисмҳо рақамгузорӣ карда шаванд;
- сархати чоруми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- тартиби пардохти изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид.";
- дар қисми дуюм:
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- кӯтоҳ намудани рӯзи кории кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд;";
- дар сархати панҷум калимаи "таъминоти" ба калимаи "таъмини" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 17:
- дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюм калимаи "ёрии" ба калимаи "кумаки" иваз карда шавад;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 декабри соли 2021, №1842
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННЫХ СОЦИАЛЬНЫХ СТАНДАРТАХ"
Принят
постановлением МН МОРТ
от 20 октября 2021 года, №535
Одобрен
постановлением ММ МОРТ
от 17 декабря 2021 года, №215
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О государственных социальных стандартах" от 19 мая 2009 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., №5, ст. 335) следующие изменения:
1. В частях 1 и 2 статьи 3 слова "органами местного самоуправления" и "органы местного самоуправления" соответственно заменить словами "органами самоуправления поселков и сёл" и "органы самоуправления поселков и сёл".
2. В статье 10:
- части нумеровать;
- абзац четвертый части второй изложить в следующей редакции:
"- сокращенного рабочего дня для работников, занятых на тяжелых и подземных работах, работах с вредными условиями труда;".
3. Абзац пятый статьи 17 изложить в следующей редакции:
"- государственных санитарно - эпидемиологических норм и нормативов;".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 23 декабря 2021 года, №1842