ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲАДДИ АҚАЛЛИ ЗИНДАГӢ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2038)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии муайян намудани ҳадди ақалли зиндагӣ, тартиби баҳисобгирӣ, таъмини кумакҳои давлатии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон, инчунин татбиқи дигар тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- сабади истеъмолӣ - маҷмӯи ҳадди ақалли маҳсулоти озуқа, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасонӣ, ки барои нигаҳдории саломатии инсон, таъмини зиндагӣ ва фаъолияти ӯ заруранд ;
- ҳадди ақалли зиндагӣ - арзиши сабади истеъмолӣ ва маблағи пардохтҳои ҳатмӣ ;
- ҳадди камбизоатӣ - меъёри даромадҳо барои қонеъ гардонидани талаботи ҳаётан муҳими инсон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба имкониятҳои иқтисодӣ муқаррар карда шудааст;
- гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ - гурӯҳи шаҳрвандоне, ки аз рӯи аломатҳои ҷинсию синнусолӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва сатҳи таъминоти моддӣ муттаҳид мебошанд (аҳолии қобили меҳнат, нафақахӯрон ва кӯдакон);
- сатҳи зиндагӣ - маҷмӯи неъматҳои моддию маънавӣ ва хизматрасонӣ, ки талаботи ҳаётан муҳими одамонро қонеъ мегардонанд;
- кӯмаки иҷтимоии давлатӣ - кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, субсидияҳо, ҷубронпулиҳо, хизматрасонии иҷтимоӣ ва молҳои зарурӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба оилаҳо ва ё шаҳрвандони камбизоат дода мешаванд;
- шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат - оилаҳое (шаҳрвандони яккаву танҳо), ки бо сабабҳои аз онҳо новобаста, даромади миёнаи сарикасии онҳо аз андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ паст мебошад ;
- даромади миёнаи сарикасии оила (шаҳрвандони яккаву танҳо) андозаи миёнаи моҳонаи даромади умумии ба ҳар як узви оила (шаҳрвандони яккаву танҳо) тақсимшуда.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳадди ақалли зиндагӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳадди ақалли зиндагӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Таъиноти мақсадноки ҳадди ақалли зиндагӣ
Ҳадди ақалли зиндагӣ, ки дар маҷмӯъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад, бо мақсадҳои зерин истифода мегардад :
- арзёбии сатҳи зиндагии аҳолӣ барои таҳия ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва барномаҳои иҷтимоии мақсаднок ;
- таҳлил ва пешбинии сатҳи зиндагии аҳолӣ;
- ташаккули буҷети давлатӣ ;
- асосноккунии кӯмакрасонии иҷтимоии давлатӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат ;
- тадриҷан наздик кардани андозаҳои муқарраршавандаи ҳадди ақалли музди меҳнат, нафақаҳо, ҷубронпулиҳо, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ;
- муайян кардани ҳадди камбизоатӣ ва татбиқи тадбирҳо оид ба дастгирии иҷтимоии аҳолӣ.
Моддаи 4. Намудҳои ҳадди ақалли зиндагӣ
1. Вобаста аз таъиноти мақсаднок ҳадди ақалли зиндагӣ ба намудҳои зерин тақсим мешавад :
- сарикасӣ ;
- аз рӯи гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ.
2. Ҳадди ақалли зиндагӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он, бо ҷудо кардани аҳолӣ ба сокинони шаҳр ва деҳот инчунин бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофию иқлимӣ ва хусусиятҳои дигари истеъмоли неъматҳои моддӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар маҷмӯъ муайян карда мешавад .
Моддаи 5. Таркиби сабади истеъмолӣ
1. Сабади истеъмолӣ аз инҳо иборат мебошад:
- маҷмӯи маҳсулоти озуқа;
- маҷмӯи маҳсулоти ғайриозуқа;
- маҷмӯи хизматрасонӣ.
2. Ҳангоми муайян кардани маҷмӯи маҳсулоти озуқа меъёрҳои илман асоснокшудаи талаботи ҳадди ақалли гурӯҳҳои иҷтимоию демографии ахолӣ ба маҳсулоти озуқа, инчунин таркиби кимиёвӣ ва арзиши ғизонокии маҳсулоти озуқа ба инобат гирифта мешаванд .
3. Ҳангоми муайян кардани маҷмӯи маҳсулоти ғайриозуқа, ки ба таркиби сабади истеъмолӣ дохил мешаванд, қонеъгардонии талаботи ҳадди ақалли ҳаётан муҳими гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ ба маҳсулоти ғайриозуқа бо назардошти хусусиятҳои ҷинсиву синнусолӣ ва либос, инчунин барои ташкили шароитҳои маишӣ ба назар гирифта мешавад .
4. Ҳангоми муайян намудани маҷмӯи хизматрасонии дар таркиби сабади истеъмолӣ мавҷудбуда, қонеъ намудани талаботи ҳадди ақалли аҳолӣ ба хизматрасонии манзилию коммуналӣ, маишӣ, нақлиётӣ ва алоқа ба инобат гирифта мешавад .
Моддаи 6. Таҳия, бозҳисобӣ ва тасдиқи сабади истеъмолӣ
1. Сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ зимни тавсияномаҳое, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ бо иштироки иттиҳодияи намояндагони кормандони Тоҷикистон таҳия мегарданд, ҳисоб карда мешавад.
2. Тавсияномаҳои мазкур на камтар аз як маротиба дар 5 сол муайян карда шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд.
3. Таркиб ва сохтори сабади истеъмолиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 7. Даврият ва қоидаҳои ҳисоби андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ
1. Андозаи ҳадди ақалли зиндагии сарикасӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоию демографӣ дар асоси сабади истеъмолӣ ва маълумоти оморӣ оид ба сатҳи нархҳои истеъмолии маҳсулоти озуқа, маҳсулоти ғайриозуқа ва хизматрасонӣ, бо назардошти ҳамаи намудҳои савдо ва хароҷот барои боҷҳои давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ҳар семоҳа ҳисоб карда мешавад .
2. Андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ, қоидаҳои ҳисоб ва даврияти бозҳисобии он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Моддаи 8. Истифодаи хадди ақалли зиндагӣ ҳангоми ба шаҳрвандон расонидани кӯмаки иҷтимоии давлатӣ
1. Андозаи ҳадди акалли зиндагӣ ҳангоми муқаррар намудани андозаҳои ҳадди ақалли музди меҳнат ва нафақаҳо, инчунин андозаҳои стипендия, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ҳамчун нишондиҳанда ҳисобида мешавад .
2. Ҳангоми бастани шартномаҳои меҳнатии коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти муайян намудани андозаи музди меҳнати кормандон ва дигар кӯмакпулиҳо, андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ ҳамчун меъёри асосӣ истифода мешавад .
3. Наздик кардани ҳадди ақалли кафолатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ бо назардошти вазъияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба амал оварда мешавад .
Моддаи 9. Нашри маълумот оид ба андозаи ҳадди ақалли зиндагӣ
Маълумот дар бораи андозаи ҳадди ақалли зиндагии сарикасӣ аз рӯи гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ ба таври пурра дар ҷумҳурӣ ҳар се моҳ дар нашрияи расмии омории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор карда мешавад .
Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
19 майи соли 2009 № 521
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ЗАКОН
РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ПРОЖИТОЧНОМ МИНИМУМЕ
(в редакции Закона РТ от 03.01.2024 №2038)
Настоящий Закон определяет правовые, организационные и экономические основы определения прожиточного минимума, порядок учёта и оказания государственной социальной помощи гражданам, а также осуществления иных мер социальной защиты населения в Республике Таджикистан
Статья 1. Основные понятия
В настоящем Закон используются следующие основные понятия:
- потребительская корзина - минимальный набор продуктов питания, непродовольственных товаров и услуг, необходимых для сохранения здоровья человека и обеспечения его жизнедеятельности;
- прожиточный минимум - стоимость потребительской корзины и суммы обязательных платежей;
- черта бедности - норма доходов, необходимых для удовлетворения жизненно важных потребностей человека, установленная в Республике Таджикистан, исходя из экономических возможностей;
- основные социально-демографические группы населения - категории граждан, которые объединены по половозрастным признакам, социальному положению и уровню материальной обеспеченности (трудоспособное население, пенсионеры, дети);
- уровень жизни - совокупность материальных, духовных благ и услуг, которые обеспечивают удовлетворение жизненно важных потребностей людей;
- государственная социальная помощь , предоставление социальных пособий, субсидий, компенсаций, жизненно необходимых товаров и услуг малоимущим семьям или малоимущим гражданам за счет государственного бюджета;
- малоимущие граждане (семьи) - семьи (одиноко проживающие граждане), среднедушевой доход которых по независящим от них причинам ниже величины прожиточного минимума
- среднедушевой доход семьи (одиноко проживающих граждан)среднемесячный размер совокупного дохода, разделённого на каждого члена семьи (одиноко проживающих граждан).
Статья 2. Закокодательство Республики Таджикистан о прожиточном минимуме
Законодательство Республики Таджикистан о прожиточном минимуме основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.
Статья 3. Целевое назначение прожиточного минимума
Прожиточный минимум, определяемый в целом по республике, предназначается для следующих целей:
- оценки уровня жизни населения, для формирования и реализации социальной политики и целевых социальных программ;
- анализа и прогнозирования уровня жизни населения;
- формирования государственного бюджета
- обоснования оказания государственной социальной адресной помощи малоимущим гражданам (семьям)
- поэтапного сближения устанавливаемых минимальных размеров заработной платы, пенсии, пособий и иных социальных выплат;
- определения черты бедности и реализации мер социальной поддержки населения.
Статья 4. Виды прожиточного минимума
1. В зависимости от целевого назначения прожиточный минимум подразделяется на следующие виды:
- на душу населения;
- по основным социально-демографическим группам населения.
2. Прожиточный минимум определяется в целом по территории Республики Таджикистан и его регионам, разделяя население на городское и сельское, а также учитывая географические, климатические и иные особенности потребления материальных благ и услуг населением.
Статья 5. Состав потребительской корзины
1. Потребительская корзина состоит из:
- набора продуктов питания;
- набора непродовольственных товаров;
- комплекса услуг.
2. При определении набора продуктов питания используются научно-обоснованные нормы минимальных потребностей в веществах, а также учитываются химический состав и энергетическая ценность продуктов питания.
3. При определении набора непродовольственных товаров, входящих в состав потребительской корзины, предусматривается удовлетворение жизненно необходимых минимальных потребностей основных социальнодемографических групп населения в непродовольственных товарах, с учетом половозрастных особенностей и одежды, а также для организации быта.
4. При определении набора услуг в составе потребительской корзины предусматривается удовлетворение минимальных потребностей населения в жилищно-коммунальных, бытовых, транспортных услугах и связи.
Статья 6. Разработка, перерасчёт и утверждение потребительской корзины
1. Потребительская корзина для основных социально-демографических групп населения определяется на основе методических рекомендаций, разрабатываемых государственным уполномоченным органом с участием объединения представителей работников Таджикистана.
2. Указанные методические рекомендации определяются не реже одного раза в 5 лет и утверждаются Правительством Республики Таджикистан.
3. Состав и структуру потребительский корзины определяет законодательство Республики Таджикистан.
Статья 7. Периодичность и правила исчисления величины прожиточного минимума
1. Величина прожиточного минимума на душу населения и по социально-демографическим группам населения рассчитывается ежеквартально на основании потребительской корзины и статистических данных об уровне потребительских цен на продукты питания, непродовольственные товары и услуги, с учетом всех видов товарооборота и расходов по государственным сборам и обязательным платежам.
2. Величина прожиточного минимума, правила исчисления, и периодичность её перерасчёта определяются Правительством Республики Таджикистан
Статья 8. Использование прожиточного минимума при оказании государственной социальной помощи гражданам
1. Величина прожиточного минимума является ориентиром при установлении минимальных размеров оплаты труда и пенсий, а также размеров стипендий, пособий и других социальных выплат, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.
2. При заключении коллективных трудовых договоров в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, для установления размеров заработной платы и других пособий работникам, величина прожиточного минимума применяется как основной критерий.
3. Приближение минимальных социально-трудовых гарантий в Республике Таджикистан к величине прожиточного минимума осуществляется поэтапно с учетом экономическои ситуации Республики Таджикистан.
Статья 9. Публикация сведений о величине прожиточного минимума
Сведения о величине прожиточного минимума на душу населения и по основным социально-демографическим группам населения в целом по республике публикуются ежеквартально в официальных статистических изданиях Республики Таджикистан.
Статья 10. Порядок введения в действие настоящего Закона
Настоящий Закон ввести в действие после, его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
19 мая 2009 года № 521
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О прожиточном минимуме"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О прожиточном минимуме".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С.Хайруллоев
г. Душанбе, 15 апреля 2009 года, № 1291
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О прожиточном минимуме"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О прожиточном минимуме", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О прожиточном минимуме".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе, 18 мая 2009 года №638