ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бехатар бо организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда"
Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2023, №1576 "Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бехатар бо организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда"-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бехатар бо организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда" ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 июни соли 2023, № 280
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июни соли 2023, № 280
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бехатар бо организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бехатар бо организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда"-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2023, №1576 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, баррасӣ кард.
Зимни омӯзиши лоиҳа маълум гардид, ки яке аз мақсадҳои таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур аз байн бурдани духӯрагӣ ва нофаҳмиҳо байни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии биологӣ" мебошад.
Ҳамзамон, истилоҳи "бехатарии биологӣ", ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур шарҳ дода шудааст, дар иртибот бо қонунҳои болозикр ва барои мақсадҳои бо лоиҳаи Қонуни мазкур истифодашаванда таҷдид ва бознигарӣ карда шавад.
Тибқи лоиҳа Комиссияи миллӣ ҳамчун мақоми байниидоравӣ оид ба танзими фаъолияти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, иҷозатдиҳӣ ба намудҳои фаъолият бо организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ба зиммаи он вогузор карда шудааст.
Дар ин раванд аз ҷониби Комиссияи мазкур санҷиши истифодаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда, додани иҷозат барои дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ба муҳити зист, баррасии огоҳиномаҳои тағйирёбии шароити дохилкунии ғаразнок ба муҳити зист, қабули ҳисобот, додани иҷозат барои ба муомилот баровардан, воридот ва содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда, қабули қарорҳои дахлдор дар ин самт ва аз нав баррасй намудани қарорҳои қабулшуда, инчунин қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ ба амал бароварда мешавад, ки он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мухолифат менамояд.
Аз ин рӯ, амалисозии ваколатҳои мазкур аз ҷониби Комиссияи миллӣ ҳамчун мақоми байниидоравӣ ба мақсад мувофиқ набуда, зарур шуморида мешавад, ки онҳо дар ваколати вазорат ё идораи соҳавии муайян пешбинӣ карда шавад.
Муайян кардани мақомоти ваколатдор дар соҳаи таъмини фаъолияти бехатар бо организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст, ки ба мақсад мувофиқ нест, зеро дар моддаи 8 лоиҳаи Қонуни мазкур ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ, кишоварзӣ ва бехатарии озуқаворӣ вобаста ба таъмини фаъолияти бехатар бо организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда пешбинӣ шудааст.
Дар маҷмуъ таҳлили лоиҳаи Қонун нишон дод, ки он дар шакли пешниҳодгардида қобили қабул набуда, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар иртибот бо таклифҳои манзургардида ва таҷрибаи дигар давлатҳо бо муайян намудани механизми дурусти амалишавии он такмил дода шуда, бо тартиби муқарраргардида пешниҳод карда шавад.
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан "О безопасной деятельности с генетически модифицированными организмами"
Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 13 марта 2023 года, №1576 "О проекте Закона Республики Таджикистан "О безопасной деятельности с генетически модифицированными организмами". Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан "О безопасной деятельности с генетически модифицированными организмами".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 26 июня 2023 года №280
Прилагается на тадж.яз