Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2023, № 208 "Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фонди манзил"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фонди манзил

 

Мутобиқи моддаи 11 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби баҳисобгирии давлатии фонди манзил тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои Тартиби мазкурро таъмин намоянд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004, №280 "Дар бораи Тартиби баҳисобгирии давлатии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 майи соли 2023, № 208

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке государственного учета жилищного фонда

В соответствии со статьей 11 Жилищного кодекса Республики Таджикистан и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок государственного учета жилищного фонда (прилагается).

2. Местным исполнительным органам государственной власти, органам самоуправления поселков и дехотов совместно с соответствующими министерствами и ведомствами обеспечить исполнение настоящего Порядка.

3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 июня 2004 года, №280 "О Порядке государственного учета жилищного фонда Республики Таджикистан".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 29 мая 2023 года №208