Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, № 186 "Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амали солҳои 2023-2025-и Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ва ҷалби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 апрели соли 2023, № 186