Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 апрели соли 2023, № 186
Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2023-2027
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) ҷиҳати гузаронидани мониторинги доимӣ ва ба танзим даровардани маҷрои дарёҳо, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани сойҳо, бо мақсади пешгирӣ намудани хавфи селу обхезиҳо ва шусташавии соҳилҳои дарёҳо таҳия гардидааст.
2. Бо мақсади коҳиш додани офатҳои табиӣ, хусусан селу обхезиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Барнома псшбинӣ намудани чорахои пешгирикунанда зарур аст. Ин имкон медиҳад, ки ҳифзи аҳолӣ, заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигари муҳими хоҷагии халк аз таъсири обхезиҳо таъмин карда шаванд.
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати кӯҳӣ буда, мунтазам дучори офатҳои табиӣ мегардад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 947 дарё ва 276 сой бо дарозии қариб 30 ҳазор километр мавҷуданд, ки аксарашон аз лиҳози сел хатарангез ба ҳисоб мераванд. Захираи бузурги обӣ баробари фоида ба мамлакат ҳамасола ҳисороти калони моливу ҷонӣ мерасонад. Ҳар сол дар мавсими баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва боришоти зиёд боиси обхезӣ, омадани ярч ва сел мегардад, ки ба маҳалҳои аҳолинишин ва иншоотҳои хоҷагии халқ зарари калон расонида, бо қабул гардидани Барномаи мазкур бояд бартараф карда шаванд.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ВА КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
4. Офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу обхезиҳо дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳар сол мушоҳида карда мешаванд. Аз рӯйи маълумоти мавҷудбуда селҳое, ки бо суръати 60-80 километр дар як соат ҳаракат менамоянд, ҳар даҳ сол зиёда аз 25 маротиба такрор мешаванд.
5. Минтакаҳои нисбатан бештар ба сел дучоршаванда мавзеъҳои дар ҳавзаҳои дарёи Панҷ, Вахш, Сурхоб, Ёхсу, Сурхоб, Варзоб, Кофарниҳон, Хонақо, Қаратоғ, Зарафшон, Исфара ва сойҳои калони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Балҷувон, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Деваштич, Ашт, Спитамен, Панҷакент, Шаҳристон ва дигар нохияҳо ҷойгирбуда ба ҳисоб мераванд. Дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон дар як сол ба ҳисоби миёна то 70 маротиба сел меояд.
6. Обхезӣ ва селобаи моҳи июл ва заминҷунбии моҳи декабри соли 2015 ба 8 шаҳру ноҳияхои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба 10 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, 3 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ва 6 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ зарари калони моддӣ ва ҷонӣ расонид, ки зарурати гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, баланд бардоштани эътимоднокии иншоотҳои зидди обхезиро дар ҷумҳурӣ ҷиҳати муҳофизати аҳолӣ ва иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ бори дигар собит намуд.
7. Дар натиҷаи офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 105 километр шабакаи обёрӣ, 50 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 9 километр заҳбуру заҳкаш, 3 пойгоҳи обкашӣ осеб дида, дар ҳаҷми 510 ҳазор метри мукааб аз сангу гил сойҳо пур шудаанд.
8. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 43 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 68 километр шабакаи обёрӣ, 5 пойгоҳи обкашӣ ва 11 километр заҳбуру заҳкаш осеб дида, дар ҳаҷми 902 ҳазор метри мукааб сойҳо аз қуму гил пур шудаанд.
9. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 7 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 8 пойгоҳи обкашӣ, 10 километр селпарто, 0,4 километр дюкер, 13 километр шабакаҳои обёрӣ ва иншооти дигари гидротехникӣ зарар диданд.
10. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 5 километр шабакаи обёрӣ, 1 пойгоҳҳои обкашӣ ва 1,3 километр сарбанди наҳрҳои обёрикунанда осеб диданд.
11. Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ шабакаҳои обёрӣ, иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, заҳбуру заҳкаш, сойҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ ба маблағи 490,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла 1411890 метри мукааб сойҳо ба маблағи 24,2 миллион сомонӣ, 105,4 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 454,1 миллион сомонӣ, 191 километр шабакаи обёрӣ ба маблағи 4,2 миллион сомонӣ, 19,5 километр захбуру заҳкаш ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ ва 18 пойгоҳи обкашӣ ба маблағи 4,5 миллион сомонӣ зарар диданд.
12. Мавриди зикр аст, ки дар баробари гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ саддҳои муҳофизатӣ ва дигар иншооти муҳофизатӣ бинобар сари вақт нагузаронидани таъмири ҷорӣ дар сурати такроран рух додани офатҳои табиӣ қисман ва дар баъзе ҳолатҳо пурра нобуд шуда истодаанд.
13. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ соли 2016 дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба иншоотҳои гидротехникӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, пойгоҳҳои обкашӣ, сойҳо, шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо зарари калони моддӣ расонида шуд.
14. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маблағи зарар 13,6 миллион сомониро ташкил дод.
15. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ мувофиқи ҳисобот ба иншоотҳои обёрӣ ва муҳофизати соҳил ба маблағи 7,4 миллион сомонӣ зарар расонида шудааст.
16. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон асосан сойҳо, наҳрҳо, саддҳои муҳофизатӣ ва иншооти гидротехникӣ дар натиҷаи рух додани офати табиӣ ба маблағи 14,7 миллион сомонӣ зарар диданд.
17. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар натиҷаи офатҳои табиӣ марбут ба обхезӣ иншооти обёрии вилоят ба маблағи 548 ҳазор сомонӣ зарар диданд.
18. Дар натиҷаи рух додани офатҳои табиӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба иншооти обёрӣ ва муҳофизати соҳил дар маҷмуъ ба маблағи 36 миллион сомонӣ зарари иқтисодӣ расонида шудааст.
19. Чораҳои асосӣ оид ба пешгирии таъсири обхезӣ ва селобҳо сохтмони саддҳо, обгардонҳо, селпартоҳо, иншооти дигар ва иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мебошад, ки барои ин ҳамасола маблағҳои зиёд зарур мебошад. Барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ сафарбаркунии техникаву механизмҳо, мутахассисон ва маблағҳо аз ҳисоби буҷетҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ва ҷалби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ зарур аст.
20. Ҷиҳати паст кардани шиддати селу обхезиҳо, танзим намудани маҷрои дарёҳо тавассути коркарди мақсадноки сангу шағал ва обовардҳо зарур аст.
21.Омили дигаре, ки боиси обхезӣ ва зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ мегардад, ин баланд шудани маҷро (қаър)-и дарёҳо нисбат ба соҳилҳову заминҳои наздисоҳилӣ мебошанд. Чунин зуҳурот асосан дар дарёҳои кӯҳӣ, аз ҷумла ҳавзаҳои дарёҳои Вахш, Ёхсу ва Сурхоб, сойи Тебалай ва ҳудудҳои дигар мушоҳида мегарданд. Ҳамасола селхои калон дар мавсими баҳору тобистон аз кӯҳҳо миқдори зиёди сангу обовардҳоро ба поён меоранд, ки онҳо дар қитъаҳои нисбатан ҳамвори дарё такшин мешаванд. Дар натиҷаи сари вақт тоза нагардидани маҷрои дарё дар давоми солҳои зиёд ҳаҷми чунин обовардҳо зиёд шуд, ки ин боиси обхезӣ ва аз соҳил баромадани маҷрои дарё мегардад.
22. Сабаби дигар ин дар буҷети мутамарказ пешбинӣ нагардидани маблағ барои нигоҳдошт, таъмир ва барқарорсозии иншоотҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мебошад.
23. Дар баъзе ҳолатҳо сабаби рух додани офатҳои табиӣ омили инсонӣ мебошад. Солҳои охир ташкилотҳои гуногун дар дохили сою дарёҳо ба коркарди қум ва сангу шағал машғул шуда истодаанд, ки ин боиси вайроншавии иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, рахнашавии соҳил ва зарар дидани иншооти иҷтимоию иқтисодӣ мегардад.
24. Иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳилҳои обанборҳо дар баробари мустаҳкамкунии соҳилҳои дарёҳо низ вазифаи муҳим шуморида мешавад. Дар ҷумҳурӣ 11 обанбор мавҷуд буда, нигоҳдошт ва истифодаи самараноки онҳо таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд.
25. Дар ҷумҳурӣ аз 1386 километр саддҳои муҳофизатӣ 410 километри он дар ҳолати корношоям қарор дошта, ҳамзамон 710 селпарто бо масофаи умумии 503 километр мавҷуд мебошад. Ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар ҷумҳурӣ 416 километр садди муҳофизатӣ ва 137 километр селпарто бар асари обхезӣ ва селҳо вайрон гардиданд.
26. Солҳои 2005-2010 барои иҷрои корҳои соҳилмутаҳкамкунӣ ва барқарор намудани иншоотҳои гидротехникии аз офатҳои табиӣ зарардидаи ҷумҳурӣ 112,0 миллион сомонӣ сарф карда шудааст, ки аз он 63,0 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 49,0 миллион сомонӣ аз ҳисоби Бонки Осиёии Рушд мебошад.
27. Бо мақсади назорати доимӣ, ба танзим даровардани маҷрои дарёҳо, эмин нигоҳ доштани иншоотҳои хоҷагии халқ ва пешгирӣ намудани шусташавии соҳилҳои дарёҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018, №285 Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2022 қаблан қабул гардид. Дар маҷмуъ тибқи Барномаи мазкур дар солҳои 2018-2022 барои иҷро намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 137,5 километр аз ҳамаи сарчашмаҳо 409,9 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети мутамарказ 65,4 миллион сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 24,5 миллион сомонӣ, маблағгузории хориҷӣ 314,0 миллион сомонӣ ва ҳаққи хизмати обрасонӣ 6,0 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар солҳои 2018-2022 ба маблағи 479,1 миллион сомонӣ (117 фоиз), аз ҷумла аз ҳисоби буҷети мутамарказ ба маблағи 163,8 миллион сомонӣ (2,5 маротиба зиёд аз нақша), буҷети маҳаллӣ 201,0 миллион сомонӣ (8,2 маротиба зиёд аз нақша), аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ (41 фоиз), аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 111,1 миллион сомонӣ (35 фоиз) ва ба таври ҳашар 689 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шудааст. Дар натиҷаи татбиқи Барномаи мазкур 215,2 километр саддҳои муҳофизатӣ сохта ва барқарор карда шуданд, ки ин 157 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
28. Мақсади асосии Барномаи мазкур ба роҳ мондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, сохтмони саддҳо ва иншооти дигари муҳофизатии зидди обхезӣ, амаликунии чораҳои дигари иловагӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи аҳолӣ ва объектҳои муҳими хоҷагии халқ аз селу обхезиҳо ва баланд намудани масъулияти шаҳрвандон дар ин самт мебошад. Қабули Барномаи давлатӣ, ки дар он чорабиниҳои мушаххас ба нақша гирифта шудаанд, имконият медиҳад, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷумҳурӣ ба низом дароварда шуда, манфиатдории мақомоти ваколатдор барои таъмини ҳифзи аҳолӣ ва иншооти хоҷагии халк аз селу обхезиҳо боз хам баланд бардошта шавад.
29. Вазифаҳои Барнома:
- гузаронидани мониторинги ҳолати воқеии саддҳо ва иншооти дигари муҳофизатии зидди обхезии ҷумҳурӣ бо мақсади барқарорсозӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи онҳо;
- ба тартиб даровардани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, назорати истифодабарӣ ва ба танзим даровардани маҷрои дарёҳо ва сойҳо;
- ташкили назорати мунтазами ҷараёни гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ;
- ташкили махзани маълумот оид ба иншоотҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ҳолати онҳо;
- таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби кумаки молиявии созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо.
4. АМАЛИСОЗӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
30. Барнома дар се марҳила барои солҳои 2023-2025, 2026 ва 2027 мутобиқи Нақшаи амали он, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, амалӣ карда мешавад.
31. Амалигардонии Барнома ба низом даровардани рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, истифодабарӣ ва коркарди маҷрои дарёҳо ва сойҳоро дар бар мегирад. Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин маблағҳои ҳакки хизмати обрасонӣ ва ҷалби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ амалӣ карда мешавад.
32. Тибқи дурнамо нақшаи маблағгузории Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2027 маблағи 372,6 млн.. сомониро ташкил медиҳад, ки аз он дар марҳилаи якум (солҳои 2023 - 2025) ба маблағи 227,1 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 18,9 млн.. сомонӣ, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ 178,7 млн. сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 25,2 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ 4,3 млн. сомониро дар бар мегирад.
33. Амалисозии Барнома имконият медиҳад, ки иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷумҳурӣ ба низом дароварда шуда, назорати мунтазами истифодабарии саддҳову обгардонҳо ва иншооти дигари муҳофизати зидди обхезӣ таъмин карда мешавад.
34. Бо давра ба давра амалӣ гаштани Барнома ҳолати қитъаҳои осебпазири соҳилҳои дарёҳо ва сойҳои ҷумҳурӣ бехатар гардонида шуда, хавфи обхезӣ ва сел коҳиш дода мешавад. Дар навбати худ ин ҳифзи аҳолӣ ва иншооти муҳими хоҷагии халқи мамлакатро аз чуннн офатҳо эмин нигоҳ медорад.
5. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ БАРНОМА
35. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор гузаронида мешаванд.
36. Мониторинг ва арзёбии амалишавии Барнома бо тартиби муқаррарнамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешаванд.
6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
37. Бо амалигардонии Барномаи мазкур корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷумҳурӣ ба низом дароварда шуда, назорати доимии истифодабарии саддҳову обгардонҳо ва иншооти дигари муҳофизати зидди обхезӣ тақвият гардида, қисмати осебпазири соҳилҳои дарёҳо ва сойҳои ҷумҳурӣ бехатар гардонида мешавад.
38. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмини иҷрои самараноки Барнома масъулият доранд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 апрели соли 2023, № 186
Нақшаи амали солҳои 2023-2025-и Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027
Ниг. ба замима
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от 29 апреля 2023 года, №186
Государственная программа берегоукрепительных работ в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Государственная программа берегоукрепительных работ в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы (далее - Программа) разработана для проведения постоянного мониторинга и регулирования русел рек, проведения берегоукрепительных работ и очистка саев в целях предотвращения рисков селей и наводнений и размыва берегов рек.
2. В целях снижения стихийных бедствий, особенно селей и наводнений в Республике Таджикистан необходимо предусмотреть в Программе превентивные меры. Это позволяет обеспечить защиту населения, сельскохозяйственных угодий, дорог, мостов и других важных сооружений народного хозяйства от воздействия паводков.
3. Республика Таджикистан, являясь горной страной, постоянно подвергается природным катаклизмам. На территории республики находятся 947 рек и 276 саев протяженностью около 30 тысяч километров многие из которых являются селеопасными. Огромные водные ресурсы приносят стране как пользу, так и ежегодный материальный ущерб и человеческие жертвы. Ежегодно в весенне-летний период резкое таяние снега и ледников, обильные осадки являются причиной наводнений, схода оползней селевых потоков, которые наносят огромный ущерб населенным пунктам и объектам народного хозяйства.
2. АНАЛИЗ СТИХИЙНЫХ БЕДСТВИЙ И БЕРЕГОУКРЕПИТЕЛЬНЫХ РАБОТ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН
4. Стихийные бедствия, в том числе наводнения, ежегодно наблюдаются во всех регионах страны. Согласно имеющимся данным селевые потоки движущиеся со скоростью до 60-80 километров в час, повторяются до 25 раз каждое десятилетие.
5. Наиболее подвержены селевым явлениям местности, расположенные в бассейнах рек Пяндж, Вахт, Сурхоб, Яхсу, Варзоб, Кафирниган, Хонако, Каратаг, Зеравшан, Исфара и больших саев в городах и районах Куляб, Бальджуван, Темурмалик, Шамсидцин Шохин, Деваштич, Ашт, Спитамсн, Пснджикент, Шахристан и других pайонах. В бассейнах рек Пяндж, Вахш и Зеравшан ежегодно происходит до 70 селевых явлений.
6. Наводнения и селевые потоки в июле и землетрясение в декабре 2015 года нанесли большой материальный и жизненный ущерб в 8 городах и районах Горно-Бадахшанской автономной области, 10 городах и районах Хатлонской области, 3 городах и районах Согдийской области, 7 городах и районах республиканского подчинения, что еще раз подтверждает необходимость проведения берегоукрепительных работ, повышения надежности против паводковых сооружений в республике для защиты населения и важных народно-хозяйственных объектов.
7. В результате стихийных бедствии в Горно - Бадахшанской автономной области было повреждено 105 километров оросительных сетей, 50 километров берегоукрепительных сооружений, 9 километров коллекторнодренажных сетей, 3 насосных станций, сайи заполнены наносами и песком в объёме 510 тысяч кубических метров.
8. В городах и районах Хатлонской области были повреждены 43 километров берегоукрепительных сооружений, 68 километров оросительных сетей, 5 насосных станций, 11 километров коллекторнодренажных сетей, сайи заполнены наносами и песком в объёме 902 тысяч кубических метров.
9. В городах и районах Согдийской области были повреждены 7 километров берегоукрепительных сооружений, 8 насосных станций, 10 километров селесбросов, 0,4 километра дюкера, 13 километров оросительных сетей и других гидротехнические сооружений.
10. В районах республиканского подчинения повреждены 7 километров берегоукрепительных сооружений, 5 километров оросительных сетей, 1 насосная станция и 0,3 километра головных сооружений оросительных каналов.
11. Всего по республике оросительные сети, берегоукрепительные сооружения, коллекторно-дренажные сети, сайи и насосные станции повреждены на сумму 490,3 миллионов сомони, в том числе по селе руслам в объёме 1411890 кубических метров на сумму 24,2 миллионов сомони, 105,4 километров берегоукрепительных сооружений на сумму 454,1 миллионов сомони, 191 километров оросительных сетей на сумму 4,2 миллионов сомони, 19,5 километров коллекторно-дренажных сетей на сумму 3.3 миллионов сомони и 18 насосных станций на сумму 4,5 миллионов сомони.
12. Следует отметить, что наряду с проведением берегоукрепительных работ ввиду несвоевременного проведения текущих ремонтов, в случае повторного возникновения стихийных бедствий, защитные дамбы и другие защитные сооружения, частично и в некоторых случаях полностью разрушаются.
13. По предварительным расчётам в 2016 году в результате стихийных бедствий гидротехническим сооружениям, берегоукрепительным сооружениям, насосным станциям, селе руслам, оросительным и коллекторно-дренажным сетям нанесен большой материальный ущерб.
14. В городах и районах Согдийской области сумма ущерба составило 13,6 миллионов сомони.
15. В городах и районах республиканского подчинения в целом но подсчетам специалистов оросительным сетям и берегоукрепительным сооружениям нанесен ущерб в сумме 7,4 миллионов сомони.
16. В городах и районах Хатлонской области в основном сайям, каналам, защитным дамбам и гидротехническим сооружениям нанесен ущерб в сумме 14,7 миллионов сомони.
17. В Горно - Бадахшанской автономной области в результате стихийных бедствий, связанных с наводнениями оросительным сетям нанесен экономический ущерб в сумме 548 тысяча сомони.
18. В результате стихийных бедствий в масштабах республики оросительным сетям и берегоукрепительным сооружениям нанесен экономический ущерб в общей сумме 36,0 миллионов сомони.
19. Основными мерами по предотвращению воздействий наводнений и селевых потоков является строительство дамб, шпор, селесбросов, других сооружений и выполнение берегоукрепительных работ, на что ежегодно требуются большие средства. Для выполнения берегоукрепительных работ требуется мобилизация специалистов, техники, механизмов и средств за счет государственного и местного бюджетов, а также средств за услуги по водоснабжению и привлечение внебюджетных источников.
20. Для снижения натиска селей и наводнений необходимо регулировать русла рек путем целенаправленной разработки щебня, песка и наносов.
21. Другим фактором наводнения и затопления населенных пунктов и сельскохозяйственных угодий является повышение уровня русел дна рек по отношению к берегам и прилегающим к ним землям. Эти явления наблюдаются в горных реках, в частности в поймах рек Вахт, Яхсу, Сурхоб, сая Тебалай и других территориях. Ежегодно селевые потоки во время весенне-летних паводков приносят с гор большое количество камней и наносов, которые оседают на равнинных участках рек. В результате несвоевременного проведения очистки русел рек на протяжении многих лет привело к отложению большого объема наносов, что приводит к выходу потока воды из берегов и приводит к наводнению.
22. Другой причиной является непредусмотрение необходимых средств в централизованном бюджете для содержания, ремонта и восстановления берегоукрепительных сооружений.
23. В некоторых случаях причиной бедствий является человеческий фактор. В последнее время различные организации в поймах рек и саев занимаются разработкой песка, камня и гравия, что приводит к разрушению берегоукрепительных сооружений и наносит ущерб социальноэкономическим объектам.
24. Выполнение берегоукрепительных работ на водохранилищах наряду с укреплением берегов рек, считается также важной задачей. В республике существуют 11 водохранилищ, полноценное обслуживание и эксплуатация которых требует особого внимания.
25. В республике из существующих 1386 километров защитных дамб, 410 километров являются непригодными, при этом имеется 710 селесбросов, общей протяженностью 503 километров. По состоянию на I января 2018 года в республике 416 километров защитных дамб и 136,5 километров селесбросов разрушены из-за паводков и селевых потоков.
26. В течение 2005-2010 годов для выполнения берегоукрепительных работ и восстановления республиканских гидротехнических сооружений, пострадавших в результате стихийных бедствий, было затрачено 112,0 миллионов сомони, в том числе 63,0 миллионов сомони затрачено за счет средств Правительства Республики Таджикистан и 49,0 миллионов сомони за счет средств Азиатского Банка Развития.
27. В целях постоянного контроля и регулирования русел рек, обеспечения безопасности населения и объектов народного хозяйства и предотвращения размыва берегов рек, постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 мая 2018 года, №285 была принята Государственная Программа берегоукрепительных работ в Республике Таджикистан на 2018-2022 годы. В целом, согласно указанной Программе, в течение 2018-2022 годов для проведения берегоукрепительных работ протяженностью 137,5 километра, из всех источников было предусмотрено 409,9 миллионов сомони, в том числе из централизованного бюджета 65,4 миллионов сомони, местного бюджета 24,5 миллионов сомони, иностранных инвестиций 314,0 миллионов сомони и услуг по водоснабжению 6,0 миллионов сомони. Берегоукрепительные работы в 2018-2022 годах выполнены на сумму 479,1 миллионов сомони (117 процентов), в том числе из централизованного бюджета 163,8 миллионов сомони (2,5 превышает намеченного плана), местного бюджета 201,0 миллионов сомони (8,2 превышает намеченного плана), услуги водоподачи 2,5 миллионов сомони (41 процент), за счет иностранных инвестиций 111,1 миллионов сомони (35 процентов) и методом хашара 689 тысяч сомони. В результате реализации указанной Программы было построено и восстановлено 215,2 километров защитных дамб, что составляет 157 процентов от плана.
3. ЦЕЛИ И ЗАДАЧИ ПРОГРАММЫ
28. Основной целью настоящей Программы является организация берегоукрепительных работ, строительство дамб и других защитных сооружений от поводков, осуществление других дополнительных мер по защите населения и объектов народного хозяйства от селевых потоков и наводнений и повышению ответственности граждан в этом направлении. Принятие Государственной программы, в которой предусмотрены конкретные мероприятия, позволяет упорядочить выполнение берегоукрепительных работ, повысить заинтересованность уполномоченных структур в защите населения и народно хозяйственных объектов от селевых потоков и наводнений.
29. Задачами Программы являются:
- проведение мониторинга реальной ситуации дамб и других противопаводковых сооружений республики, с целью их восстановления, содержания и защиты;
- упорядочение берегоукрепительных работ, контроль над использованием и регулированием русел рек и саев;
- организация постоянного контроля за ходом выполнения берегоукрепительных работ;
- создание базы данных о берегозащитных сооружениях и их состоянии;
- разработка инвестиционных проектов для привлечения финансовой помощи международных организаций и доноров.
4. РЕАЛИЗАЦИЯ И ФИНАНСИРОВАНИЕ ПРОГРАММЫ
30. Программа будет реализована в 3 этапа в 2023-2025 годы, 2026 и 2027 годы в соответствии с Планом её действий, утверждаемым Правительством Республики Таджикистан.
31. Реализация Программы включает систематизацию хода берегоукрепительных работ, использования и очистки рек и каналов. Программа реализуется за счет средств республиканского и местных бюджетов, а также средств за оплату услуг водоснабжения и привлечения внебюджетных источников.
32. Согласно прогнозу план финансирования Государственной программы берегоукрепительных работ в Республике Таджикистан на 20232027 годы, составляет 372,6 млн сомони, на первом этапе (2023-2025 годы) 227,1 миллионов сомони, в том числе из республиканского бюджета 18,9 миллионов сомони, внебюджетных источников 178,7 миллионов сомони, местного бюджета 25,2 миллионов сомони и за счет средств платы за услуги водоснабжения 4,3 миллионов сомони.
33. Реализация Программы позволит упорядочить выполнение берегоукрепительных работ в республике, обеспечить постоянный контроль за использованием дамб, шпор и других защитных противопаводковых сооружений.
34. С поэтапной реализацией Программы улучшится состояние уязвимых участков рек и саев и снижается опасность селевых потоков и наводнений. В свою очередь, это обеспечит безопасность населения и объектов народного хозяйства страны от стихийных бедствий.
5. МОНИТОРИНГ И ОЦЕНКА РЕАЛИЗАЦИИ ПРОГРАММЫ
35. Мониторинг и оценка реализации Программы будут проведены Агентством мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами.
36. Мониторинг и оценка реализации Программы будут проводиться в порядке, установленном постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2018 года, №615 "О Правилах проведения мониторинга и оценка реализации стратегических документов на национальном уровне, отраслевых и региональных программ развития в Республике Таджикистан".
6. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
37. При осуществлении настоящей Программы урегулируются берегоукрепительные работы в республике, усилится контроль за использованием дамб, шпор и других защитных противопаводковых сооружений и обезопасятся уязвимые части берегов рек и саев республики.
38. Агентство мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан, исполнительные органы государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, городов и районов несут ответственность за обеспечение эффективной реализации Программы.
Приложение 2