ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амали солҳои 2023-2025-и Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ва ҷалби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 апрели соли 2023, № 186
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной программе берегоукрепительных работ в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы
В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную программу берегоукрепительных работ в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы и План действий на 2023-2025 годы Государственной программы берегоукрепительных работ в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы (приложения 1 и 2).
2. Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами и исполнительными органами государственной власти в установленном порядке за счет средств республиканского и местных бюджетов, а также средств оплаты за услуги водоснабжения и привлечения внебюджетных источников принять необходимые меры по реализации настоящей Программы и Плана её действий.
3. Агентству мелиорации и ирригации при Правительстве Республики Таджикистан каждые полгода предоставлять информацию о ходе исполнения настоящей Программы и Плана её действий в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 29 апреля 2023 года №186