ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро ба тамоми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, Муассисаи давлатии "Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов", филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг ва санъат, инчунин ҳолатҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи талаботи Тартиби мазкур ба роҳ монад.
3. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешад.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, № 81 "Дар бораи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 апрели соли 2023, № 188