Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, № 187 "Дар бораи Барномаи рушди минтақаи сайёҳии "Роғун" барои солҳои 2024 - 2028"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди минтақаи сайёҳии "Роғун" барои солҳои 2024 - 2028

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ", моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сайёҳӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди минтақаи сайёҳии "Роғун" барои солҳои 2024-2028 ва Нақшаи амали солҳои 2024-2026-и Барномаи рушди минтақаи сайёҳии "Роғун" барои солҳои 2024-2028 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи сайёҳӣ пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, маблағҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин бо ҷалби маблағҳои сармоягузории ташкилотҳои молиявии ватанию хориҷӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун барои амалӣ намудани Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба рафти иҷрои онҳо ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 апрели соли 2023, № 187