Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2023, № 85 "Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №148"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №148

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Сархати чоруми банди 2 Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом ва ба муомилоти гражданӣ баровардани онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, № 148 "Дар бораи Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом ва ба муомилоти гражданӣ баровардани онҳо" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- молу мулки ғайриманқул - қитъаҳои замин ҳамчун моликияти давлатӣ, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, объектҳои сохтмонашон нотамом, дарахтҳои бисёрсола ва молу мулки дигар, ки ба замин алоқамандии мустаҳкам доранд, яъне объектҳое, ки ҷойивазкуниашон бе расонидани ҳисороти воқеии номутаносиб ба таъиноташон имконнопазир аст;".

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 2 марти соли 2023, № 85

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 27 марта 2018 года, №148

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Четвертый абзац пункта 2 Правил определения объектов незавершенного строительства и введения их в гражданский оборот, утвержденных постановлением Правительства Республики Таджикистан от 27 марта 2018 года, №148 "О Правилах определения объектов незавершенного строительства и введения их в гражданский оборот", изложить в следующей редакции:

" - недвижимое имущество - земельные участки как государственная собственность, жилые и нежилые здания, сооружения, объекты незавершенного строительства, многолетние насаждения и иное имущество, прочно связанное с землей, то есть объекты, перемещение которых без нанесения несоразмерного ущерба их назначению невозможно;".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан      Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 2 марта 2023 года №85