ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амали солҳои 2023-2025-и Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 пешбинишуда ҳар сол ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалишавии Барномаи мазкур маблағ ҷудо намуда, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ барои иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он чораҳои мушаххас андешанд.
3..Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо лоиҳаҳои сармоягузориро таҳия карда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
4..Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар барои амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 марти соли 2023, № 52
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Комплексной программе развития отраслей животноводства, птицеводства, рыболовства и пчеловодства в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы
В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Утвердить Комплексную программу развития отраслей животноводства, птицеводства, рыболовства и пчеловодства в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы и План действий 2023-2025 годов Комплексной программы развития отраслей животноводства, птицеводства, рыболовства и пчеловодства в Республике Таджикистан на 2023-2027 годы (приложения 1 и 2).
2. Министерству финансов Республики Таджикистан в рамках средств, предусмотренных в государственном бюджете Республики Таджикистан на 2023-2027 годы, ежегодно выделять Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан средства для реализации настоящей Программы и Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан принять конкретные меры по привлечению отечественных и иностранных инвестиций для выполнения настоящей Программы и Плана её действий.
3. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан совместно с исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов разработать инвестиционные проекты и представить Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан.
4. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов, предприятиями, учреждениями и другими организациями принять необходимые меры для реализации настоящей Программы и Плана её действий и ежегодно до 1 марта представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 1 марта 2023 года №52