Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2023, № 53
Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 (минбаъд - Барнома) самтҳои асосии рушди устувори ҷомеаро барои ташкили фаъолияти мақсаднок ҷиҳати таъмини босифати муҳити зист, идоракунии устувор ва таъмини амнияти экологӣ муайян менамояд.
2. Барнома дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия шудааст.
3. Барнома андешидани тадбирҳоро оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаю барқарорсозандаи захираҳои табиӣ, солимгардонии муҳити зист ва амнияти экологӣ барои ояндаи дарозмуҳлат пешбинӣ менамояд.
4. Амалисозии Барнома барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ҳангоми ба гардиш даровардани захираҳои нав ва ҳаҷман калони табиӣ (замин, об, наботот, ҷангал, сарватҳои зеризаминӣ), инчунин рушди иқтисоди "сабз" нигаронида шудааст.
5. Амали чорабиниҳои пешбининамудаи Барнома имкон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ оид ба истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва беҳтар намудани муҳити зист корҳои муайян ба сомон расонида шаванд, зеро дар ҷомеа то ҳол масъалаҳои экологии ҳалталаб боқӣ мондаанд.
6. Барнома рушди устувори кишварро аз ҷиҳати иқтисодию экологӣ ва нигоҳ доштани мувозинати табиат ва ҷомеа, ки ба омилҳои экологӣ (нарасидани заминҳои обӣ, ифлосшавии муҳити зист, таъминот бо захираҳои об, тақсимот ва нигоҳ доштани ҳолати ҳосилнокии чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо, тозагии ҳавои атмосфера, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, мутобиқшавӣ бо тағйирёбии иқлим, беҳдошти саломатии аҳолӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, бахусус, навъҳои нодири аз байн рафтаистодаи наботот ва ҳайвонот) вобаста аст, таъмин менамояд.
2. АСОСҲОИ ИЛМӢ ВА ИҚТИСОДИИ БАРНОМА
7. Амалисозии Барнома ба баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии кишвар ҳангоми самаранок истифода намудани захираҳои табиӣ (замин, об, ҳаво, олами набототу ҳайвонот, сарватҳои зеризаминӣ) равона шуда, аз инҳо иборатанд:
- масъалаҳои ғунҷоиши экологӣ (фазо, ҳудуд, акватория), ҳамчунин ҳудуди ҷойгиршавии объектҳои алоҳидаи нодири табиӣ ва равандҳои дигари экологӣ ҳангоми банақшагирӣ ва ҷойгир намудани воситаҳои истеҳсолот ва қувваҳои истеҳсолкунанда;
- маҳдуд будани дастрасӣ ба маълумоти кофӣ оид ба корхонаҳои саноатӣ ва маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза;
- ба таври зарурӣ рушд накардани техника ва технологияҳои нав;
- фарсудашавии таҷҳизот дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва коммуналӣ;
- норасоии мутахассисони баландихтисоси экологӣ дар корхонаҳои саноатӣ;
- афзудани пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ;
- паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар натиҷаи сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекорхобида, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ;
- андешидани тадбирҳои муттасил оид ба аз гардиши кишоварзӣ баромадан ва шӯршавии заминҳо;
- зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, боғу токзорҳо, ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза;
- таъсири тағйирёбии иқлим ба обшавии босуръати пиряхҳо.
8. Тоҷикистон, ба ғайр аз омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, дар ҳудуди равандҳои фаъоли геодинамикӣ, геофизикӣ ва биосферӣ, инчунин осебпазир ҷойгир шудааст, ки онҳо дар навбати худ ба вазъи экологии маҳаллӣ, ҳудудӣ ва глобалӣ таъсир мерасонанд. Ба туфайли ин омилҳо ҷумҳурӣ ба яке аз марказҳои ҷаҳонии яхбандии кӯҳӣ (мавҷуд будани миқдори зиёди пиряхҳои бузурги системаҳои Зарафшону Олой ва Помир) манбаи бойтарини оби нӯшокӣ ва яке аз қадимтарин марказҳои ҷаҳонии кишоварзӣ ва гуногунии биологӣ табдил ёфтааст.
9. Самтҳои асосии амалҳо барои ноил шудан ба афзалиятҳо инҳоянд:
- бунёди асосҳои институтсионалӣ барои рушди устувор ва беҳтар намудани ҳолати муҳити зист;
- баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати экологии аҳолӣ;
- сарфакорона истифода намудани захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти экологӣ;
- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои рушди соҳа;
- муҷаҳҳаз намудани ташхисгоҳҳои таҳлилӣ бо таҷҳизоти муосир;
- ҷорӣ намудани технологияҳои муосири аз нигоҳи экологӣ бартаридошта дар корхонаҳои саноатӣ;
- ташкили нуқтаҳои махсуси қабули маводи пластикӣ, коғазпораҳо ва металпораҳо, коркарди такрории онҳо;
- ташкили нуқтаҳои қабули захираҳои моддии такрористеҳсолшаванда ва рушди инфрасохтор оид ба коркард ва фурӯши онҳо, инчунин ҷамъоварии алоҳидаи партовҳои сахти маишӣ бо мақсади коркарди минбаъдаи онҳо;
- таъсиси корхонаҳои тиҷоратии коркарди партовҳо;
- муайян намудани механизмҳои идоракунии босамари партовҳои электронӣ ва ҷамъоварию коркарди онҳо;
- беҳтар намудани сифати оби нӯшокӣ ва ба роҳ мондани истифодаи такрории партовҳои обӣ дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ;
- коҳиш додани воридот, истеҳсол ва истифодабарии маводи кимиёвӣ ва хатарнок дар кишоварзӣ.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
10. Мақсади асосии Барнома беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, пешгирӣ аз заҳролудшавӣ ва шӯршавии замин, ифлосшавии захираҳои об ва ҳавои атмосфера, васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо, боғу токзорҳо ва минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда, таъмини тозагии ҳавои атмосфера, захираҳои об, истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ, мусоидат ба истифода ва рушди технологияи кампартов, истифодаи такрории партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсолӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолӣ мебошад.
11. Барнома ҳалли масъалаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ;
- ташкили истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ бехатар;
- татбиқ ва истифодаи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатар;
- рушди иқтисоди "сабз";
- усулҳо ва қоидаҳои самарабахши идоракунии оқилонаи истифодаи табиат, ки ба шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтаанд (давлатӣ, хусусӣ, иҷоравӣ, муштарак ва ғайра).
12. Бо дар назар доштани масъалаҳои дар боло зикршуда Барнома имконият медиҳад, ки:
- механизми фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мустаҳкам гардида, масъулияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои рушди устувори экологӣ баланд бардошта шавад;
- таваҷҷуҳи истифодабарандагони табиат ба масъалаҳои афзалиятноки ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, устувории экологӣ, ки ба ҳуҷҷатҳои дастурию методӣ асос ёфтаанд, ҷалб карда шавад;
- рушди устувори фаъолият оид ба истифодаи табиат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ таъмин гардад;
- механизми мониторинг, сиёсати экологӣ ва идоракунӣ (низоми додани иҷозат, иҷозатнома, тартиб ва методологияи арзёбии таъсир ба муҳити зист), механизмҳои иқтисодии истифодаи табиат такмил дода шаванд;
- сиёсати пешгирифтаи давлат дар бахши ҳифзи муҳити зист бо фаъолияти ҷомеа ҳамоҳанг сохта шавад;
- ҷамъиятҳои нави экологӣ ташкил карда шаванд;
- тадқиқотҳои илмию соҳавӣ рушд дода шаванд;
- оид ба ҳолати муҳити зист ҳисобот, лоиҳаҳо ва иттилоот омода карда шаванд.
13. Барои ноил гардидан ба мақсадҳои Барнома иҷрои вазифаҳои зерин муайян карда шудаанд:
- баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ, сарфи назар аз ақидаҳои сиёсӣ ва динӣ баҳри солимгардонии вазъи экологии мамлакат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ намудани равандҳои бодхӯрдашавӣ (эрозия)-и замин ва самаранок истифода намудани заминҳо;
- васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо, боғу токзорҳо, минтақаҳои сабз ва ноил шудан ба истифодаи мақсадноки онҳо;
- ташкил ва васеъ намудани масоҳати ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда;
- ҷорӣ намудани кишти навъҳои зироатҳои сермаҳсул ва ба касалиҳову хушксолӣ тобовари кишоварзӣ;
- таъмини тозагии ҳавои атмосфера, захираҳои об ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ;
- рушди саноат бо истифодаи ашёи хоми маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ камхарҷ;
- мусоидат намудан ба истифода ва рушди технологияи кампартов;
- фароҳам овардани фазои аз ҷиҳати экологӣ тоза барои беҳтар гаштани солимии аҳолӣ;
- коркард ва ҷорӣ намудани принсипи иқтисодиёти "сабз" дар корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ;
- рушд ва ба танзим даровардани сайёҳии экологӣ;
- ба роҳ мондани системаи нави идоракунии партовҳо;
- такмили қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист.
4. БЕҲДОШТИ ҲОЛАТИ ЗАМИНҲО ВА ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ОНҲО
14. Заминҳои ҳосилхез ва чарогоҳҳои хуб шарти муҳимми рушди устувори Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
15. Тибқи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 заминҳои обёришавандаи мувофиқ ва истифодашавандаи обӣ 762850 гектарро ташкил медиҳанд, ки аз он 470947 гектар заминҳои корами обӣ мебошанд.
16. Мушкилоти истифодабарии оқилонаи замин ва муҳофизати замин барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим аст. Сабабҳои асосии таназзул ин буридани ҷангалҳо, усулҳои ғайриоқилонаи обёрӣ, шудгор кардани заминҳои лалмӣ, инчунин чаронидани интенсивии чорво ба ҳисоб мераванд. Аз сабаби риоя нагаштани қоидаҳои чарогоҳгардонӣ дар бисёр чарогоҳҳои зимистона таназзули хок ва кам гаштани ҳосилнокии замин мушоҳида мешаванд.
17. Амалигардонии чорабиниҳои зерин барои истифодаи оқилонаи замин мусоидат мекунад:
- таҳияи усулҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатари ҷустуҷӯйи геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок;
- барқарорсозии замин дар системаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва сохтмони роҳҳои нақлиётии ба он алоқаманд;
- баҳисобгирии заминҳои таназзулёфта, тадқиқоти хок ва арзёбии замин дар ҳудуди заминҳои дар ҳолати бади мелиоративӣ қарордошта;
- таҳия ва амалисозии чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии бодлесӣ дар заминҳои обӣ ва лалмӣ;
- таҳия ва амалисозии усулҳои нави паст кардани обҳои зеризаминӣ;
- таҳия ва амалисозии чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати шӯрзаминҳо;
- танзими чарондани чорво дар чарогоҳҳои зимистона ва қисман тобистона бо мақсади пешгирии таназзули замин;
- васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо бо мақсади пешгирии бодлесии замин;
- истифодаи заминҳои доманакӯҳҳои водиҳои Ҳисору Рашт ва вилоятҳои Суғду Хатлон барои парвариши зироатҳои хӯроки чорво;
- азхудкунии заминҳои нав бо дар назар доштани риояи талаботи экологӣ дар майдонҳои хурди доманакӯҳҳо;
- муайян кардани динамикаи ба фаъолияти хоҷагидорӣ ҷалб намудани заминҳои нав, тағйироти шакли азхудкунии заминҳо ҷиҳати истифодаи навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ;
- пешгӯии тағйирёбии сифати заминҳо бар асари равандҳои табиӣ ва дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ;
- муайян кардани бартарияти иқтисодии хароҷоти ҳифзи замин дар асоси баҳогузории иқтисодии замин ва хароҷот ҷиҳати ҳифзу барқарорсозии он;
- муқаррар намудани андозаи зарари ба хоҷагии халқ аз ифлосшавӣ, бодлесшавӣ ва шӯразор шудани заминҳо расонидашуда;
- амалисозии чорабиниҳои аз назари экологӣ мақсадноки истифодаи чарогоҳҳо, пеш аз ҳама, дар чарогоҳҳои зимистона ва беҳтар намудани маҳсулнокии чарогоҳҳо;
- тағйир додани тартиби истифодаи замин дар ҳудуди заминҳои бодхӯрдашуда;
- огоҳонидани заминистифодабарандагони нав оид ба мавҷудияти намудҳои ҳайвоноти нодири махсусҳифзшаванда (пеш аз ҳама, намудҳое, ки ба Китоби сурх шомиланд) ва ба худ гирифтани уҳдадориҳо ҷиҳати ҳифзи ин намудҳо;
- таҳия ва такмили асосҳои экологию иқтисодии системаи истифодаи замин, кишту кор ва самтҳои асосии муҳофизати замин дар ҷумҳурӣ;
- ба роҳ мондани идоракунии устувори замин бо мақсади мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим.
5. ИСТИФОДАИ САМАРАНОК ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБ
18. Истифодабарандагони асосии захираҳои об дар Тоҷикистон бахшҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария, гидроэнергетика, обёрии кишоварзӣ, саноат, моҳипарварӣ, солимгардонӣ ва муҳити зист мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асл танҳо 17-20 фоизи захираҳои оби дар ҳудудаш ташаккулёбандаро истифода мебарад.
19. Асоси истифодабарии об дар мамлакат обёрии заминҳои кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳаҷми истифодаи об то 85 фоиз аз истифодаи умумии обро ташкил медиҳад.
20. Дар ҳудуди Тоҷикистон 947 дарё мавҷуд аст, ки хароҷоти оби онҳо ба 64 км3/сол баробар аст, аз ҷумла 1,1 км3/сол дар ҳавзаи дарёи Сир ва 62,9 км3/сол дар ҳавзаи дарёи Аму рост меояд. Аз нуқтаи назари гидрографӣ дар Тоҷикистон ҳавзаҳои дарёҳои Аму, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон ва Кофарниҳон мавҷуданд.
21. Дар мамлакат 1300 кӯл бо масоҳати 705 км2 мавҷуданд. Ҳаҷми умумии захираҳои оби онҳо 46,3 км3-ро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 20 км3 обҳои ширин мебошанд. Шумораи обанборҳо дар Тоҷикистон 11 адад буда, ҳаҷми умумии муфиди онҳо тақрибан 7,5 км3-ро ташкил менамояд.
22. Захираҳои обҳои зеризаминии барқароршаванда дар Тоҷикистон 18,7 км3/солро ташкил медиҳанд, ки аз он 2,8 км3/сол захираҳои истифодашаванда маҳсуб меёбанд.
23. Табиати Тоҷикистон асосан аз кӯҳҳо ва доманакӯҳҳою теппаҳои сарнишеб ташаккул ёфтааст, ки ин раванд ба ҷорӣ гаштани ҳаҷми калони обҳо ба дарёҳо мусоидат менамояд. Ҳаҷми обҳои бозгарданда тақрибан ба 3,5-4,0 км3/сол мерасад, ки аз он 3,0 км3 обҳои заҳбур ва бозгарданда аз заминҳои обёришаванда ва 0,50 км3 обҳои партови маишӣ ва бахши саноат мебошанд.
24. Обҳое, ки баъд аз обёрӣ истифода мешаванд, дуруштии (минерализатсияи) баланд доранд ва ба сифати обҳои табиӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ба захираҳои об, инчунин тағйирёбии иқлим таъсир мерасонад. Дар кӯҳҳо пиряхҳо об мешаванд, ки он ба зиёд шудани ҳаҷми оби дарёҳо, фаромадани селҳо ва обхезӣ оварда мерасонад. Дар ояндаи дарозмуҳлат дар натиҷаи кам шудани майдони пиряхҳо ҳаҷми захираҳои об кам гашта, таҳдиди хушксолӣ меафзояд.
25. Солҳои охир бинобар таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, афзудани талабот ба захираҳои об бо сабаби афзоиши аҳолӣ, коҳиши захираҳои об бо таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши ҳолатҳои фавқулодаи гидрометеорологӣ, буҳрони молиявӣ, урбанизатсия, биёбоншавӣ ва ғайра мушкилот дар соҳаи об рӯ ба афзоиш дорад.
26. Тағйирёбии иқлим ба захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири калон мерасонад. Тибқи маълумоти мавҷуда дар даҳсолаи охир ҳарорати миёнаи ҳаво дар Тоҷикистон 0,7-1,9оС боло рафта, тақрибан ҳазор адад пиряхҳои хурд аллакай об шудаанд. Бо сабаби он ки сарчашмаи асосии оби дарёҳои ҷумҳурӣ пиряхҳо мебошанд, ин дар давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат ба камшавии таркиби оби онҳо оварда мерасонад.
27. Барои ҳифз ва беҳтар намудани ҳолати захираҳои об амалӣ намудани тадбирҳои зерин зарур аст:
- гузаронидани барӯйхатгирӣ (инвентаризатсия)-и тамоми инфрасохтори соҳаи об, инчунин баҳисобгирии ташаккулёбии захираҳои об;
- такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифз ва истифодаи захираҳои об;
- беҳтар намудан ва азнавсозии шабакаҳои обёрӣ дар ҷумҳурӣ;
- муқаррар намудани низоми қатъии кор дар нуқтаҳои обдиҳӣ;
- азнавсозӣ ва васеъ намудани ҳавзҳои биологӣ дар иншооти обтозакунандаи канализатсионии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, Бӯстон;
- пешбурди мониторинги ҳолати пиряхҳо, кӯлҳо, обҳои гарми зеризаминӣ ва манбаъҳои дигари обӣ;
- ҷорӣ намудани технологияи муосир барои тозакунии обҳои нӯшокӣ;
- назорат ва истифодаи оқилонаи обҳои маъданӣ, термалӣ ва табобатӣ;
- мониторинги доимии сифати оби дарёҳо, каналҳои магистралӣ ва обанборҳо;
- муайян намудани манбаъҳои асосии ифлосшавии захираҳои об дар минтақаҳои ҷуғрофӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо;
- арзёбии самаранокии фаъолияти иншооти обтозакунанда ва чорабиниҳои дигар дар миқёси ноҳияҳо ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба беҳтар намудани онҳо;
- тадриҷан зиёд намудани ҳаҷми оби такроран истифодашаванда дар корхонаҳои саноатӣ ва давра ба давра кам намудани ҳаҷми партовҳои ифлоскунанда ба манбаъҳои обӣ;
- гузаронидани тадқиқоти тамоми иншоотҳои канализатсионии муассисаҳои таълимӣ ва беморхонаҳо бо мақсади муайян намудани маълумот оид ба афзалияти сохтмонӣ дар ин ҳудудҳо;
- таъмини идоракунии самаранок ва ҳамгироёнаи захираҳои об;
- таҷдиди дидбонгоҳҳои обсанҷии мавҷудбуда ва бунёди дидбонгоҳҳои обсанҷии нав бо истифода аз таҷҳизоти ҳозиразамон;
- сохтмони лабораторияҳои нав, таҷдиди лабораторияҳои мавҷудбуда ва ҷиҳозонидани онҳо бо дастгоҳҳои ҳозиразамон, инчунин таъмин бо лабораторияҳои сайёр барои ташхиси сифати об.
6. БЕҲТАР НАМУДАНИ СИФАТИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
28. Манбаи асосии ифлосшавии ҳавои атмосфера партовҳои нақлиёт ба ҳисоб рафта, партовҳои бештари моддаҳои зараровар аз манбаъҳои доимӣ ва ҳаракаткунанда дар минтақаҳои саноатии мамлакат мушоҳида мешаванд.
29. Партовҳои газҳои гулхонаӣ, ки қодиранд ба иқлими Тоҷикистон таъсир расонанд, камтар аз 1 тонна гази карбон (СО2) ба як нафар аҳолӣ рост меояд.
30. Ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партовҳои ҷаҳонӣ ночиз аст, вале мамлакат нисбат ба оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ҳамчун осебпазир боқӣ мемонад. Вобаста ба зиёдшавии аҳолӣ, рушди иқтисодиёт ва зиёд шудани теъдоди нақлиёт партовҳо ба ҳаво зиёд шуда истодааст. Иштироки Тоҷикистон ва аксарияти давлатҳо дар амалисозии Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба кам кардани партовҳо бояд барои пешгирии зиёдшавии ҳарорати глобалӣ дар доираи 20С ва коҳиш додани оқибатҳои ногувори гармшавӣ мусоидат намояд.
31. Манбаъҳои асосии партовҳои доимӣ ва ифлосшавии ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои металлургӣ ва сементбарорӣ, инчунин марказҳои барқу гармдиҳии бо ангишт фаъолияткунанда ба ҳисоб мераванд.
32. Гузаштан ба технологияҳои нав дар саноат ба кам шудани партовҳо мусоидат намуд. Дар муқоиса бо ҳадди 30 соли пеш (100 ҳазор тонна/сол) ҳаҷми партовҳои хатарнок аз манбаъҳои доимӣ 3 маротиба (35 ҳазор тонна/сол) кам шудааст.
33. Шабакаҳои гармидиҳии марказию инфиродӣ, ки бо ангишт кор мекунанд, сифати ҳаворо дар фасли зимистон бад мегардонанд, гази табиӣ барои гармкунии хонаҳо истифода намешавад. Барои тайёр намудани таом ва гармкунии хона аз ҳезум ва ангишт истифода мешаванд, ки ҳаҷми партовҳоро ба ҳавои атмосфера зиёд мекунад. Беназорат сӯзонидани партовҳои истеъмолӣ ва пасмондаҳои муассисаҳои табобатӣ низ манбаи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳисоб мераванд.
34. Вазъи ҳавои атмосфера ба мавҷудоти зинда, пеш аз ҳама, ба саломатии инсон таъсир мерасонад. Дар баробари рушди саноат ва иқтисодиёт мушкилоти ифлосшавии ҳаво боз ҳам ҷиддитар мегардад. Аз ин лиҳоз, барои мусоидат ва беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера андешидани чораҳои зерин зарур аст:
- таҳлили вазъи ҳавои атмосфера вобаста ба ҳар як манбаи истихроҷи партовҳо;
- арзёбии самаранокии чорабиниҳои ҳифзи ҳавои атмосфера дар ҳар як корхона ва хатти технологӣ;
- таҳияи маҷмуи чорабиниҳо оид ба беҳтар кардани вазъият, паст кардани ҳаҷм ва таркиби моддаҳои ифлоскунандаи муҳити зист;
- таъсиси махзани маълумот дар бораи ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар шароити тағйирёбии иқлим;
- муайян намудани минтақаҳое, ки омехтаҳои зараровар дар таркиби ҳавои онҳо аз меъёр зиёд аст ва таҳияи чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Исфара, Конибодом, Турсунзода, Левакант, Кӯлоб ва ноҳияи Ёвон;
- назорат ва танзими миқдори моддаҳои ифлоскунандае, ки аз манбаъҳои доимии корхонаҳои саноатии шаҳрҳои калон ба атмосфера партофта мешаванд;
- назорати қатъии истихроҷи моддаҳои ифлоскунандаи воситаҳои нақлиёт;
- таҳия ва татбиқи низоми зудамалкунандаи огоҳкунии аҳолӣ оид ба хатари заҳролудшавӣ аз истихроҷи моддаҳои заҳрнок;
- гузаронидани барӯйхатгирӣ (инвентаризатсия)-и партовҳои NH3 (аммиак) ва пешгӯиҳои сенариявии динамикаи тағйирёбии партовҳои NH3;
- истифодаи технологияҳои нави ҳозиразамон ҷиҳати коҳиш додани партовҳои ҒO2 (сулфур), чанг ва моддаҳои дигари ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар тамоми соҳаи саноат;
- таҷдиди корхонаҳои сементбарории Тоҷикистон ва гузаштан ба сӯзишвориҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза.
7. БЕҲТАР НАМУДАНИ ВАЗЪИ ОЛАМИ НАБОТОТ
35. Олами набототи Тоҷикистон на танҳо барои табиати зинда арзишманд аст, балки бо шарти истифодабарӣ ва нигоҳдории оқилонаи он метавонад имконияти бадастории фоидаи доимӣ барои аҳолӣ бошад. Вобаста ба аҳаммияти экологӣ ва иқтисодии гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон як қатор ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ташкил ва рушд ёфта истодаанд, ки онҳо 22 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегиранд.
36. Тоҷикистон аъзои фаъоли як қатор созишномаҳои байналмилалӣ оид ба истифодабарии оқилонаи табиати зинда мебошад. Соли 2016 Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи савдои байналмилалии намудҳои ваҳшии олами набототу ҳайвонот (СИТЕС) шомил шуд, ки он барои пурзӯр намудани назорат дар самти мубориза бо қочоқ дар ин самт имконият медиҳад.
37. Истифодабарии стандарти нави глобалӣ ҷиҳати муайян намудани минтақаҳои муҳимми гуногунии биологӣ дар соли 2016 барои муайян кардани зиёда аз 25 минтақаи аҳаммияти ҷаҳонии экологидошта мусоидат намуд (аз ҷумла ҷойҳои ҷамъшавии зиёди парандаҳои муҳоҷир, минтақаҳои сукунати намудҳои ҳайвонот ва набототе, ки ба минтақаҳои осебпазир дар сатҳи ҷаҳонӣ дохил шудаанд), ки оид ба ҳифзи онҳо бояд дар оянда чорабиниҳо бо иштироки мақомоти давлатӣ, табиатистифодабарандагони маҳаллӣ ва ҷомеа амалӣ шаванд.
38. Ҳудуди кӯҳии Тоҷикистон ба шумораи минтақаҳои ҷаҳонии ташаккули намудҳои биологӣ ва экосистемаҳо дохил мешавад. Олами набототи Тоҷикистон ғанӣ ва гуногун буда, зиёда аз 4,5 ҳазор намуди наботот, аз ҷумла тақрибан 1 ҳазор намуде, ки танҳо дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои ҳамсоя мерӯянд, иборат аст. Аз ҳама зиёд гуногунии наботот дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва Бадахшон мушоҳида мешавад.
39. Нигоҳ доштани мувозинат дар табиат аз бисёр ҷиҳат аз беҳтар намудани олами наботот ва барқароркунии ҷангал вобаста аст.
40. Барои ҳалли масъалаҳои дар ин бахш ҷойдошта иҷрои чорабиниҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:
- нигоҳ доштани гуногунии биологӣ, пурзӯр кардани ҳифзи ҷангал, олами наботот ва муҳайё намудани муҳити тозаи экологӣ;
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ;
- баргардонидани заминҳои давлатии ҷангал ба хоҷагиҳои давлатии ҷангал, ки ба корхонаҳои кишоварзӣ ҳамчун чарогоҳи муваққатӣ муҳлатнок вобаста карда шудаанд ва бо сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин таъмин намудани муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал;
- гузаронидани баҳисобгирии давлатии миқдори замин дар ҳудуди фонди давлатии ҷангал ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда;
- омода намудани харитаҳои ҳудуди заминҳои биёбоншуда ва ҳудуди заминҳои нестшудаи растаниҳо ва ҳайвонҳои нодир;
- ташкил ва танзими сохтори идоракунии ҷангал, пешбурди корҳои ҷангалсозӣ, баҳисобгирии ҷангал, заминсозӣ ва харитасозии ҷангал;
- ба роҳ мондани парвариши навъҳои нодири чормағз, писта, хуч, садбарги худрӯй, ангат, бодом, санавбар, эстрагон ва меваҳои дигари худрӯйи ҷангал, таъсиси плантатсияҳои онҳо бо истифода аз дастовардҳои селексионӣ;
- бунёд ва барқароркунии хатҳои муҳофизатии ҷангал, боғҳо, плантатсияҳо бо мақсади ҳифзи заминҳо аз эрозия ва дар навбати худ таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва манбаи даромади иловагӣ, инчунин баланд бардоштани маҳсулнокии чарогоҳҳо;
- тайёр намудани кадрҳо дар соҳаҳои олами наботот ва хоҷагии ҷангал дар дохил ва хориҷи кишвар;
- ба роҳ мондани кишт ва парвариши гиёҳҳои шифобахш (шираи камол, зира, чукрӣ, зелол, чойкаҳак, ширинбия, тархун, чоқла ва ғайра) барои таъмини аҳолӣ бо дорувории аз ҷиҳати экологӣ безарар;
- кишти тухми саксаул дар минтақаҳои Қашқадум, Қарадум ва Полвонтуғайи Мамнуъгоҳи давлатии "Бешаи палангон" ва кишти тухми терескен дар ҳудуди заминҳои Парки миллии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар мамнуъгоҳи табиии давлатии "Зоркӯл";
- рушди ҳамкорӣ ва амалисозии барномаҳои сармоягузорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии олами наботот ва ҷангал;
- арзёбии экологии ҳолати табиии гузаргоҳҳои экологии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба арзёбии ҳолати табиии олами набототу ҳайвоноти нодири экосистемаҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ёдгориҳои табиӣ;
- фаъолсозии Солномаи табиат дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таҳияи Солномаи табиат дар солҳои 2023-2027;
- васеъ намудани ҳудудҳои заминҳои Мамнуъгоҳи табиии давлатии "Дашти Ҷум", Парки табиии "Сари Хосор", Боғи таърихию табиии "Ширкент" ва Парки табиии миллии "Яғноб";
- таҳия ва татбиқи низоми мониторинги гуногунии биологӣ ва мусоидат ба мониторинги ҷангал бо истифода аз усулҳои муосири инноватсионӣ.
8. БЕҲТАР НАМУДАНИ ВАЗЪИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ ВА ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ
41. Шароитҳои иқлими Тоҷикистон имконият медиҳанд, ки зоти ҳайвоноти дар мамлакат мавҷудбуда беҳтар гардида, саршумори ҳайвоноти нодир афзоиш ёбад.
42. Фаъолияти инсон ба вазъи табиати зинда таъсир мерасонад ва метавонад ба камшавӣ ва нестшавии пурраи баъзе намудҳои ҳайвонот ва наботот оварда расонад. Истифодабарии ғайриоқилона ва аз меъёр зиёди захираҳои табиӣ, ифлоскунӣ ва фрагментатсияи табиат, азхудкунии ҷойҳои истифоданашудаи ёбоӣ, тағйирёбии иқлим, ҷорӣ намудани намудҳои бегона ва вайрон гаштани мувозинати экологӣ метавонанд дар алоҳидагӣ ва дар маҷмуъ, ба вазъи табиати зинда ва сукунати намудҳои алоҳидаи ҳайвонот таъсири манфии худро расонанд.
43. Гуногунии олами ҳайвонот аз баландӣ, иқлим ва миқдори алафи ин ҷойҳо вобаста аст. Дар Тоҷикистон 84 намуд ва зернамуди ширхӯрон, қариб 400 намуди паранда, 49 намуди хазанда, 80 намуди моҳӣ, 2 намуди ҳайвоноти обхокӣ ва зиёда аз 13 ҳазор ҳайвони бесутунмуҳра ба қайд гирифта шудааст.
44. Дар мамлакат чанд намуди ҳайвоноти аҳаммияти ҷаҳонидошта сукунат доранд, ба монанди бабри барфӣ, гӯсфанди кӯҳии помирӣ (архар), бузи кӯҳии пармашох (морхӯр), гавазни бухороӣ ва ғайра.
45. Қариб нисфи ширхӯрон ва хазандагони мамлакат дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доранд. Дар асри XX паланги тӯронӣ дар Тоҷикистон маҳв гашта, суғури мензибир хело ҳам кам вомехӯрад.
46. Омилҳои дигари номусоид, ки ба олами наботот ва ҳайвонот таъсири манфӣ мерасонанд, ин ғайриоқилона чаронидани чорво ва таназзулёбии ҷойҳои сукунат дар натиҷаи сохтмон, васеъ гаштани нуқтаҳои аҳолинишини назди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ворид кардани намудҳои бегона ва тағйирёбии иқлим мебошанд.
47. Аз рӯйи мавқеи ҷуғрофӣ Тоҷикистон кишварест, ки барои зиёдшавии шумораи намудҳои гуногуни моҳӣ, ки барои ғанигардонии ғизои солим ба аҳолӣ мусоидат менамояд, мувофиқат мекунад. Дар Тоҷикистон кӯлҳое мавҷуданд, ки ба зиёд намудани намудҳои моҳӣ дар онҳо, ба беҳтаргардонии вазъи экологӣ, инчунин пешрафти сайёҳӣ мусоидат мекунанд.
48. Шароити иқлими Тоҷикистон имкон медиҳад, ки саршумори ҳайвоноти ҷумҳурӣ, аз ҷумла шумораи ҳайвоноти нодир зиёд карда шавад. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии олами ҳайвонот иҷрои чорабиниҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:
- гузаронидани баҳисобгирии ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҳудудҳои фонди шикори ҷумҳурӣ, инчунин бақайдгирии муҳити сукунати ҳайвоноти ваҳшии ба Китоби сурх дохилшуда;
- беҳтар намудани ҳолати муҳити сукунати намудҳои олами ҳайвонот дар ҳудуди ҳар як ноҳия;
- ташкили иншооти ҳифзшаванда оид ба ҳифз ва барқарорсозии намудҳои ҳайвоноти нодири азбайнрафтаистода ва намудҳои сайдшавандаи ҳайвоноти ваҳшӣ;
- таъмини обанборҳои моҳипарварии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон бо намудҳои моҳиҳои зудафзоишёбандаи аз ҷиҳати иқтисодию экологӣ фоидаовар;
- пурзӯр намудани муҳофизати макони афзоишёбии олами ҳайвонот, бахусус, намудҳои нодиру азбайнрафтаистода ва кӯчанда;
- баҳодиҳии вазъи мавҷудияти намудҳои гуногуни моҳӣ дар кӯлҳои табиии Тоҷикистон;
- таъмини шароити табиӣ барои нигоҳдории муҳити сукунат, инкишофёбӣ ва дастрасӣ ба ғизо барои олами ҳайвоноти нодиргавазни бухороӣ, ғизол ва гӯсфанди кӯҳии помирӣ (архар);
- таъмини таҷҳизоти мушоҳидавӣ (хонаҳои наворгирӣ, таҷҳизоти наворгирии фазоӣ (дронҳо)-и идорашаванда, видеокамераҳо, фотоаппаратҳо) ва гузаронидани мониторинги биологии олами набототу ҳайвоноти нодири ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва арзёбии экологии онҳо;
- таъмини амнияти биологии бузи пармашохи кӯҳӣ (морхӯр) ва барқароркунии популятсияи табиии он дар Мамнуъгоҳи табиии давлатии "Дашти Ҷум" ва экосистемаҳои табиии Тоҷикистон;
- ташкили парки табиии давлатӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои бузҳои пармашохи кӯҳӣ (морхӯр);
- бастани шартномаҳо ва созишномаҳо бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи намудҳои ба Китоби сурх дохилшуда;
- аз ҳисоби фоидаи шикори байналмилалӣ ва сайёҳии экологӣ беҳтар кардани чорабиниҳои биотехникӣ ва зиёд намудани саршумори ҳайвоноти шикоршаванда.
9. БЕҲТАР НАМУДАНИ ВАЗЪИ ЗАХИРАҲОИ ИСТИРОҲАТӢ (РЕКРЕАТСИОНӢ)
49. Табиати зебо, иқлими мусоид ва манзараҳои истироҳатӣ ба рушди шабакаҳои сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Бо мақсади беҳтар намудани захираҳои истироҳатӣ ва ҳудудҳои нави махсус муҳофизатшаванда амалисозии тадбирҳои зерин муҳим аст:
- беҳтар намудани ҳолати ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи мавҷуда ва ташкили боғҳои нави миллӣ, таърихӣ-табиӣ;
- бақайдгирии иншоот ва ҳудудҳои нодири табиӣ, ба онҳо додани мақоми махсус муҳофизатшаванда;
- зиёд намудани мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои хурд бо ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ;
- барқароркунии низоми мониторинги ҳайвоноти нодири табиати ёбоӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;
- муайян намудани минтақаҳои паҳншавии биосенозҳои нодир ва таҳияи усулҳои муҳофизати онҳо дар мамнуъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ, боғҳои таърихию табиӣ ва минтақаҳои нодири табиӣ;
- таҳияи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани вазъи экологии Мамнуъгоҳи давлатии "Бешаи палангон";
- барқарор кардани минтақаи муҳофизатии атрофи Мамнуъгоҳи давлатии "Бешаи палангон" ва гузаронидани экспертизаи экологии лоиҳаҳои азхудкунии мамнуъгоҳҳо;
- таҳия ва нашри Харитаи геоботаникии набототи Тоҷикистон;
- таҳия намудани шаклҳо ва тартиб додани феҳристи минтақаҳои нодири табиӣ, додани шиноснома ва мақоми муҳофизатшаванда ба онҳо;
- азхудкунии минтақаҳои нави истироҳатӣ дар ҳавзаи обанборҳои неругоҳҳои барқи обии "Норак", "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2" ва "Роғун".
10. БЕҲТАР НАМУДАНИ ВАЗЪИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲО
50. Дар Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2014, №505 тасдиқ шудааст, ҳалли масъалаи муносибат бо партовҳои хатарноки радиоактивӣ пешниҳод гардидааст. Ба солимгардонии партовҳои маҳфузгоҳҳои калонтарин, воқеъ дар шаҳри Истиқлол ва шаҳраки Деҳмой (наздикии шаҳри Хуҷанд) аҳамияти бештар дода мешавад. Бо ҷалби маблағҳои кумаки беруна лоиҳаи коҳиш додани амалисозии партовҳои хатарноки радиоактивӣ амалӣ мегардад.
51. Партовҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пеститсидҳои муҳлати истифодаашон гузашта дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Вахш ба ҳолати нисбатан бехатар табдил дода шуданд. Бо ҷонибдории Фонди глобалии экологӣ, фондҳои дигари байналмилалӣ ва ташкилотҳо нақшаи дар оянда коҳиш додани таъсири ин партовҳо ва нобудсозии моддаҳои устувори органикӣ тартиб дода шуда истодааст.
52. Афзоиши аҳолӣ, рушди саноат, вусъатёбии сохтмон ва зиёдшавии нақлиёт боиси ташаккули намудҳои гуногуни партовҳо гардидааст. Тайи 10 соли охир корҳо дар самти баҳисобгирии ташаккулёбии партовҳои саноатӣ ва истеъмолӣ ҳисоботҳои оморӣ пеш бурда намешаванд. Аз рӯйи баҳодиҳии мутахассисон ҳар сол дар Тоҷикистон аз 1 то 2 млн тонна партовҳои истеъмолӣ ва маишӣ ташаккул меёбанд. Дар корхонаҳои саноатӣ 200 млн тонна партовҳои истеҳсолӣ ҷамъ гардидаанд. Масоҳати умумии зери майдони ҳамаи партовҳо 1100 гектарро ташкил медиҳад, ки асоси онро партовҳои саноати коркарди кӯҳӣ ташкил дода, то 300 гектар замин зери партовҳои сахти маишӣ қарор доранд.
53. Асоси ташаккули партовҳои саноатиро корхонаҳои металлургии (сурма, алюминий, тилло, нуқра, сурб) саноати кимиёвӣ, нассоҷӣ ва озуқаворӣ ташкил медиҳанд. Корхонаҳо аз 5 фоиз то 50 фоизи партовҳои худро коркард менамоянд. Фаъолияти истеҳсолӣ ва партовҳои саноатӣ, аз ҷумла партовҳои радиоактивӣ, асосан дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд мавҷуданд. Дар ин ҷо (то соли 1990) аз ҳама зиёд, то 1 млн тонна маъдан дар як сол истеҳсол карда шудааст. Дар тӯли ним аср дар 10 маҳфузгоҳ зиёда аз 55 млн тонна партовҳои радиоактивӣ ҷамъ гардидааст.
54. Қисми бештари ин партовҳо дар мавзеи Деҳмой ва дар шафати шаҳри Истиқлол ҷамъ гардидаанд. Гард ва буғи ин объектҳо бо сабаби надоштани таҷҳизоти ҳимоявӣ ва партовҳои хатарноки онҳо метавонанд ба масофаҳои дур интиқол ёбанд ва боиси расонидани таъсири номатлуб ба саломатии аҳолӣ ва ифлосшавии замин гарданд. Анбору маҳфузгоҳҳои партовҳои таҷҳизониданашуда ҳангоми сел хатари рахнашавӣ доранд. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 коркарди уран қатъ гардид ва аз ҳамин давра нигоҳдории маҳфузгоҳҳо масъалаи ҷиддиро ба миён овардааст. Дар ҳолати кунунӣ дар шимоли кишвар беҳдошти ҳолати объектҳои муҳимтар ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
55. Дар давраи шӯравӣ истифодабарии пеститсидҳо ба як гектар то ба 20-40 кг рост меомад. Дар замони имрӯза истифодабарии пеститсидҳо ба як гектар аз 10 то 100 маротиба кам гардидааст. Пеститсидҳо метавонанд дар хок ва обанборҳо солҳо ҷамъ шуда, нигоҳ дошта шаванд ва боиси расонидани таъсири манфӣ ба саломатии одамон ва системаҳои экологӣ гарданд.
56. Партовгоҳҳои пеститсидҳо ва химикатҳои куҳнашуда партовҳои хатарноктарин буда, мушкилоти мураккабро ба миён меоранд. Миқдори онҳо 10-15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин намуди партовҳои хатарнок дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Вахш воқеъ мебошанд.
57. Ҳар сол дар шаҳри Душанбе 250-270 ҳазор тонна ва дар шаҳри Хуҷанд 50-60 ҳазор тонна партовҳо ташаккул ёфта, ба партовгоҳҳо кашонида мешаванд, ки бо ин сабаб ва ҳаҷми партовҳо сол то сол зиёд мегардад.
58. Дар партовгоҳи партовҳои маишӣ партовҳое, ки хатарнокиашон хеле баланд мебошанд, ба монанди батареяҳои аккумуляторӣ, плита ва қубурҳои асбестӣ, маҳлулкунандаҳо ва ашёи кимиёвии рӯзгор, партовҳои симобдор низ ҷойгиронида мешаванд.
59. Барои ташкили раванди мониторинг ва арзёбии муомилот бо партовҳо амалисозии корҳои зерин зарур аст:
- мутобиқ намудан ва рушд додани заминаи қонунгузорие, ки ҷамъоварӣ ва идоракунии иттилоотро ба танзим медарорад;
- ҷорӣ намудани омори миллӣ оид ба идоракунии партовҳо ва захираҳои такрористеҳсолшаванда;
- ташкил намудани низоми ягонаи ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва пешниҳод намудани иттилоот оид ба нишондиҳандаҳо ва индикаторҳои мувофиқашуда дар соҳаи идоракунии партовҳо;
- дастгирӣ ва рушди сохтори институтсионалӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба мониторинг ва иттилооти партовҳо;
- баланд бардоштани сифати иттилоот бо роҳи ҷорӣ намудани индикаторҳои рушди устувор ба низоми ҳисоботи оморӣ;
- рушд додани технологияҳои муосири иттилоотӣ барои таъмин намудани дастрасӣ ба иттилоот ва паҳн намудани он;
- такмили ҳамоҳангсозии байниидоравӣ байни сохторҳои масъул, ташкилотҳо ва иштирокчиёне, ки дар мониторинги амалишавии стратегияи миллӣ иштирок мекунанд;
- муайянкунии усулҳои нави меъёрҳои ҳосилшавии партовҳои сахти маишӣ;
- барӯйхатгирии партовгоҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- ба танзим даровардани майдонҳои партовгоҳҳои минтақавӣ барои ҷойгирони партовҳо ва ҷудо кардани қитъаҳои замин барои ин мақсадҳо;
- беҳтар намудани сифати ҷамъоварии маълумот оид ба партовҳо ва барқароркунии ҳисоботи 2ТП-партов.
11. ЧОРАБИНИҲО ОИД БА СОЛИМГАРДОНИИ ВАЗЪИ ЭКОЛОГӢ БО МАҚСАДИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ
60. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ чун давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон низ фавти барвақтӣ ва ҳодисаҳои беморшавии аҳолӣ ба ифлосшавии ҳавои атмосфера ва сифати пасти об алоқаманд мебошад. Лоиҳаҳои беҳтар намудани ҳолати таъминоти об ва такрористифодакунии партовҳо дар Тоҷикистон ба тавсеаи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва паст гардидани сатҳи беморшавӣ, аз ҷумла дар байни кӯдакон мусоидат намуд.
61. Миқдори гуногуни навъҳои воситаҳои нақлиёт ва зиёд гардидани воситаҳои нақлиёти заминӣ сабаби асосии ифлосшавии ҳаво дар шаҳрҳои калон гардидааст. Ҳамзамон, ба ин ҳолат сифати пасти сӯзишворӣ (бо таркиби баланди сулфур) ва нақлиёти автомобилии куҳна мусоидат намуда истодааст. Аҳолии деҳот ба сифати сӯзишворӣ ҳезум, ангишт, поруи хушк ва пояи пахта (ғӯзапоя)-ро истифода мебаранд, ки ба сифати ҳавои дохили ҷойи истиқомат таъсири ҷиддӣ мерасонад.
62. Дар кишвар беморшавӣ вобаста аз таъсири асбест, ки то ҳол ба рӯйхати бемориҳои касбӣ шомил нагардидааст, вале маълум аст, ки облӯлаи асбестӣ ва материалҳои болопӯш, махсусан, асбобҳои кимиёвӣ ҳангоми васлкунӣ бе воситаҳои ҳимояи боэътимоди шахсӣ метавонанд ба саломатии инсон хатари ҷиддӣ эҷод намоянд.
63. Металлҳои вазнин, ба монанди сурб ва симоб, ҳатто дар ҳолати бевосита метавонанд ба рушди системаи асаби кӯдакон таъсири худро расонанд. Бинобар сабаби даст кашидан аз истифодаи сӯзишвории этилдор (бензин) партовҳои сурб кам гардидаанд, вале дар ҷойҳои истифодаи ифлоскунандагони қадимаи дорандагони металлҳои вазнин ба саломатии инсон хатар эҷод мешаванд.
64. Як қатор объектҳои нигоҳдории партовҳои саноатии шимоли Тоҷикистон сарчашмаи хатар ба муҳити зист мебошанд. Ҳамзамон, гарду чанги ифлос тавассути шамол мегузарад ва моддаҳои хатарнок метавонанд ба хок афтида, онро олуда гардонанд ва ҳангоми боришоти сахти борон ба болои замин баромада ҷорӣ мешаванд.
65. Ҷиҳати солимгардонии вазъи экологӣ бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
- таҳлили тақсимоти ҳудуди минтақаҳои ноҳияҳо вобаста ба нишондодҳои умумии фавти одамони синну сол ва ҷинсҳои гуногун, сабабҳои он;
- таҳлили беморшавии кӯдакони таваллудшуда дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ вобаста ба ҳолати экологӣ;
- тавсияҳо оид ба паст кардани таъсири омилҳои манфии экологӣ ба саломатии аҳолӣ ва вазъи демографӣ;
- таъмини иҷрои пайвастаи нақшаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба таъмини бехатарии об дар соҳаи обтаъминкунии хурд дар саросари кишвар.
12. БЕҲТАР НАМУДАНИ ВАЗЪИ ЭКОЛОГӢ ДАР САНОАТ
66. Мавҷудияти иқтидорҳои бойи энергетикии мамлакат аз ҷумлаи омилҳои калидии рушди соҳаи саноат ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне, асосан, бо истифода аз неруи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯйи ҳиссаи истеҳсоли энергияи "сабз" ҷойи шашумро ишғол менамояд. Тоҷикистон аз рӯйи кам будани партови газҳои гулхонаӣ низ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад.
67. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи саноати коркард аз 6,9 млрд сомонии соли 2014 то ба 13,5 млрд сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд, ки зиёдшавии он нисбат ба соли 2014 1,9 баробар, ё 6,6 млрд сомонӣ афзудааст.
68. Афзоиши маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи саноати коркард, асосан аз ҳисоби зерсоҳаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла нӯшокиҳо ва маҳсулоти тамоку аз 3,3 млрд сомонии соли 2014 то ба 4,9 млрд сомонӣ дар соли 2019, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз 1,3 млрд сомонии соли 2014 то ба 2,5 млрд сомонӣ дар соли 2018, истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ аз 0,9 млрд сомонии соли 2014 то ба 2,3 млрд сомонӣ дар соли 2018 ва истеҳсоли металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ аз 0,9 млрд сомонии соли 2014 то ба 2,7 млрд сомонӣ дар соли 2019 ба назар мерасад.
69. Новобаста аз пешравиҳо дар соҳаи саноат, мушкилоти ҳалталаби зерин боқӣ мондаанд:
- ақибмонии техникӣ ва технологӣ, дараҷаи баланди фарсудашавии таҷҳизоти саноатию кишоварзӣ;
- сатҳи нокифояи рушд ва рақобатпазирӣ, инчунин гуногуннамудии саноати коркард;
- норасоии мутахассисони баландихтисос, ба монанди менеҷерони сатҳи болоӣ ва дараҷаи миёна;
- сатҳи нокифояи ҳамгирогии дохилисоҳавӣ, байнисоҳавӣ ва байниминтақавӣ, рушд наёфтани муносибатҳои кластерӣ.
70. Риояи талаботи экологӣ ҳангоми ҷойгир кардани иншоотҳо, ҷорӣ намудани хатҳои технологии гуногун, муомилот бо партовҳои саноатӣ ва рушди соҳаи сохтмон бо усулҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошад:
- муайян намудани шиддатнокии майдони электромагнитӣ дар ҳудуди шаҳрҳои калон ва иншоотҳои хоҷагии халқ, ки аз қувваи барқ васеъ истифода мебаранд;
- таҳлили экологии корхонаҳо ва такмили усулҳои муомилот бо партовҳо дар муҳити зист;
- гузаронидани таҳлилҳо оид ба ташаккул, безараргардонӣ ва истифодаи партовҳои саноатӣ ва таҳияи пешниҳодҳо доир ба муомилот бо партовҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати Алюминийи Тоҷик", заводҳои сементбарорӣ ва ғайра;
- ҷорӣ намудани технологияи коркард ва истифодаи такрории партовҳои саноатӣ, аз ҷумла партовҳои саноати маъдани кӯҳӣ, сохтмонӣ ва безараргардонии партовҳои маишӣ дар пойтахт, марказҳои маъмурии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо;
- сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолӣ доир ба коркарди партовҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент;
- сохтмони партовгоҳҳои намунавӣ барои безараргардонӣ, гӯркунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Турсунзода, Кӯлоб, Исфара ва ноҳияи Ёвон;
- таҳияи пешниҳодҳо доир ба рушди шаҳрсозӣ дар минтақаҳо бо дар назар доштани талаботи экологӣ.
13. БЕҲТАР НАМУДАНИ ВАЗЪИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРӢ ТАВАССУТИ ТАҲИЯИ МАСЪАЛАҲОИ АСОСИИ ЭКОЛОГӢ
71. Беҳтар намудани вазъи экологии ҷумҳурӣ тавассути таҳияи масъалаҳои асосии экологии зерин амалӣ карда мешавад:
- таҳлили экологию иқтисодии ноҳияҳо ва таҳияи дурнамои тағйирёбии вазъи экологӣ;
- таҳлил ва арзёбии иқтидори захиравӣ-иқтисодии ноҳияҳо ва талафи иқтисодӣ аз ифлосшавии муҳити зист;
- ноҳиябандии муҳандисию геологии минтақаҳо барои мутобиқкунонии минбаъдаи истифодаи онҳо;
- таҳқиқи омилҳои физикӣ (ғулғула, радио, мавҷҳои электромагнитӣ), ки ба муҳити атроф, саломатии одамон, ҳайвонот, парандагон ва ҳашарот таъсир мерасонанд ва таҳияи тавсияҳо оид ба кам кардани онҳо;
- татбиқ намудани барномаи ҳисоботдиҳии рақамӣ, назорати фаъолияти нозирон, роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ;
- ташкили минтақаҳои нави истироҳатию фароғатӣ дар шаҳрҳо ва атрофи онҳо ҳангоми таҳияи нақшаҳои генералӣ;
- таъсиси низоми иттилоотии геологӣ тибқи меъёрҳои экологӣ;
- таҳияи шиноснома-феҳристи ҳудуд ва минтақаҳои намунавӣ бо мақсади пешгӯии ҳодисаҳои табиии хатарнок;
- таҳияи нақшаҳои ноҳиявии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои хатарноки экологии имконпазир;
- таҳияи принсипҳои амаликунандаи нақшаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва таҳлили иттилоотии экологӣ барои таҳия ва амалигардонии чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист дар сатҳи ноҳиявӣ ва ташкили системаи зудамали назоратӣ оид ба ҳолати манбаъҳои ифлоскунандаи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;
- ташкили заминаи илмии стратегияи ошкор намудани хатари экологӣ, арзёбии сатҳи хатар, пешгирӣ ва ё кам кардани таъсири омилҳои ба саломатӣ зараровар;
- таҳияи харитаи пиряхҳо, барӯйхатгирӣ ва феҳристи ҷараёни селҳо.
14. МЕХАНИЗМҲОИ ИҚТИСОДИИ БЕҲТАР НАМУДАНИ ВАЗЪИ ЭКОЛОГӢ
72. Мақсади асосии ҷорӣ намудани механизмҳои иқтисодии истифодабарии сарватҳои табиат аз танзими муносибати байни истифодабарандагони табиат ва риояи меъёрҳо, стандартҳо ва истифодаи оқилонаи табиат, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ иборат мебошад.
73. Тадбирҳои иқтисодии беҳтар кардани вазъи экологӣ аз инҳо иборатанд:
- таҳлил ва арзёбии иқтидори захиравию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва зарари иқтисодӣ аз ифлосшавии муҳити зист;
- таҳияи тавсияҳо дар сатҳи ноҳиявӣ оид ба такмили механизми иқтисодии истифодаи оқилонаи табиат, ҳифз ва беҳтар намудани вазъи муҳити зист, тандурустии аҳолӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба худидоракунии маҳаллӣ ҷиҳати такмили механизми истифодабарии табиат.
15. МУТОБИҚШАВӢ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
74. Иқлим зери таъсири омилҳои зиёд арзи вуҷуд намуда, тағйирёбанда мебошад. Таъсири инсон ба иқлим ва системаи дигаршавии он аён ва хатарнок аст. Истеҳсоли қувваи барқ ва истифодаи намудҳои канданиҳои зеризаминӣ (ангишт, нафт, газ), рушди соҳаҳои мухталифи саноат ва сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт барои зиёд шудани таъсиррасонӣ ба иқлим бинобар зиёдшавии партовҳои газҳои гулхонаӣ мусоидат мекунад.
75. Газҳои асосии гулхонаӣ ин гази дуоксиди карбон (СО2), метан (СН4) ва оксиди азот (N2O) мебошанд. Қисми зиёди партови газҳои гулхонаӣ дар миқёси ҷаҳонӣ дуоксиди карбон буда, зиёда аз 65 фоизро ташкил медиҳад. Дар солҳои 2016-2021 партовҳои глобалии СО2 - 35 млрд тонна дар як сол ва якҷо бо газҳои дигари гулхонаӣ 50 млрд тоннаи СО2-ро бо эквиваленти солона ташкил медоданд.
76. Дар Тоҷикистон манбаи асосии партовҳои газҳои гулхонаӣ кишоварзӣ (чорвопарварӣ ва истифодабарии нуриҳо), истеҳсоли семент ва алюминий, истифодабарии сӯзишворӣ дар нақлиёт, саноат, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва корхонаҳои энергетикӣ маҳсуб меёбанд. Қисми ками ихроҷи партовҳо аз партовгоҳҳои партовҳои истеъмолӣ ба вуҷуд меоянд.
77. Партовҳои газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон камтар аз 1 тонна СО2 барои як нафари аҳолӣ мебошад (бо дарназардошти ҳамаи газҳои гулхонаӣ аз рӯйи эквиваленти СО2). Аз соли 2010 то соли 2015 ҳаҷми онҳо қариб тағйир наёфтааст, вале зиёд шудани аҳолӣ, талабот ба энергия ва маводи хӯрокворӣ дар оянда метавонанд ба зиёд шудани партовҳо оварда расонанд. Кишоварзӣ калонтарин манбаи партовҳои аммиак ва газҳои гулхонаии Тоҷикистон (63 фоизи ҳаҷми умумии партовҳои СН4 ва N2O) ба шумор меравад.
78. Пешгӯйии партови газҳои гулхонаӣ то соли 2030 дар ҳисоботи миллии мамлакат дар бораи иҷрои Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим дарҷ гардидааст. Бо дар назар доштани зиёд шудани истихроҷ ва истифодабарии ангишт дар саноат, энергетика ва ҳаёти зист, инчунин рушди кишоварзӣ дар назар аст, ки партовҳои газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон зиёд мегардад, аммо аз сатҳи соли 1990 ҳаҷмашон боло намеравад. Пешгӯйии партовҳо дар рафти тараққиёти мамлакат, гуфтушунидҳои байналмилалӣ ва чораҳои ҳифозатии иқлим аз нав дида баромада мешавад.
79. Беҳтар намудани вазъи тағйирёбии иқлим дар ҷумҳурӣ тавассути таҳияи масъалаҳои зерин мукаммал гардонида мешавад:
- мутобиқгардонии соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ (кишоварзӣ, ҷангал, энергетика, тандурустӣ, масъалаҳои гендерӣ ва ғайра) ба раванди тағйирёбии иқлим ва манфиатдории вазорату идораҳои ҷумҳурӣ;
- вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо Бунёди глобалии экологӣ бо мақсади ҷалби сармоя ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои тағйирёбии иқлим дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ;
- таъмини амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳадафҳои Рушди Устувор марбут ба рафъи пайомадҳои тағйирёбии иқлим;
- таҳияи ҳисоботҳои чорум ва панҷуми Гузориши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим;
- омода намудани ҳисоботи дусолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба инвентаризатсияи газҳои гулхонаӣ мутобиқи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим;
- мониторинги ҷараёни тағйирёбии нишондиҳандаҳои агрометеорологӣ;
- муайян намудани низом ва реҷаи ягонаи иттилоотии стансияҳои агрогидрометеорологӣ, ҳавосанҷӣ ва обуҳавосанҷӣ;
- таҳия намудани Нақшаи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим.
16. РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ
80. Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба захираҳои табиӣ ва омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳои дурдаст вобастагӣ дорад. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ дар 10 соли охир сайёҳии экологӣ яке аз намудҳои устувори рушд ва фоиданок дар мамлакатҳои рушдёфта ба ҳисоб меравад.
81. Натиҷаҳои омӯзиши иқтидори сайёҳии мамлакат нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ (93 фоиз қӯҳҳо) дорои имконияти зиёд барои рушди соҳаи сайёҳии экологӣ мебошад, ки асоси онро табиати нодир, манзараҳо, обҳои мусаффо, кӯлҳо ва сарчашмаҳои обҳои шифобахш, боғҳо, наботот ва ҳайвоноти нодир ташкил медиҳанд.
82. Иқтидори иқтисодии сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон бемаҳдуд аст, вале барои ташаккул ва рушди он маблағгузории муайян ва хароҷоти мақсаднок зарур аст. Таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои сайёҳии экологӣ имкон медиҳад, ки дастрасии гӯшаҳои нодири табиӣ барои сайёҳон таъмин карда шавад.
83. Барои ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар иншооти сайёҳии экологӣ фароҳам овардани шароити зарурӣ манфиатбахш аст. Парки миллии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон манбаи муҳимтарини рушди сайёҳии экологӣ мебошад.
84. Тоҷикистон ватани пиряхҳои калонтарин, дарёҳои мусаффои кӯҳӣ, кӯлҳои кӯҳии зеботарин ва дорои олами наботот ва ҳайвоноти нодир мебошад.
85. Дар кишвар самтҳои муҳимми сайёҳии экологӣ - сайёҳии санаторию курортӣ ва истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ, варзиши кӯҳӣ, сайёҳии экологӣ ва таърихӣ, варзиши лижаронии кӯҳӣ ва шикори байналмилалӣ муайян гардидаанд.
86. Барои рушди беҳтари сайёҳии экологӣ ҳалли масъалаҳои зерин зарур мебошад:
- таҳияи нақшаи генералии паркҳои миллӣ, мамнуъгоҳҳои давлатӣ бо мақсади ташаккули инфрасохтор барои сайёҳии экологӣ дар ҳудуди минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда;
- рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳии экологӣ;
- таҳияи нақшаи рушди устувори сайёҳӣ дар Тоҷикистон;
- ташкили феҳристи мавзеъҳо барои сайёҳии экологӣ;
- таҳия ва пешниҳоди хатсайрҳо оид ба сайёҳии экологӣ.
17. ТАКМИЛ ДОДАНИ ТАҲИЯ ВА ҚАБУЛИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
87. Ҷиҳати расидан ба мақсадҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ҳамоҳангсозии меъёру қоидаҳои фаъолияти хоҷагидории истифодабарандагони табиат, ки риояи онҳо иҷрои талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зисти ҷумҳуриро таъмин мекунанд, муҳим аст.
88. Меъёр ва қоидаҳои ҳифзи муҳити зист метавонанд баҳри амалӣ гаштани нишондиҳандаҳои қонунгузорӣ дар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки ҳангоми истихроҷ, истеҳсол ва истеъмоли маҳсулот (энергия, техникаи нав, масолеҳ, моддаҳо ва ғайра) ва инчунин ҷойгир кардан, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ ва сабукии истифодаи иншооти амалкунанда истифода бурда мешаванд, мусоидат намоянд.
89. Консепсияи меъёру қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар таъмини мувофиқати фаъолияти истифодабарандагони табиат ба мавҷудияти объективонаи қонунӣ ва рушд ёфтани муҳити зист зоҳир мегардад.
90. Бо сабаби болоравии талабот ба идоракунии истифодабарии муҳити зист зарур аст, ки заминаи боэътимоди қонунгузорӣ барои меъёру қоидаҳо ва стандартҳо бо дар назар доштани таҷрибаи пешқадами идоракунии истифодаи табиат фароҳам оварда шавад.
91. Бо мақсади такмил ва ба низом даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист чунин тадбирҳо пешниҳод мегардад:
- таҳияи усулҳои қабул ва асосноккунии меъёр ва стандартҳои ҳифзи муҳити зист, ки дастовардҳои муосири техника ва технология, ҳамчунин хусусиятҳои табиатро дар бар гирифта, тартиби таҳия, экспертиза, мувофиқа ва татбиқи меъёр ва стандартҳоро дар фаъолияти амалӣ муайян менамояд;
- ба минтақаҳои ҷудогона тақсим кардани ҳудуди ҷумҳурӣ бо мақсади бамеъёрдарорӣ ва стандартикунонии фаъолият оид ба ҳифзи табиат бо дар назар доштани хусусиятҳои истифодаи хоҷагиҳои минтақа ва хусусиятҳои табиии тобовар ба таъсиррасонии гуногуни фаъолияти инсон;
- мутобиқкунонии стандартҳои сифат ба конвенсияҳои байналмилалӣ.
18. МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА МОНИТОРИНГИ РАФТИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
92. Барнома бо роҳи иҷрои Нақшаи амали Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 ва 2026-2028 таъмин карда мешавад.
93. Маблағи умумӣ барои амалисозии Барнома дар ҳаҷми 204 млн 350 ҳазор сомонӣ муайян шудааст, ки он аз ҳисоби сарчашмаҳои сармоягузории дохилию хориҷӣ, маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор ва маблағҳои шарикии бахши давлатию хусусӣ амалӣ карда мешавад. Сарчашмаҳои асосии маблағгузории Барнома иборат аст аз:
- маблағҳои суратҳисоби махсус - 30 млн 650 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои бахши хусусӣ - 71 млн 750 ҳазор сомонӣ;
- маблағҳои шарикони рушд - 101 млн 950 ҳазор сомонӣ.
94. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои таъмини Барнома бо роҳи ҷалби маблағгузориҳои муштарак, ташкили шароити институтсионалӣ барои шарикони бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ширкат дар амалисозии Барнома масъул мебошанд.
95. Ҳалли масъалаҳои асосии таъмини амнияти экологии мамлакат бо роҳи истифодаву сафарбаркунии захираву имкониятҳои идоракунии давлатӣ ва минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, инчунин созмонҳои байналмилалии донорӣ имконпазир аст.
96. Барои амалигардонии Барнома ҷалб ва ҳамоҳангсозии кумаки беруна, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, зарур аст.
97. Айни замон дар амалигардонии лоиҳаву грантҳо вобаста ба масъалаҳои экологӣ ва рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, Комиссияи иқтисодии Аврупо ва дигар донорҳо иштирок менамоянд.
98. Барои ноил шудан ба мақсад ва самтҳои афзалиятноки Барнома вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҷалби кумаки беруна тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
99. Нишондиҳанда, мониторинг ва арзёбии амалигардонии Барнома - мониторинги мунтазам ва баҳодиҳии иҷрои Барнома воситаи самараноки назорати ҷараёни амалисозии он ба шумор рафта, барои қабули қарорҳои зарурӣ ва саривақтӣ ба воситаи ворид намудани тасҳеҳот дар Нақшаи амали Барнома мусоидат мекунанд.
100. Дар асоси маълумоти мониторинги Барнома арзёбии самаранокии он мунтазам амалӣ карда мешавад. Дар ҷараёни баҳодиҳии мазкур таҳлили мушаххаси натиҷаҳо ва дастовардҳо гузаронида шуда, камбудиву норасоиҳои иҷрои чорабиниҳои Барнома муайян мегарданд.
101. Дар асоси натиҷаҳои бадастомада оид ба имкониятҳои алтернативии фаъолияти минбаъда, азнавтақсимкунии захираҳо, беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва қонеъ гардонидани чашмдошти ҷомеа қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд.
Рӯйхати ихтисорот
АБЗО Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АИК Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
АМИТ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АХҶ Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВА Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВК Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВМИ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВМКБ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
ВН Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВСТН Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВТҲИА Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ВЭЗО Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
КВД ХМК Корхонаи воҳидии давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"
КДИЗГ Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
КДСИАД Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
КҲМЗ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КҲФМГ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
КМС Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КРС Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КТР Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
МИҲД Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ
СГ Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ХНДБКССК Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2023, № 53
Нақшаи амали солҳои 2023-2025-и Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028
Ниг. ба Замима