Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, № 53 "Дар бораи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028

 

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи амали солҳои 2023-2025-и Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он чораҳои дахлдор андешида, оид ба иҷрои онҳо ҳар сол то 1 декабр ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 январ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 1 марти соли 2023, № 53

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Государственной экологической программе Республики Таджикистан на 2023 -2028 годы

В соответствии с статьи 4 и 12 Закона Республики Таджикистан "О стратегическом планировании и государственном прогнозировании" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Государственную экологическую программу Республики Таджикистан на 2023-2028 годы и План действий 2023-2025 годов Государственной экологической программы Республики Таджикистан на 2023-2028 годы (приложения 1 и 2).

2. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять соответствующие меры по выполнению настоящей Программы и Плана её действий и ежегодно до 1 декабря представлять информацию, об их выполнении Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан.

3. Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно до 1 января представлять информацию о выполнении настоящей Программы и Плана её действий в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                          Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 1 марта 2023 года №53