ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амали солҳои 2023-2025-и Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи маблағҳои ҳамасола ба Вазорати энергетика ва зихираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷудошаванда ва маблағҳои грантӣ ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он чораҳои дахлдор андешида, оид ба иҷрои онҳо ҳар сол то 1 январ ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи амали он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 марти соли 2023, № 51