ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк""
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"" таъсис ва ҳайати шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"" тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
2. Низомномаи шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"" тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз натиҷаи фаъолияти шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"" ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти заруриро пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 марти соли 2023, № 45
ш. Душанбе,
аз 1 марти соли 2023, № 45
...