Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1993, № 288 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ШӯРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Масъалаҳои Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

I. Низомномаи пешниҳодшудаи Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

Теъдоди ходимони мақомоти гумруки ҷумҳурӣ дар ҳудуди 985 воҳид аз он ҷумла дастгоҳи марказӣ 315 воҳид (бо хадамоти шаҳрии Душанбе) муқаррар карда шавад.

Ба Раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки чор ҷонишин, аз ҷумла, як ҷонишини аввал дошта бошад.

Ба Раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки ҷадвали штатии дастгоҳи марказӣ ва мақомоти маҳаллӣ, маошҳои хизматиро бе баҳисоб гирифтани меъёрҳои амалкунанда ва таносуби шумораи кормандони роҳбарикунанда ва тарҳи маошҳои вазифавӣ тасдиқ намояд, инчунин ба сохтори дастгоҳи марказии Кумита дар ҳудуди шумораи муайянкунанда ва фонди пардохти музди меҳнат тағйироти зарурӣ дохил намояд.

2. Иловапулиҳои фоизии муқарраршуда барои хизмати дарозмуддат ба маошҳои хизматии ходимон, тартиби додани рухсатиҳо, додани рутбаҳои махсус ба ходимони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои № 1, 2).

3. Бо мақсади ҳимоя намудани манфиатҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, ташкил намудани шароити зарурӣ барои равнақи мубодилаи молии тиҷорати хориҷӣ ва дар заминаи ҳамин баланд бардоштани нақши хадамоти гумрук;

Кумитаи давлатии гумрук дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои манфиатдор, кумитаҳои иҷроияи Шӯрои маҳаллии депутатҳои халқ, маҷмӯи чораҳои амалиро баҳри татбиқи сохтори гумрук, базаи моддии он, мукаммал сохтани базаи техникии гумрук, тайёр намудани кадрҳо, аз ҷумла дар хориҷа мувофиқи вазифаҳои сифатан нави сиёсати гумрукӣ пешбинӣ намояд.

Омори ягонаи давлатии гумрук таъсис дода шавад ва барои ин мақсадҳо ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъдошта, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ, шакли моликият ва мақоми ҳуқуқиашон, бояд декларациякунонии молҳои воридотию содиротӣ ва дигар намуди амволро дар мақомоти гумрукӣ дар маҳалли интиқол ва қабули молҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

Вазорати нақлиёти автомобилӣ ва дигар ташкилотҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳои воридотию содиротири барои ҳамлу нақл танҳо баъди декларациякунонӣ ва аз тафтиши гумрукӣ гузаштани онҳо, қабул намоянд.

Ба мақсади пешбурди кори гумрукӣ ва ободонии минтақаҳои назорати гумрукӣ, мутобиқи моддаи 12 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаи Душанбегии роҳи оҳани Осиёи Миёна, Ширкати ҳавоии "Тоҷикистон" ба мақомоти Кумитаи давлатии гумрук дар муассисаҳои алоқа, роҳҳои оҳан ва майдонҳои ҳавоӣ, барои коркарди гумрукии борҳо, тафтиши шахсии мусофирон, бағоҷ ва муросилоти почтавӣ, ба таври бепул ҷойҳои махсус, хонаҳои хизматӣ ва истиқоматӣ, ки бо васоили алоқа муҷаҳҳаз мебошанд ва ҳамчунин механизмҳои заруриро диҳанд.

Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти зикргардида дар мӯҳлати 3 моҳ маҳалҳои ҷойгиркунии минтақаҳои назорати гумрукиро муайян намояд.

4. Вазорати савдою захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи номенклатураи дахлдор мувофиқи талабномаҳо дар ҳудуди 50 воҳид воситаҳои нақлиёт, аз онҳо 10 воҳид дар соли 1093, диҳад.

Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарсола бо тартиби муайяншуда, ба Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои пешбиниҳои тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ меъёрҳои маблағгузориҳои асосӣ ва манбаҳои бопултаъминкунии онҳоро барои сохтмон, азнавсозии объектҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, харидории таҷҳизот, воситаҳои техникию нақлиёти автомобилӣ ва ғайра пешбинӣ намоянд.

5. Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеии онро бо шабакаҳои алоқаи телефонӣ, телекс, телетайп, бо дарназардошти ташкили шабақаҳои маҳаллии компютерӣ таъмин намояд.

6. Нуқтаҳои убури содда аз сарҳади давлатӣ, ки дар қарамрави ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд, инҷунин захираҳои молӣ барои нигоҳдории онҳо ба баланси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд.

7. Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе масъалаи ба Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон додани биноҳо барои ҷойгир намудани дастгоҳи марказӣ, анборҳо, устохонаҳо барои тармими марказонидашудаи техникаи тафтишоти гумрукӣ ва сохтмони таҷҳизоти ғайристандартии гумрукӣ, қитъаи замин барои сохтмони хоҷагии автомобилиро баррасӣ намояд.

8. Кумитаи иҷроияи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои сохтмон ва азнавсозии нуқоти убур аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иншооти инфраструктурии ин нуқот ва инчунин иншооти инфраструктурии гумрукӣ дар ноҳияҳои дурдасти сарҳадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла комплекси ташхиси гумрукии борҳо ва биноҳои хизматӣ, қитъаҳои замин диҳанд.

9. Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ташкилотҳои нақлиётӣ, Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо тамоми нуқтаҳои убурро, ки аз тариқи онҳо роҳҳои байналхалқӣ, автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва дарёӣ мегузаранд, таҳқиқ намоянд. Дар асоси ин дар муҳлати 3 моҳ барномаҳои мушаххаси ободонии нуқоти мазкурро тартиб дода,тасдиқ намоянд.

Доир ба масъалаҳое, ки қарори Ҳукумати ҷумҳуриро талаб менамоянд, ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод карда шаванд.

10. Барои ҳамаи гурӯҳҳои ходимони мақомоти гумрукӣ санҷиш ташкил карда, либоси махсуси низомӣ муайян карда шавад.

Рӯихати мансабу шахсони аз санҷиш гузарандае, ки ҳуқуқи пӯшидани либоси махсусро доранд аз ҷониби Кумитаи давлатии гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Табел ва шароитҳои таъмини ҳайати роҳбарон, ходимон ва мутахассисон бо либос, инчунин меъёрҳои додани либосу пойафзоли махсус ба ходимони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи замимаи №3, 4 тасдиқ карда шавад.

11. Кумитаи давлатии гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо яроқҳои оташфишон ва воситаҳои махсус мувофиқи замимаи № 5 таъмин карда мешавад.Муқаррар карда шавад, ки истифадаи яроқи оташфишон ва воситаҳои махсус аз тарафи ходимони мақомоти гумрукӣ мувофиқи тартиби пешбиникардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милиция" анҷом дода мешавад.

Роҷеъ ба ин масъала ба Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи фармон пешниҳод карда шавад.

Низомномаи тартибу шартҳои адои хизмат дар мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаи № 6).

12. Мувофиқи моддаи 155 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи давтатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди махсус, аз ҷумла фонди арзи хориҷӣ барои инкишофи базаи моддию техникӣ, таъмини барномаи иҷтимоӣ ва кӯмаки моддӣ барои ходимони хадамоти гумрукӣ ташкил карда шавад. Низомнома дар бораи фонди мазкур мувофиқи замимаи №7 тасдид карда шавад.

Барои инкишофи базаи моддию техникии гумрукҳо ба Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки таҷҳизот ва дигар амволро, ки дар асоси қарори додгоҳҳо ва мақомоти гумрукӣ оид ба корҳои қочоқбарӣ ва қонушиканиҳои қоидаҳои гумрук мусодира карда шудаанд ва инчунин мувофиқи қарорҳои дигари додгоҳҳо ва гумрук ба моликияти давлати табдил дода шудаанд, тибқи қонунгузории ҷорӣ харидорӣ намоянд.

13. Қарорҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.01.92 № 14 "Дар бораи ташкили Сарраёсати назорати гумрукии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон", аз 10.06.1992 № 221 "Масъалаҳои ташкил ва фаъолияти хадамоти гумрукӣ дар ҷумҳурӣ" ва аз 09.07.1992 № 247 "Дар бораи дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Идораи бозрасии давлатии назорати содироти сарватҳои молию моддӣ" аз эътибор соқит дониста шаванд.

Раиси

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон                          А. Абдуллоҷонов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Р. Мирзоев

ш. Душанбе,

22 июни соли 1993, № 288